Интернюс дар Тоҷикистон ҳамоҳангсози лоиҳа ҷустуҷӯ мекунад

Менеҷери лоиҳа дастгирии логистикӣ (таъминотӣ) ва татбиқи лоиҳаи APRICOT (Таҷрибаҳои ҳисоботдиҳанда барои гузориш додани иттилоот дар бораи низоъҳо ҷиҳати коҳиш додани шиддат) дар Тоҷикистонро назорат мекунад. Вай барои он масъул аст, ки тамоми чорабиниҳои лоиҳа дар кишвар мувофиқи ҷадвали корӣ, ҳаҷми кор, ҳадафҳо ва буҷет анҷом дода шаванд; натиҷаҳои лоиҳа баррасӣ шаванд; коршиносони техникӣ муайян ва назорат шаванд; ва муносибатҳои баҳрагирандагон ва шарикон нигоҳ дошта шаванд. Менеҷери лоиҳа ба директори кишварии Internews дар Тоҷикистон ҳисобот медиҳад ва инчунин дар ҳамкории наздик бо менеҷери лоиҳаи APRICOT дар Қирғизистон, аз ҷумла иҷрои вазифаҳои минтақавӣ дар ҳолати зарурӣ кор мекунад.

УҲДАДОРИҲО ВА МАСЪУЛИЯТҲОИ АСОСӢ:

  • Таъмин намудани идоракунии барномавӣ, маъмурӣ ва логистикӣ (таъминотӣ) барои ҳама фаъолиятҳое, ки аз ҷониби лоиҳа дар кишвар дастгирӣ мешаванд.
  • Вазифаҳои асосӣ иборатанд аз: муайян кардан ва нигоҳ доштани робита бо расонаҳои маҳаллӣ, муҳаррирҳо (редакторҳо), журналистҳо, блогерҳо, шаҳрвандони фаъол ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла, мақомоти дахлдори давлатӣ; робита бо баҳрагирандагон, суханӯёни (спикерҳои) чорабиниҳо, тренерҳо ва иштироккунандагон; ҳамкорӣ бо кормандони лоиҳа дар дигар кишварҳо оид ба чорабиниҳои муштарак ё истеҳсол/пешбурди муҳтаво, аз ҷумла баррасӣ ва ҷамъбаст намудани ҳар гуна тадқиқоти дар доираи лоиҳа истеҳсолшуда; ва дигар масъулиятҳо.
  • Нигоҳ доштани робита ва ҳамоҳангии лоиҳа байни дастаи кишварии Тоҷикистон ва дастаи Қирғизистон.
  • Ҳамоҳангсозии масъалаҳои логистикии бакоргирӣ ва сафари тренерон, мушовирон ва иштироккунандагони чорабинӣ ва ҳангоми зарурат дар ҳамоҳангӣ бо ёварони лоиҳа ва менеҷери лоиҳа дар Қирғизистон. Уҳдадориҳо мумкин аст иборат бошанд аз: ёрӣ расонидан ба корҳои ташкилкунии сафар ва таъмини ҷои истиқомат, ҷамъоварӣ ва таҳияи маводҳо барои бакоргирӣ ва ғайра.
  • Назорат кардан аз болои кори ёвари лоиҳа, вогузор кардани вазифаҳо ва иҷрои саривақтӣ ва босифат.
  • Ба таври созанда кор кардан бо дастаи лоиҳа ва иштироккунандагон/ баҳрагирандагон, то идеяҳои муҳтаво ташаккул дода шаванд ва кафолат додани он, ки иштироккунандагон ҳамеша фаъол бошанд ва дар лоиҳа иштирок кунанд.
  • Барқарор кардан ва нигоҳ доштани робитаҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши ТИ (IT) ва ҷомеаи озодии интернет дар кишвар то фаҳмиши онҳо, саҳм ва иштирок дар лоиҳа таъмин гардад.
  • Пешниҳод кардани гузоришҳо дар бораи пешрафти дохилии ҳармоҳаи лоиҳа оид ба тамоми фаъолиятҳои лоиҳа дар кишвар.
  • Пешниҳоди маводҳо барои гузоришҳои семоҳаи барнома бо фарогирии маълумоти дорои аҳамияти бештар ва мисолҳои намоишӣ; талаб намудан, таҳия ва таҳрир кардани ҳикояҳои муваффақият барои нашр дар вебсайтҳои Internews ва шарикон.
  • Дар вақти лозимӣ робита кардан бо дафтарҳои марказии Internews.
  • Пеш бурдани ҳамаи амалҳои намоишдиҳандаи фаъолияти лоиҳа дар кишвар.
  • Иштирок дар зангҳои ҳарҳафтаинаи ҳамоҳангсозии лоиҳа ва зангҳои махсус ҳангоми зарурат бо директорҳои кишварӣ вобаста ба пешрафти татбиқи лоиҳа.
  • Мониторинги пешбарии фаъолиятҳо ва натиҷаҳои лоиҳа дар кишвар, аз ҷумла ҳамкорӣ бо гирандагони грант, бо дастгирии Мутахассиси минтақавӣ оид ба мониторинг ва баҳодиҳӣ ва дафтари марказӣ.
  • Дастгирӣ кардани директори кишварӣ дар идоракунии муносибатҳо бо донорҳо мувофиқи талабот ба воситаи гузоришдиҳӣ, алоқа ва иртибот дар ҳолати зарурӣ.
  • Ба қадри зарурӣ саҳм гирифтан дар таҳкими малакаи кормандони Internews, шарикони расона ва журналистҳои таҷрибаомӯз тавассути фаъолиятҳои роҳнамоӣ.
  • Ташкил ва иштирок намудан дар маҷлисҳои ҷонибҳои манфиатдор ҳангоми зарурат барои намояндагии лоиҳа, омода кардани маводҳо барои презентатсия (рӯнамоӣ).
  • Пайгирӣ намудани амалҳо ва қарорҳои муҳим аз вохӯриҳо бо менеҷерҳои лоиҳа ва ҷонибҳои манфиатдор то қадри зарурӣ.
  • Боварӣ ҳосил кардан дар бораи он, ки тамоми ҳуҷҷатҳо барои ҳар як фаъолияти ҳамоҳангшудаи лоиҳа ба таври муносиба нигоҳ дошта мешаванд.
  • Огоҳ будан аз вазъияти расона, муноқишаҳо ва иттилооти бардурӯғ / суханҳои дорои кинаву адоват дар кишвар (ва минтақа).
  • Муайян кардан ва гузориш додан дар бораи ҳама гуна тағйирот ё мушкилоти вобаста ба фаъолиятҳои ба нақша гирифташудаи лоиҳа.
  • Арзёбӣ кардани хатарҳо ва масъалаҳои лоиҳа ва пешниҳоди роҳиҳалҳои онҳо дар ҳолатҳои имконпазир ва сари вақт.
  • Амал кардан мувофиқи сиёсатҳои Internews ва вафодорӣ ба рисолат ва арзишҳои асосии Internews.
  • Ёрӣ расонидан ба дигар масъулиятҳо/фаъолиятҳо барои мусоидат ба фаъолияти мунтазами Internews дар кишвар ва татбиқи лоиҳаи “Таҷрибаҳои ҳисоботдиҳӣ барои гузориш додани иттилоот дар бораи муноқишаҳо ҷиҳати коҳиш додани шиддат” (APRICOT).
  • Дигар уҳдадориҳо дар ҳолати зарурӣ.

