Internews блогерҳои навкорро ба курси омӯзишии ройгон бо Шоира Пулатова ва Рафаэл Гулов даъват мекунад

Internews дар Тоҷикистон блогерҳои эҷодкор ва баландҳимматро барои иштирок дар курси омӯзишии ройгон ҷустуҷӯ менамояд, ки дар он блогерҳои маъруфи тоҷик Шоира Пулатова ва Рафаэл Гулов ба сифати тренер ва ментор баромад мекунанд.

Ҳар шахс метавонад новобаста аз синну сол ва макони ҷойгиршавӣ барои иштирок дархост пешниҳод намояд – шумо метавонед аз ҳар гӯшаи Тоҷикистон бошед.

Курси омӯзишӣ аз чанд марҳила иборат аст:

  • чорабинии дурӯзаи таълимӣ, ки дар 19-20 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад
  • Онлайн-менторинги 7-рӯза оид ба истеҳсоли муҳтавои (контенти) ҷолиб дар форматҳои гуногун барои Instagram
  • Пешбурди 5-ҳафтаинаи корҳо ва аккаунтҳои иштироккунандагони фаъол дар Instagram

Дар тӯли курс иштироккунандагон ҳамчунин дар бораи мавридҳои зерин маълумот ба даст меоранд:

  • бренди шахсӣ чист ва чӣ гуна онро метавон дар Instagram сохт;
  • чӣ гуна метавон матнҳоро барои Instagram дуруст навист, то ки аудиторияи зиёдро ба аккаунт ва кори худ ҷалб намуд;
  • аз куҷо илҳом гирифтан мумкин аст ва кадом мавзуъҳо ҳоло ба сегменти тоҷикии Instagram ворид мешаванд;
  • чӣ гуна бояд видеоҳоро барои Instagram сабт ва монтаж кард ва сирри тамошои Reels дар чист;
  • чӣ гуна бояд таргетро (ҳадафро) дуруст оғоз кард ва сатҳи фарогирии худро афзоиш дод;
  • кадом меъёрҳои ахлоқиро таҳиягарон ҳангоми истеҳсол бояд риоя кунанд;
  • чӣ гуна блогерҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ бояд фаъолияти худро дуруст ба роҳ монанд ва аз он бидуни мушкилот пул кор кунанд

Курс комилан ройгон аст ва интихоб аз рӯи дархостҳо ва вазифаи аввали иҷрошуда гузаронида мешавад.

Хоҳишмандон бояд корҳои зеринро иҷро кунанд:

  1. дархостро дар шакли онлайн пур кунед
  2. дар аккаунти Instagram-и худ Reels ё акси эҷодкоронаро ҷойгир кунед, ки муаллифи он худи шумо ҳастед. Ин паём (пост) бояд эҷодкорӣ ва рӯйкарди эҷодии шуморо ба вазифа инъикос кунад. Шумо бояд онро бо тавсифи мухтасаре имзо кунед, ки чаро мехоҳед блогер бошед. Ва барои он ки мо  тавонем вазифаи иҷрошудаи шуморо пайдо кунем, фаромӯш накунед, ки дар тавсир #блогерснуля #MediaCAMP #instagrammable –ро илова кунед ва мо @internewstj ва тренерҳо/менторҳои моро @showshotime ва @rafaelgulov зикр намоед.

Қабули дархостҳо 15 август дар соати 20:00 ба вақти Душанбе ба охир мерасад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *