Барои иштирок рӯзноманигорон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват мешаванд.
Курси “Community of Investigative Journalists” (Ҷомеаи рӯзноманигорони таҳқиқӣ) – омӯзиши амалии маҳоратҳои муосири таҳқиқоти журналистӣ ва далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.
Барнома аз ҷониби редаксияҳои Factcheck.kz ва “Vласть” таҳия шудааст. Давраи омӯзишӣ аз шаш тренинг иборат буда, машваратҳои роҳнамоиро дар бар мегирад. Дарсҳо дар формати гибридӣ – офлайн дар редаксияи Factcheck.kz барои иштироккунандагон аз Алмаато ва онлайн барои иштироккунандагон аз минтақаҳои дигар гузаронида мешаванд. Омӯзиш ба забони русӣ бегоҳирӯзӣ аз моҳи сентябр то моҳи октябри соли 2022 гузаронида хоҳад шуд.
Дар раванди омӯзиш, ширкаткунандагон бояд таҳқиқоти худро гузаронанд ва нашр кунанд. Хатмкунандагони муваффақтарин соҳиби шаҳодатнома (сертификат) шуда, бо истихдоми эҳтимолӣ барои коромӯзӣ дар редаксияи Factcheck.kz ва “Vласть” даъват карда мешаванд.
Тренерҳои курс – рӯзноманигорони таҳқиқгари бонуфузи байналмилалӣ ва қазоқистонӣ, инчунин далелсанҷҳо (фактчекерҳо) мебошанд.
Ба лоиҳа бар асоси озмун рӯзноманигорон аз Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ, ки мехоҳанд таҳқиқоти худро баргузор намоянд, даъват карда мешаванд. Теъдоди ҷойҳо маҳдуд аст.
Дархостҳо барои иштирок то 9 сентябр қабул карда мешавад. Барои пешниҳоди дархост шумо бояд пурсишномаро (анкета) пур кунед.
Баъд аз итмоми давраи омӯзишӣ хатмкунандагон барои мубодилаи таҷриба ва ҳамкорӣ ба чорабиниҳои пӯшида бо иштироки рӯзноманигорони таҳқиқгари касбӣ даъват хоҳанд шуд.
Ҳадафи лоиҳа – мусоидат ба рушди ҷомеаи рӯзноманигорони таҳқиқгар дар Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ мебошад.
Лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи рӯзноманигорони таҳқиқгар дар Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ” аз ҷониби Маркази байналмилалии журналистика “MediaNet” дар шарикӣ бо маҷаллаи интернетии “Vласть” амалӣ карда мешавад. Он ба туфайли кумаки мардуми Амрико тавассути Агентии рушди байналмилалии ИМА (ЮСАИД) имконпазир гардид ва дар чорчӯби Барномаи Осиёи Марказии MediaCAMP баргузор мегардад, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии ЮСАИД амалӣ карда мешавад. Маркази байналмилалии журналистика “MediaNet” барои муҳтавои он масъул мебошад, ки на ҳатман нуқтаи назари ЮСАИД ё Ҳукумати ИМА ва ё Internews-ро инъикос мекунад.
Вобаста ба ҳамаи саволҳои иловагӣ лутфан бо ҳамоҳангсози лоиҳа Снежана Тсой тамос гиред: snezhana.tsoy@medianet.kz