ТАЛАБОТ ВА ТАХАССУС:

  • Таҷрибаи 3-солаи зина ба зина пешраванда дар сатҳи боло дар соҳаи расона ё лоиҳаҳои рушд, тарҷеҳан дар соҳаи расона;
  • Дараҷаи дахлдори таҳсили донишгоҳӣ;
  • Фаҳмиши амиқи нигарониҳо ва масъалаҳои расона дар Қирғизистон ва Тоҷикистон, аз ҷумла журналистикаи ҳассос ба низоъ ва муҳити иттилооти бардурӯғ ва суханҳои дорои кинаву адоват;
  • Қобилияти олии таҳлилӣ ва навиштан;
  • Маҳорати олии коммуникатсия (иртибот) ва пешниҳоди презенатсия;
  • Доштани таҷрибаи таҳияи ҳисоботи хароҷот ва буҷетҳо
  • Доштани хоҳиш барои омӯзиш ва қабули воситаҳои бехатари коммуникатсия (иртибот);
  • Маҳорати исботшудаи созмондиҳӣ бо таваҷҷуҳи истисноӣ ба ҷузъиёт;
  • Донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар сатҳи касбӣ ҳатмӣ аст, ба дониши забони англисӣ бартарӣ дода мешавад;
  • Ба таҷриба ва шиносоӣ бо қоидаҳо ва муқарарроти ҳукумати ИМА афзалият дода мешавад.

Муҳлати пешниҳоди корнома (CV) ва мактуби ҳамроҳ 14 феврали соли 2023 тавассути почтаи электронии зерин: TJ-info@internews.org

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *