Internews дар Тоҷикистон аз хоҳишмандон даъват мекунад, ки дар озмуни грантӣ ҷиҳати созмондиҳӣ ва баргузории маъракаи иттилоотӣ вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират иштирок намоянд. Маблағи умумии хазинаи грантӣ $50000 мебошад.
Дар озмун созмонҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои расонаии кишвар, ки таҷрибаи омода кардан ва баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотии умумимиллӣ доранд, метавонанд иштирок кунанд. Бартарӣ ба созмонҳое дода мешавад, ки таҷрибаи кор ва фаҳмиши масъалаҳои савдои одамон ва муҳоҷирати бехатарро намоиш медиҳанд.
Интихоб дар се марҳила сурат мегирад, ки дар натиҷа дар як вақт 2-3 созмон барои шарикӣ интихоб карда мешаванд:
Марҳилаи якум. Хоҳишмандон бояд варақаи онлайнро пур кунанд (муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост 10 ноябри соли 2022). Хоҳишмандоне, ки дар асоси озмун интихоб мешаванд, 18-19 ноябри соли 2022 ба коргоҳи (воркшопи) Internews даъват карда мешаванд, ки дар он ҳама имкон доранд на танҳо дар бораи роҳҳои муосири ташкили чорабиниҳои иттилоотии умумимиллӣ идеяҳои нав, балки шарики ҳамкорӣ низ пайдо кунанд. Хоҳишмандоне, ки ба коргоҳ (воркшоп) шомил намешаванд, дар идомаи озмун иштирок карда наметавонанд.
Марҳилаи дуюм. Ба иштироккунандагони коргоҳ (воркшоп) 10 рӯз дода мешавад, то идеяҳои худро ҷамъбаст намоянд, дархости муфассалро пур кунанд ва буҷети дақиқро пешниҳод намоянд.
Марҳилаи сеюм. Ҳайати коршиносони мустақил дархостҳои воридшударо баррасӣ мекунад ва дар ҳолати зарурӣ шарикони эҳтимолӣ барои мусоҳиба бо аъзои ҳайати доварон даъват карда мешаванд..
Дар бораи натиҷаҳои озмун 10 декабри соли 2022 хабар дода мешавад.
Барои маълумоти иловагӣ дар бораи озмуни мазкур аз шумо хоҳиш мекунем тавассути почтаи электронии tj-info@internews.org бо мо тамос гиред.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.