Озмун барои ширкат дар тарҳи Internews – «Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ» барои расонаҳои Қазоқистону Тоҷикистон

Соли 2021, марҳилаи сеюми тарҳи “Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ” дар доираи барномаи MediaCAMP баргузор мешавад. Ҳадафи асосии ин кӯмак ба расонаҳои мустақили Қазоқистону Тоҷикистон дар эҷод ва рушди шабакаи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ мебошад.

Мо то шаш созмони расонаиро дар ҳар як кишвар дастгирӣ хоҳем кард.

Дар ҷараёни тарҳ ин қисмҳо пешбинӣ шудаанд:

  • Дастгирии молиявӣ барои ҳамоҳангсози шабакаи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ.
  • Грант барои пардохти ҳаққи ширкаткунандагон дар марҳилаи аввал.
  • Мураббигии фосилавӣ барои ҳамоҳангсозони шабакаи муқарраршуда.
  • Таълими фосилавии ширкаткунандагони шабака.

Дар озмун расонаҳои ғайридавлатии Қазоқистону Тоҷикистон, ки ба рушди шабакаҳои рӯзноманигорони шаҳрвандии худ ва тавсеаи мавзуъҳои манбаъҳо манфиатдоранд, метавонанд ширкат кунанд.

Дар соли 2021, лоиҳа ба таҳкими ҳамкории байни ширкаткунандагону эҷоди ташаббусҳои муштараки ВАО нигаронида шудааст. Агар шумо ягон ғояе дошта бошед, ки ба ин мувофиқат кунад, лутфан онро дар асос шарҳ диҳед.

Дар тӯли ду сол 22 васоити ахбори омма аз Қазоқистону Тоҷикистон, имкони беназире пайдо карданд, ки муаллифон, ғояҳо ва ҳикояҳоро аз маҳалҳои гуногуни аҳолинишину минтақаҳои мухталиф пайдо кунанд.

Екатерина Назаренко, Петропавловск.нюс, иштирокчии тарҳи «Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ», Петропавловск, Қазоқистон:

«Ҳайати нашрия бо шарофати рӯзноманигорони шаҳрвандӣ метавонанд мушкилоти деҳот, ки қисми аудиторияи доимии расонаро дар бар мегирад, ҳал кунад. Зеро ин саволи мубрам мебошад. Вақте ки рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар бораи ҳаёти худ сӯҳбат мекунанд, ман ҳамчун муҳаррир, мавзуъҳоеро мебинам, ки бояд қисса карда шаванд”.

Олга Колоколова, куратори рӯзноманигорони шаҳрвандӣ, «Наша газета» ng.kz, иштирокчии тарҳи «Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ», Костанай, Қазоқистон:

«Ман шахсан аз он илҳом мегирам, ки самаранокии иттилоияҳои шаҳрвандӣ хеле баланд аст. Дар шароити онҳо, бетаъхирии назар ва набудани хастагӣ аз ҷониби салоҳияти нашрия зиёд мешавад”.  

Хуршед Атовулло, сармуҳаррири нашрияи «СуғдНюс», иштирокчии тарҳи «Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ», Душанбе, Тоҷикистон:

«Деҳаи Яғнобро тасаввур кунед – ин дар ноҳияи Айнӣ, шимоли Тоҷикистон аст, ки дар баландии 2,5 ҳазор метр ҷойгир аст. Роҳ дар он ҷо бо сабаби барфрезӣ қариб шаш моҳ дар сол баста аст. Ва мо дар бораи он, ки чӣ гуна одамон дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, чизе намедонем. Ин гуна ҷойҳо дар Тоҷикистон хеле зиёданд. Аз ин рӯ, мо рӯзноманигорони шаҳрвандиро дар он ҷо меҷӯем”.

Махпора Киромова, куратори рӯзноманигорони шаҳрвандӣ, гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс», Душанбе, Тоҷикистон:

“Дар посух ба саволи “Чаро шумо мехоҳед рӯзноманигори шаҳрвандӣ шавед”, аксари довталабони мо навиштанд, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон чизеро дигар сохта, мушкилоти кишварро ҳал кунанд. Яъне, мардум рӯзноманигорро ҳамчун шахсе дарк мекунанд, ки метавонад чизеро тағйир диҳад. Мардум ба қудрати сухан боварӣ доранд”.

Дар бораи муваффақиятҳои ширкаткунандагони тарҳ дар солҳои 2019-2020 дар ин ҷо бихонед.

Чӣ гуна дархост фиристодан мумкин аст?

  1. Номаи асоснок нависед ва ба саволи чаро расонаи шумо узви тарҳи “Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ” шавад, посух диҳед.
  2. Шакли онлайнии дархостро то 14-уми декабри соли 2020, то соати 24:00 бо вақти Душанбе пур кунед.

Internews на дертар аз 21-уми декабри соли 2020 қарор қабул мекунад., Довталабон дар бораи натиҷаҳо тавассути почтаи электронӣ, на дертар аз 25-уми декабри соли 2020 огоҳ карда мешаванд.

Оид ба ҳамаи саволҳо лутфан ба ин суроға муроҷиат кунед:

Қазоқистон – kz-info@internews.org
Тоҷикистон – tj-info@internews.org

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *