Ду сол пеш рӯзноманигор Гулнора Амиршоева аз як дӯстдори оддии ҳайвоноти хонагӣ ба муҳофизи сарсахти сагу гурбаҳои бесоҳиб табдил ёфт ва ҳазорон одамони ҳамфикрро ба худ ҷалб кард. Вай аз ин иқдоми худ даст кашиданӣ нест, ҳатто дар давраи эпидемияи COVID-19, ки Тоҷикистон онро ба сахти аз сар мегузаронад. Хусусан, дар чунин шароит, ки маҳз алҳол хатарҳои нав ба ҳайвонҳои кӯчагӣ таҳдид мекунанд.
Соли гузашта сардабири “Вечерка” -Гулнора Амиршоева ҳолати нохушеро аз сар гузаронид: гурбачаи маллаи зебояш – Кузя аз тирезаи хона, аз ошёнаи панҷум ба замин афтод. Гурба зинда монд, аммо комилан сиҳат набуд. Гулнора ӯро чанд моҳ нигоҳубин кард ва ба қавле аз он дунё баргардонд. Аз ғаму андӯҳи худ дар постҳояш дар Facebook ва Instagram менавишт ва артиши чандҳазораи муштариёнаш ҳар рӯз интизори хабарҳо дар бораи Кузя буданд. Вақте Гулнора дар ниҳоят гурбаро ба по хезонд, вай дар тирезаҳояш тӯр гузошт ва боз як гурбачаи дигар ҳам гирифт.
Гулнора ҳайвонотро дӯст медорад ва ҳатто ба он гурбаҳо ва сагҳое, ки бахташон начандон омад кардааст, ки аз ҷумлаи ҳайвонҳои ӯ бошанд, кӯшиш дорад. ки кумак кунад. Дар Тоҷикистон барои онҳо хеле душвор аст: дар кишвар паноҳгоҳҳои махсус барои ҳайвоноти бесоҳиб вуҷуд надоранд, ягон созмоне нест, ки онҳоро ҳифз кунад, қонунгузории махсус вуҷуд надорад ва сокинони шаҳрҳо одатан хеле кам ҳайвонҳои хонагӣ мегиранд.
Ду сол қабл Гулнораро ба гурӯҳе дар Viber дохил карданд, ки дар он одамоне муттаҳид шуда буданд, ки ба тақдири ҳайвоноти бесоҳиб бепарво нестанд. Якчанд нафар дар атрофи худ аудиторияи хурдеро ҷамъ карда буданд, ки маблағ ҷамъ мекарданд ва бо ин маблағ саг ва гурбаҳои маъюб ва беморро парасторӣ мекарданд, онҳоро эм мекарданд, паразитҳояшонро нест мекарданд, безарар мегардониданд ва баряшон соҳиб ҷустуҷӯ мекарданд. Дар ин гурӯҳ Гулнора на танҳо дар бораи кори валантёрҳо маълумот гирифт, балки бори дигар ба бераҳмии одамон итминон ҳосил намуд: ҳар рӯз фаъолон ҳайвонҳои азиятшударо пайдо мекарданд ва дар бораи онҳо ҳикояҳои ғамангез нақл мекарданд. Гулнора тасмим гирифт, ки дигар хомӯш будан бас аст.
– Он вақт қарор додам, ки бояд ин мушкилотро ба майдони иттилоотӣ кашем, то мардум бидонанд, ки вазъият чи гуна аст. Ман ҳикояе дар бораи саги бесарпаноҳ навиштам, видеоҳо ба навор гирифтем ва лонгрид нашр кардем. Сипас он ситораҳоеро, ки ҳайвонҳои хонагӣ доранд, ҷалб кардем, онҳоро аксбардорӣ кардем ва аксҳоро дар тақвими махсус чоп кардем. Тақвимро фурӯхтем ва пулро ба фаъолон тақдим кардем, – ба хотир меорад Гулнора.
Ин маъракаи иттилоотӣ таҳти шиори “Онҳо низ мехоҳанд дар Душанбе зиндагӣ кунанд” баргузор шуд ва аз мадди назар дур намонд: ба ғайр аз «Вечерка», рӯзноманигорони дигар ва блогнависҳо дар бораи мушкилоти гурбаҳо ва сагҳои бесарпаноҳ ба навиштан шурӯъ карданд, шумораи фаъолон меафзуд, аксияҳои нав ба амал меомаданд ва ҳайвонҳои хонагӣ маъмултар мегаштанд. Бояд гуфт ки, ҳами ин маъракаро «Вечёрка» аз ҳисоби худ гузаронд.
