Мадиброҳим Шарифов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Имрон”-и шаҳри Кӯлоб дар бораи ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам) намоиши театрӣ таҳти унвони “Ноумед нашавед” – ро ба саҳна гузошт. Ин намоиш дар бораи зане аст, ки дар як минтақаи дурдасти кишвар ҳаёт ба сар бурда, гирифтори ВНМО мегардад. Баъдан бо хушунати оилавӣ рӯ ба рӯ мешавад. Мақсад аз иҷрои ин лоиҳа, ба одамон расонидани он, ки дорандагони ВНМО ҳам метавонанд фарзандони солим ба дунё оранд ва ҳуқуқ ба зиндагии осоишта дошта бошанд. Намоиши «Ноумед нашавед» дар муассисаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб то ҳол идома дорад. Он дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, аз ҷониби аудитория хеле хуш пазироӣ мешавад.
Мадиброҳим Шарифов аз рӯйи ихтисос муаллими забони русӣ аст. Вай чанд сол қабл ҳам аз рӯйи ихтисосаш дар муассисаҳои миёна дарс мегуфт. Ҳамчун волонтер дар ташкилотҳои ҷамъиятие, ки бо ВНМО сарукор доштанд, ҳамкорӣ мекард. Ин буд, ки ҳоло роҳбари ТҶ “Имрон” аст ва фаъолияти кории ташкилоташ ба мавзуъи ВНМО бахшида шудааст.
“Ҳоло ҷомеа нисбат ба гирифторони ВНМО нармтар муносибат мекунад. Зиёд ташкилотҳо, фаъолиятҳо, грантҳое пайдо шудаанд, ки ба афроди гирифтори ВНМО кӯмак мекунанд, ба мисоли ташкилоти ҷамъиятии ман: дар ин бора чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем ва ин корҳо натиҷа дода истодаанд. Вале агар ба 10-12 сол пеш бингарем, мубталоёни ВНМО ба таҳқири оммавӣ гирифтор мешуданд”, -мегӯяд Мадиброҳим.
Ҳамин тариқ, Мадиброҳим лоиҳаеро таҳти унвони “Ноумед нашавед” навишта, ба озмуни грантҳо барои истеҳсоли муҳтавои ватанӣ “Формати хурд. Мавсими тобистона” пешниҳод намуд, ки Internews дар Тоҷикистон соли гузашта эълон карда буд. Ин идея ба ҳайати ҳакамони мустақили озмун писанд омад ва Мадиброҳим барои сабт кардани намоиши театрӣ дар мавзуъи ВНМО грантро ба даст овард.
Намоиши театрӣ дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кулоб, таҳти унвони “Ноумед нашавед” рӯйи саҳна омад. Мақсади намоишнома огоҳ кардани аҳолӣ аз роҳҳои интиқоли ВНМО ва пешгирии хатари муносибатҳои нобаробар нисбати занони гирифтори ин беморӣ мебошад. Шиори намоишнома “Ҳама баробаранд, новобаста ба чизе…” мебошад. Қисса дар бораи оилае аст, ки шавҳар муҳоҷири меҳнатӣ мебошад. Пас аз баргаштани шавҳараш ҳамсар ҳомиладор мешавад ва барои ташхис ба назди шифокор меравад. Пас аз супоридани хун маълум мешавад, ки зан гирифтори ВНМО шудааст. Баъдан ин зан ба хушунати оилавӣ ҳам рӯ ба рӯ мегардад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, гуфтаву муолиҷаҳои шифокоронро саривақтӣ иҷро мекунад ва фарзандашро солим ба дунё меорад.
“Мақсади мо ҳам аз иҷрои ин намоишнома дар он буд, ки ба мардум расонем: агар худи инсон мехоҳад чизеро дар зиндагиаш тағйир диҳад, ҳатман ин корро мекунад. Қаҳрамони мо ба хушунати оилавӣ нигоҳ накарда, бидуни дастгирии наздикон худро табобат кард, гуфтаи шифокоронро карду фарзандашро солиму сарбаландона таваллуд кард”, – қайд мекунад Мадиброҳим Шарифов муаллифи лоиҳа.
Намоиши театрӣ дар шабакаҳои иҷтимоии ташкилот дар Youtube ва Facebook нашр гардидааст. Ба гуфтаи Мадиброҳим, пас аз нашри намоиш дар шабакаҳои иҷтимоӣ саволҳову дархостҳои кӯмак хеле зиёд омадааст. Тамошобинон пас аз дидани намоиш қиссаҳои ба ин монанди дӯсту наздикон ва ё худашонро дар паёмакҳои саҳифа менавиштанд. Тамошои сабти намоишномаи театрӣ дар фейсбук қариб 9000 шудааст.
Умуман, ташкилоти ҷамъиятии “Имрон” ҳашт сол мешавад, ки бо гирифторони ВНМО кор мекунанд. Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, махсусан ба занону кӯдакони дорандаи ВНМО кӯмак мерасонанд. Ин намоиш ҳам аз қиссаи реалӣ гирифта шудааст.
“Дар намоиш албатта он қисмҳое ҳаст, ки аз ҳаёти нафароне мебошад, ки мо бо онҳо якҷоя кор кардаем ва боз он қисмҳое ҳаст, ки тахаюлианд. Вале бештари намоишнома аз зиндагии воқеии мубталоёни ВНМО сабт шудааст”, – гуфт Мадиброҳим. Ғайр аз таблиғи намоиш дар Интернет, муаллифи лоиҳа онро дар муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб тариқи офлайнӣ ҳам баргузор карда истодааст. Сабти намоишро Мадиброҳим дар муассисаҳои таълимӣ ҳам доир карда истодааст. Ҳама якҷоя ба толори намоиш ҷамъ меоянду қиссаро тамошо мекунанд. Як викторина низ дар мавзуъи ВНМО омода карда шудааст. Пас аз намоиш бо ширкаткунандагон дар ин мавзуъ саволу ҷавоб баргузор мешавад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.