Чӣ тавр Internews тавлиди муҳтаворо дар солҳои оянда дастгирӣ хоҳад кард

Internews дар доираи барномаи MediaCAMP, маблағгузории тавлиди муҳтавои ватаниро дар солҳои 2021–2022 идома медиҳад.

Ҳадафи мо тавсеа додани дастрасӣ ба муҳтавои гуногун ва босифати ватанӣ дар мавзуъҳои мубрам ва муҳими иҷтимоӣ барои шаҳрвандони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад.

Мо ба ВАО-и касбӣ дар амалӣ кардани лоиҳаҳо ба забонҳои миллӣ ва русӣ, дар майдонҳои гуногун, дар форматҳои гуногун бо истифода аз методҳои инноватсионии тавлид ва ҷалби аудитория дастгирии молиявӣ мерасонем.

Барои муайян кардани ғолибон, мисли солҳои қаблӣ, озмунҳо эълон карда мешаванд:

“Формати калон” – дастгирии лоиҳаҳои дарозмуддат ва калон бо аудиторияи васеъ. Давомнокии лоиҳаҳо то ҳашт моҳ аст. Озмун моҳи октябри 2021 эълон карда мешавад.

“Формати хурд” – дастгирии лоиҳаҳои инноватсионии кӯтоҳмуддат. Давомнокии лоиҳаҳо аз як то шаш моҳ аст. Озмун моҳи январи соли 2022 эълон карда мешавад.

Диққат кунед! Имсол, ба фарқ аз соли гузашта, озмуни Формати хурд танҳо як маротиба баргузор мешавад.

Озмуни нав!

Формати DOC – Дастгирии истеҳсоли филмҳои мустанад(ҳуҷҷатӣ). Давомдории лоиҳаҳо аз шаш то 11 моҳ аст. Ин озмун дар аввали соли 2022 баргузор мешавад.

Диққат кунед! Дар озмуни истеҳсоли филмҳои мустанад лоиҳаҳое иштирок карда метавонанд, ки муаллифон аллакай корҳои муқаддамотиро барои эҷоди сенария, ҷустуҷӯйи қаҳрамонон ва интихоби сабки визуалӣ анҷом додаанд. Ҳузури тизер барои филми оянда истиқбол мешавад.

Дар озмунҳо ВАО-и ғайридавлатӣ: нашрияҳои интернетӣ, телевизионҳо, истгоҳҳои радиоӣ, рӯзномаҳо, студияҳои истеҳсолӣ ё муаллифони мустақил (рӯзноманигорон, блогнависон) аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карда метавонанд.

Тафсилоти бештар дар бораи шартҳо, намудҳои тавлид, буҷет ва муҳлат  дар эълонҳо барои ҳар як озмун дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Newreporter.orgInternews.kzMedia.tj ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ кунед.

Агар ба шумо ягон чизро шарҳ додан лозим ояд, ба Central-Asia-Applications@internews.org нома нависед ва мавзӯъро нишон диҳед, масалан: “Савол дар бораи озмуни “Формати калон”.”

Гурӯҳи Интернюс дар Осиёи Марказӣ дар тули се сол ба тавлиди муҳтавои ватанӣ мусоидат мекунад. Дар ин муддат ВАО, редаксияҳо, блогнависон, рӯзноманигорони мустақил 173 лоиҳаро амалӣ карданд: яъне зиёда аз 4000 мавод (мақолаҳо, лонгридҳо, подкастҳо, веб-серияҳо, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва ғайра), ки бештар аз 40 миллион маротиба хонда, тамошо ва гӯш карда шудаанд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *