Барои истеҳсоли муҳтаво дар солҳои 2020-2021 дар чорчӯби барномаи MediaCAMP ду баробар бештар пул ҷудо карда хоҳад шуд

Интернюс дар Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи MediaCAMP ҳаҷми дастгирии молиявии тарҳҳоро барои истеҳсоли муҳтаво афзун карда, шакли корро низ тағйир медиҳад. Дар охири соли 2020 ва аввали соли 2021 барои истеҳсоли муҳтаво маблағи бештар ҷудо карда мешавад.

Мо мехоҳем, ки расонаҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бештар муҳтавои баландсифат – барномаҳои телевизионӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои мустанад, лонгридҳо, подкастҳо, веб-докҳо, достонҳои мултимедиявӣ, таҳқиқотҳо, лоиҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҷод кунанд. Мо мехоҳем, ки ВАО ба таври ҳирфаӣ – дар платформаҳои гуногуну форматҳои мухталиф, бо истифода аз абзорҳои муосир ва ҷалби аудитория – дар бораи ҷанбаҳои мубрами ҳаёти кишварҳои худ, дар бораи мушкилот, дастовардҳо ва қаҳрамонҳо қисса кунанд.

Барои самаранок кардани раванди истеҳсолот ва ҳамкорӣ, тими мо тасмим гирифт, ки шакли корро тағйир дода, тарҳҳоро ба якчанд гурӯҳ тақсим кунад:

• Озмуни тарҳҳои калони дарозмуддат таҳти унвони “Формати калон”;

• Ва ду озмуни тарҳҳои кӯтоҳмуддат таҳти унвони «Формати хурд.  Даври I “,  “Формати хурд. Даври II “.

Озмуни «Формати калон»

Ин озмун барои тарҳҳои калону “дарозмуддат”, аст, ки даврӣ, мунтазам, буда, як чизи устуворро дар бар мегирад. Тарҳҳои монанд чӣ буда метавонанд? Масалан:

• Роҳандозии расона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё бахши махсус дар сомонаи мавҷуда; Ташкили барномаҳои телевизионӣ;

• Истеҳсоли силсила-маводҳо дар бораи мушкилоти хеле муҳим (форматҳо, жанрҳо ва мавзуъҳо метавонанд ҳар хел бошанд);

• Филми мустанад (бо репортажи махсус омехта накунед).

То чанд муддат метавонад тарҳ идома ёбад? Аз шаш то 12 моҳ, аммо тарҳҳо бояд то охири соли 2021 ба анҷом расанд.

Ки метавонад иштирок кунад? Ҳуҷҷатҳо аз тимҳои ботаҷрибаи Қазоқистону Тоҷикистон, ки аллакай пойгоҳ ва ғояи хуб доранд, қабул карда мешаванд; донистани чӣ гуна аудиторияи васеъро ҷалб кардан ва ба устувории минбаъда диққат додан. ВАО-и ғайридавлатӣ, нашрияҳои интернетӣ, рӯзномаҳо, студияҳои истеҳсолӣ ё гурӯҳҳои муаллифони мустақил (рӯзноманигорон, вебнависон) метавонанд ширкат варзанд. Аммо мо мехостем, ки ширкатҳои телевизионӣ ва филмноманависони касбӣ ба ин озмун таваҷҷуҳи хосса зоҳир кунанд.

Эълони “Формати калон” моҳи ноябри соли 2020 дар сомонаҳои Internews алоҳида нашр карда мешавад. Дар он шартҳо ва буҷа муфассал баён карда мешавад.

Дар доираи “Формати калон” инчунин дастгирии лоиҳаҳои байнидавлатӣ (истеҳсоли муштараки муаллифон аз Қазоқистон ва / ё Тоҷикистон ва / ё Ӯзбекистон) имконпазир аст. Агар шумо дар бораи чунин як тарҳи минтақавии ду кишвар тасаввуроте доред, лутфан пеш аз пешниҳоди дархост ба мо нависед:

production.mediacamp@gmail.com.

Озмуни “Формати хурд”

Лоиҳаҳои хурд гуфта, мо як лонгрид, гузоришҳои махсус ва ё силсила-мақолаҳо, силсила-наворҳоро (формату жанрҳо ва мавзуъҳои дилхоҳ) дар назар дорем.  

То чанд муддат метавонед тарҳ идома ёбад? Аз як то 6 моҳ.

Ки метавонад иштирок кунад? Расонаҳои ғайридавлатӣ, нашрияҳои интернетӣ, рӯзномаҳо, ширкатҳои телевизионӣ, радио, студияҳои истеҳсолӣ ё муаллифони мустақил (рӯзноманигорон, вебнависон) аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд ширкат варзанд.

Мо озмуни “Формати Хурд”-ро ду маротиба баргузор мекунем:

• Дар охири моҳи ноябр – аввали декабри соли 2020 (даври I),

• Аввали 2021 (даври II).

Барои ҳар як озмун, мо инчунин эълони алоҳида бо маълумоти муфассал дар сомонаҳоямон нашр мекунем. Хабарҳои моро дар Newreporter.org, Media.tj ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ кунед.

Агар шумо мехоҳед чизеро дақиқ кунед, метавонед ба почтаи электронии production.mediacamp@gmail.com бо нишон додани мавзуъи мактуб: “Савол дар бораи озмуни “Формати калон” ва ё “Савол дар бораи тарҳҳои минтақавӣ” бинависед.

Тими Internews дар Осиёи Марказӣ ду сол аст, ки пай дар пай истеҳсоли муҳтавои ватаниро дастгирӣ мекунад. Дар ин муддат расонаҳо, нашрияҳо, вебнависон, рӯзноманигорони мустақил зиёда аз 65 тарҳ амалӣ карданд: ин тақрибан 3000 мавод (мақолаҳо, подкастҳо, веб-сериалҳо, филмҳои мустанад ва ғайра) мебошанд, ки тақрибан 20 миллион маротиба хонда, тамошо ва гӯш карда шудаанд.

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз тарафи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дастгирӣ мешавад, амалӣ мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *