Дар расонаҳои муосир дар бораи хаёти ҳаррӯзаи сокинони водии баландкӯҳи Ғунди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалан чизе намегӯянд. Барои расидан ба ин деҳаҳо, шумо бояд қариб як рӯзро сарфи роҳ кунед, ки бештари он ба роҳҳои морпечи хатарноки кӯҳӣ рост меояд. Бо ин ҳол баъзан одамон дилсӯз ба хотири ҷамъ кардани қиссаҳои ҷолиб ба ин водӣ экспедитсия ташкил мекунанд. Муҳаққиқ ва блогнавис Мадина Саидшоева ва рӯзноманигору фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Шамъигул Аминова аз ҷумлаи чунин одамон мебошанд.
Мадина ва Шамъигул чанд сол пеш дар “Маҳфили рӯзноманигорони ҷавон”, ки аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Хуршед» ташкил шуда буд ва Шамъигул роҳбари он мебошад, шинос шуда буданд.
– Маҳфили худро дар Хоруғ баргузор кардем ва Мадина яке аз иштироккунандагони фаъол буд. Аз ин рӯ, вақте ки вай бо идеяи таҳияи лоиҳаи фарҳангии чарогоҳҳо дар водии Ғунди Помир ба назди ман омад, ман розӣ шудам, ки ба ӯ кумак кунам, – мегӯяд Шамъигул, ки солҳои зиёд дар расонаҳои мухталифи Тоҷикистон кор кардааст.
Идеяи Мадина эҷоди як силсила барномаҳо дар мавриди рӯзгори мардуми деҳоти водии Ғунд буд, ки шеваи суннатии зиндагии гузаштагони садҳо сол пеши худро ҳифз кардаанд. Ҳамроҳ бо Шамъигул лоиҳае навишта, дар як озмуни грантӣ барои тавлиди муҳтавои ватанӣ, ки Интернюс дар Тоҷикистон баҳори имсол эълон карда буд, иштирок намуд ва бар асоси натиҷаҳои овоздиҳии мустақили доварон дар қатори ғолибон қарор гирифт. Дастаи хурде, ки аз шаш нафар иборат буд, бояд ҳафт қиссаи видеоӣ наворбардорӣ ва сипас, бо истифода аз ин наворҳо як филми ҳуҷҷатии кӯтоҳмуддате месохт. Даста тасмим гирифт, ки ҳамаи ин муҳтавоҳои худро дар саҳифаҳои созмони ҷамъиятии «Хуршед» дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой диҳад.
— Ман ба мардумшиносӣ (антропология) машғулам ва медонам, ки мутаассифона, олимони имрӯза ба фарҳанги чарогоҳии водии Ғунд кам эътибор медиханд. Дар бораи ҳаёти ин деҳаҳои баландкӯҳ ва дурдаст маълумот ёфтан хеле душвор аст. Муҳаққиқон то ҳол аз маълумоти ягона китоби донишманди рус Андреев бо номи «Тоҷикони водии Хуф» истифода мекунанд. Дар асл он амалан ягона ва асоситарин таҳқиқоти этнографии ҳаёт ва фарҳанги тоҷикони болооби Омударё мебошад, – мегўяд Мадина.
Дар баробари ин, таваҷҷуҳи сайёҳии байналмилалӣ ба Помир хеле зиёд аст. Ғайр аз ин, дар давраи пандемия ҷолибияти Бадахшон дар назари сайёҳони дохилӣ бештар шудааст.
— Ба сайёҳоне, ки ба Помир меоянд, дар бораи урфу одатҳои ин ҷойҳо маълумотҳои тоза лозим аст, бояд ба он чӣ ки дар он ҷо мебинанд, тайёр бошанд, то роҳат сафар кунанд. Умедворем, ки муҳтавои мо ба шумо кӯмак мекунад, ки каме бештар дар бораи ин минтақа маълумот гиред, – мегӯяд Шамъигул.
Дар экспедитсия ба водии Ғунд гурӯҳи наворбардорӣ дар ҳайати 5 нафар сафар карданд. Ба даста лозим омад, ки аз Душанбе бо мошин ба Хоруғ рафта, баъд боз 10 соати дигар ба сӯи рустоҳои водии Ғунд ҳаракат кунанд. Дар ин минтақа, ки мардумаш асосан ба чорводорӣ машғул аст нерӯи барқ ва алоқаи мобилӣ вуҷуд надорад. Мадина тавзеҳ медиҳад, ки аз оғози мавсими гармо чорводорони се ноҳияи Бадахшон – Шуғнон, Мурғоб ва Ишкошим рамаҳои худро ба чарогоҳҳои водии Ғунд мебаранд. Онҳо аз роҳҳои душвору хавфнок мегузаранд ва ҳар рӯз аз шаш то даҳ соат вақташонро дар роҳ сарф мекунанд.
— Сокинони деҳа ҳам чорводор буда, маҳсулоти ширии аз ҷиҳати экологӣ тоза — равған, қурут ва чакка истехсол мекунанд. Зиндагӣ дар он ҷо осон нест, масалан, яке аз қаҳрамонони мо пагоҳии барвақт аз хоб хеста, говро меҷӯшад. Рӯзе то 40 литр шир меҷӯшад, – шарҳ медиҳад Шамъигул.
Дар сюжетҳои ин лоиҳа сокинони оддии деҳа воқеан ҳамчун қаҳрамононе пайдо мешаванд, ки масалан, дар бораи чаронидани рамаи калони гов, аз пашми ҳайвонот ресмон тайёр кардан ё пухтани равғани хонагӣ гап мезананд. Муаллифони лоиҳа диққатро ба он ҷалб карданд, ки ҳаёти ҷамъияти маҳаллӣ чӣ тавр ба роҳ монда шудааст. Масалан, дар бораи давраи бачагӣ дар чарогоҳҳои тобистонӣ ҳикоя мекунанд.
Операторон ба ғайр аз одамон манзараҳои аҷоиберо, ки махсуси Помир ҳастанд низ ба навор гирифтанд. Филмбардории даста тавассути коптер низ анҷом шудааст, аз ин рӯ, “тасвирҳо”-и сюжетҳо ҷолибу диданӣ шудаанд.
– Воқеан, муҳтаво аз Помир, махсусан аз чунин ҷойҳои дурдаст дар интернет кофӣ нест, – иқрор мешавад Мадина. – Мутаассифона, дар деҳаҳои баландкӯҳ рӯзноманигоре нест, ки дар бораи чунин ҷойҳои нотакрор нақл кунад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.