Моҳи сентябри соли 2019 Гулнора ва Зулфия Голубева бо лонгриди «Қиссаи саги душанбегӣ» дар Озмуни Осиёи Марказии MediaCAMP барои рӯзноманигорон дар номинатсияи «Вақти кӯмак аст» ҷои дуюмро ба даст оварданд.
– Ин барои мо як ангезаи хубе буд ва мо он вақт тасмим гирифтем: хуб, мо дар ҳамон рӯҳия идома хоҳем дод, мо ҳама корро дуруст карда истодаем, – мегӯяд Гулнора.
Чӣ гуна ЮНИСЕФ ба ҳайвоноти бесарпаноҳ кӯмак кард
Дар охири соли гузашта «Вечёрка» дастгирӣ ёфт. Аввалан, валантёрҳо саги шиканҷашудаеро наҷот доданд, ки кӯдакон гӯшҳояшро бурида буданд ва қариб ки пусти сарашро канда буданд . Саг якчанд амалиёти ҷарроҳии вазнинро аз сар гузаронд, аммо аз сабаби ҷароҳатҳои зиёд ношунаво шуд. Лучиано Калестини- роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон аз ин воқеа бохабар гашта аз ин саг дидан кард ва ба ӯ чунон писанд омад, ки дере нагузашта ӯро соҳиб шуд. Ва ба ӯ номи зебое доданд – Сюзи.
– Соли гузашта ҷаҳон 30-солагии қабули Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ҷашн гирифт ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба хабарнигорони маҳаллӣ борои пешниҳоди маводе, ки ба кӯдакон бахшида шуда бошад, муроҷиат кард. Мо каме фикр кардем ва тасмим гирифтем: чаро маъракаи иттилоотиеро роҳандозӣ накунем, ки меҳрубонтар шудана фарзандонамонро таблиғ кунад? Бо ҳамин ғоя дархост пешниҳод кардем ва азбаски дар ЮНИСЕФ медонистанд, ки кӯдакони мо воқеан ба он ниёз доранд, онҳо моро дастгирӣ карданд,- мегӯяд Гулнора.
Ҳамин тавр “Вечерка” маъракаи дуввуми иттилоотии “Мо метавонем дӯст дорем” -ро оғоз кард, ки дар он бо забони сода ба кӯдакон дар бораи ҳайвоноти бесарпаноҳ, дар бораи он ки чӣ гуна онҳо ба кӯмаки инсон ниёз доранд, нақл мекарданд . Баъдан ӯ барои Душанбе як чорабинии ғайриоддӣ баргузор кард: аз руй ҳикояи худ як намоиши театрии кӯдаконаро ташкил кард, тамошобинонро ба он даъват кард ва гуфт, ки одамоне, ки ҳайвонҳои хонагӣ доранд, метавонанд бо онҳо биёянд. Меҳмонхонаи «Hyatt Regency», ки дар он ҷо чорабинӣ баргузор шуд, идеяи Гулнораро дастгирӣ кард.
– Мо инчунин сагҳоеро, ки дар нигоҳубини муваққатӣ қарор доштанд ба ин чорабинӣ овардем ва якчандтоашон соҳибони хуб дар он ҷо пайдо карданд, – мегӯяд Гулнора.
Бояд қонунгузориро тағйир дод
Пас аз он ки ташкилотҳои калони байналхалқӣ ба ҳайвоноти бесарпаноҳ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд, Гулнора боз ҳам бештар ба корҳои худ бовар пайдо кард. Ва вақте Интернюс дарТоҷикистон озмуни грантҳо барои лоиҳаҳо оид ба ҷалби аудиторияҳоро эълон кард, вай дархости худро бо идеяи тақвият ва густариши ҷомеаи фаъолон ва ҳамзамон ба ҳайвоноти бесарпаноҳ дар сатҳи системавӣ кӯмак расониданро пешниҳод кард. Дархости ӯ дар миёни беҳтаринҳо қарор гирифт ва дар озмун ғолиб омад.
