Ҳайати доварон натиҷаҳои озмуни грантҳоиInternews-ро барои эҷоди шабакаи журналистҳои шаҳрвандӣ ҷамъбаст карданд

Дар Қазоқистон ва Тоҷикистон  интихоби ғолибони озмуни грантҳо барои эҷоди шабакаҳои журналистҳои шаҳрвандӣ баргузор шуд. Барои ширкат дар озмун 21 дархост аз Қазоқистон (15 дархост) ва Тоҷикистон (5 дархост) пешниҳод шудаанд.

Ҳайати доварони байналмилалӣ иборат аз коршиносони ВАО аз Қазоқистон ва Тоҷикистон ба довталабон аз рӯи ҳафт меъёр баҳо доданд, аз ҷумла:

• устувории расона,

• таҷрибаи кор бо журналистҳои шаҳрвандӣ;

• асоси дақиқи зарурати таъсиси шабакаи журналистҳои шаҳрвандӣ дар ин расона/дар ин минтақа дар робита ба ноил шудан ба ҳадафҳои бахш,

• таҷриба дар таълими журналистҳо,

• доштани нақшаи ноил шудан ба устуворӣ берун аз дастгирии грантии Internews,

• омодагӣ ба омӯзиши журналистҳои шаҳрвандӣ,

• Мавҷудияти стратегияи дақиқ ҷиҳати ҷалб ва интихоби журналистҳои шаҳрвандӣ.

Рӯйхати ғолибон:

Точикистон

• «Азия-Плюс»

• Агентии иттилоотии «SugdNews»

• Истгоҳи радиоии «Пайванд»

Қазоқистон

• «Ҳаёти мо»

• Minber.kz

• ProTenge.kz

Ғолибон ҷоизаҳои зеринро дарёфт мекунанд:

• дастгирии молиявии ҳамоҳангсози шабакаи журналистҳои шаҳрвандӣ;

• грант барои пардохти ҳаққи аъзои шабака дар марҳилаи аввал;

• машварати фосилавӣ барои ҳамоҳангсозони шабакаҳои эҷодшуда.

Дар мавриди ҳамаи саволҳо ба нишонии зерин муроҷиат кунед:

Қазоқистон: kz-info@internews.org
Тоҷикистон: tj-info@internews.org

Лоиҳа дар чорчӯби Барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID) татбиқ мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *