Интернюс дар Тоҷикистон озмуни кушодро барои муҳаққиқон ва ҷомеашиносон барои анҷом додани таҳқиқот дар заминаи пахши рақамӣ дар Тоҷикистон эълон мекунад. Ба озмун мутахассисоне даъват мешаванд, ки дорои таҷрибаи гузаронидани таҳқиқот дар соҳаи расона ва (ё) телевизион ва радио мебошанд.
Талабот барои таҳқиқот
Таҳқиқот бояд аз марҳилаҳои “кабинетӣ” ва “саҳроӣ” иборат бошад. Таҳқиқоти “кабинетӣ” – таҳлили қонунгузорӣ, раванди гузариш, омӯзиши мушкилот ва масъалаҳои асосии модернизатсияи инфрасохтори техникии пахши рақамӣ, тартиби паҳнкунии басомадҳо ва иҷозатномадиҳии каналҳои телевизион ва радио, тартиби дохил кардани каналҳо ба мултиплексҳои рақамӣ. Дар ин марҳила масъалаи фарогирии воқеии аҳолӣ бо пахши рақамӣ, миқдори декодерҳое, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дода шудааст ва ғайра баррасӣ карда хоҳад шуд.
Таҳқиқоти “саҳроӣ” – гузаронидани назарсанҷӣ дар байни пахшкунандагон роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои вобаста ба гузариш ба пахши рақамӣ, истеҳсоли контент (муҳтаво), фарогирии мухотабон (аудитория), арзиши хидматрасониҳо, сифати сигнал ва ғайраро дар бар мегирад.
Бо тафсилоти бештари вазифаи техникӣ ба забони тоҷикӣ дар ин ҷо метавонед шинос шавед.
Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқот ҳисоботи таҳлилӣ (бознигарӣ) таҳия карда шуда, дар ду кишвар – Тоҷикистон ва Қазоқистон якҷо бо пахшкунандагон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва хадамоти техникии масъули пахши рақамӣ, инчунин ассотсиатсияҳои расонаӣ презентатсияҳо баргузор карда мешаванд. Пажӯҳиш дар Тоҷикистон ва Қазоқистон бояд то охири моҳи январи соли 2023 ба охир расонида шавад.
Талабот барои дархосткунандагони эҳтимолӣ
Таҷрибаи кори амалӣ ҳамчун муҳаққиқ ва ҷомеашинос на камтар аз 5 сол;
Дархостҳо танҳо аз ҷониби шахсони воқеие қабул карда мешаванд, ки дорои омодагӣ ва тахассуси дахлдор мебошанд. Лутфан таваҷҷуҳ намоед, ки дар чорчӯби озмуни мазкур дархостҳо аз созмонҳо баррасӣ карда намешаванд;
Дархосткунандагони эҳтимолӣ бояд ду тавсия ва истинодҳоро ба ду пажӯҳиши охирини худ пешниҳод кунанд, агар онҳо нашр карда шуда бошанд. Агар пажӯҳишҳо мунташир нашуда бошанд, лутфан ном, санаи пажӯҳишро пешниҳод кунед ва агар имконпазир бошад, онҳоро ирсол намоед.
Чӣ гуна метавон дар озмун иштирок кард?
Барои ширкат варзидан дар озмун, лутфан анкетаро аз рӯи истинод (ссылка) пур кунед ва ҳуҷҷатҳои заруриро замима намоед. Дархостҳо то 14 ноябр соли 2022, то соати 21.00 бо вақти Душанбе қабул карда мешаванд.
ТАМДИД ГАРДИД: Дархостҳо то 25 ноябр соли 2022, то соати 21.00 бо вақти Душанбе қабул карда мешаванд.
Интихоб чӣ гуна сурат мегирад?
Комиссияи коршиносон дархостҳои ҳамаи довталабони эҳтимолиро аз рӯи меъёрҳои зерин баррасӣ мекунад:
- Мутобиқати фаъолиятҳои пешниҳодшуда барои гузаронидани таҳқиқот ба талаботҳои Интернюс;
- Буҷети мувофиқ;
- Муҳлати пешниҳодшудаи таҳқиқот;
- Омодагӣ барои иштирок дар муаррифии натиҷаҳои пажӯҳиш;
- Мутобиқати тахассуси дархосткунандагон ба талаботҳои Интернюс.
Барои ҳамаи саволҳо лутфан ба почтаи электронии tj-info@internews.org муроҷиат кунед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.