– Ин алакай маъракаи саввум барои ҳифзи ҳайвонот аст, аммо ин дафъа он боз ҳам ҷиддитар хоҳад буд. Шарики мо дар ин лоиҳа – ташкилоти ҷамъиятии маъруфи «Пешсаф» мебошад, ки солҳои дароз дар соҳаи ҳифзи муҳити зист кор мекунад, онҳо ҳуқуқшиносони қавӣ ва ботаҷриба доранд ва дар якҷоягӣ бо онҳо мо ният дорем, ки ба қонунгузорӣ тағйирот ворид кунем, – шарҳ медиҳад Гулнора.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ, тибқи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои куштан ё шиканҷаи ҳайвонот ҷаримаҳои хурд пешбинӣ шудаанд. Пас аз таҳлили вазъ, «Вечёрка» дар якҷоягӣ бо «Пешсаф», махсусан бо ҳуқуқшинос ва ҳамоҳангсози барномавии ин созмон -Умедҷон Улуғов, ба мақомоти қонунгузории Тоҷикистон, Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон бо пешниҳоди бозбинии қонун муроҷиатнома омода кардаанд.
Дар муроҷиатномаи омодашуда якчанд банд оварда шудааст, ки метавонанд вазъи ҳайвонҳои бесарпаноҳро, дар мисоли кишварҳои ҳамсоя, беҳтар созанд. Масалан, муаллифон пешниҳод мекунанд:
– қонун «Дар бораи ҳайвонҳои хонагӣ» қабул карда шавад, ки тартиби муносибат ба онҳоро пешбинӣ кунад, аз ҷумла ташкили паноҳгоҳҳоро;
– мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба татбиқ ва назорат дар соҳаи муносибат бо ҳайвоноти хонагӣ муайян карда шавад (доштани ҳайвоноти бесарпаноҳ,нигоҳубини онҳо, тақсимот, безараргардонӣ ва нигоҳдорӣ дар хонаҳои махсус (приют);
– барои парондан ва куштани ҳайвонҳои бесарпаноҳ мамнуъияти комил муқаррар карда шавад (ба истиснои ҳолатҳои алоҳида ва танҳо дар доира ахлоқи инсонӣ).
– Мо аллакай тақрибан ду ҳазор одам дорем, ки омодаанд ба ин муроҷиатнома имзо кунанд, аммо мо намехоҳем онро онлайн интишор кунем, зеро ягон петитсияи онлайнӣ дар Тоҷикистон муваффақ нашудааст. Мо нақша дорем, ки имзоҳоро шахсан ҷамъоварӣ кунем. Дуруст аст, ки лозим меояд ин кор баъд аз эпидемияи коронавирус, ки Тоҷикистон бо он дучор шудааст, анҷом дода мешавад, – мегӯяд Гулнора.
Илова бар ин муроҷиат рӯзноманигорон дар ин лоиҳа ба эҷод кардани контент дар бораи ҳифзи ҳайвоноти бесарпаноҳ идома медиҳанд, видеоҳо нашр мекунанд, мақолаҳо менависанд, муроҷиатҳо ва кортҳои ташвиқкунанда барои шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар шакли интерактивӣ интишор мекунанд. Қаҳрамонони ин мавод – ҳайвонҳои бесарпаноҳ аз паноҳгоҳҳо дар Душанбе ва Хуҷанд мебошанд, ки фаъолон бо қувваи худашон ташкил кардаанд ва аз ҳисоби хайрияҳои онҳо вуҷуду доранд.
– Аз сабаби коронавирус, ҳоло барои ҳама -барои мо низ мушкил аст. Аввалан, дар Тоҷикистон, чун дар дигар кишварҳо, овозаҳои беасос дар бораи он паҳн шуд, ки ҳайвоноти хонагӣ интиқолдиҳандаи COVID-19 буда метавонанд ва ин боис гашт, ки онҳоро ба кӯча партоянд. Дуввум ин ки ба хотири мардуми мо омад, ки равғани сагро як вақтҳо барои табобати бемориҳои шуш истифода мебурданд ва ҳоло онро ҷустуҷӯ мекунанд. Ва агар талабот вуҷуд дошта бошад, он вақт пешниҳод пайдо хоҳад шуд. Ба замми ин, ҳоло ҷобаҷо кардани сагҳо мушкил шудааст, ҳоло мардум дар ғами чизҳои дигаранд. Аммо мо даст кашидан наметавонем, мо онҳоро тарк намекунем, – мегӯяд Гулнора.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.