Internews барои мутобиқсозӣ ва тарҷумаи китоби дарсӣ дар бораи саводи расонаӣ ба забони тоҷикӣ шарик меҷӯяд

Internews озмун барои фондҳои ғайридавлатӣ ва муассисаҳои (ташкилотҳои) таълимии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқсозӣ ва тарҷумаи нусхаи русии китоби дарсӣ доир ба саводи расонаии MediaNet барои хонандагони синфҳои болоӣ ба забони тоҷикиро оғоз  мекунад.

Дастури таълимии таҳияшуда ба хонандагон ҷиҳатгирӣ дар фазои иттилоотии муосир, ҷудо кардани иттилооти бардурӯғ ва сарчашмаҳои онро омӯзиш медиҳад, инчунин маҳоратҳои амнияти рақамиро дар онҳо ташаккул медиҳад.

Вазифаи дастури таълимии мутобиқшуда аз таҳияи китоби дарсии фаҳмо ва ба хонандагони Тоҷикистон наздик иборат аст. Барои ин муҳим аст, ки ба дастури таълимӣ мисолҳо аз муҳити расонаии Тоҷикистон дохил карда шавад, супоришҳо мутобиқ карда шаванд, маълумотномаҳои таърихӣ ва истинод ба қонунгузории миллӣ оварда шаванд.

Интизор меравад, ки дар доираи лоиҳа шарик корҳои зеринро анҷом диҳад:

  • Мутобиқгардонии китоби дарсии русизабон доир ба саводи расонаӣ ба шароити Тоҷикистон (интихоби иттилооти муосир, мисолҳо, таҳлили парвандаҳо ва додаҳои тадқиқоти сотсиологӣ дар бораи Тоҷикистон, тасҳеҳи супоришҳо ва илова намудани истинодҳо ба қонунгузории Тоҷикистон );
  • Хониш ва таҳрири нусхаи русӣ (ислоҳи матн мувофиқи меъёрҳои дастур (грамматика), имло ва сабки забони муосири рус, яксон кардани сабк ва ибораҳои нутқ, ки дар модулҳои гуногун истифода шудаанд, санҷиши дурустии таҳияи истинодҳо ва қайдҳо);
  • Тарҷумаи китоби дарсӣ ба забони тоҷикӣ;
  • Хониш ва таҳрири нусха ба забони тоҷикӣ (ислоҳи матн бо риояи меъёрҳои дастур, имло ва сабки забони муосири тоҷикӣ, яксон кардани сабк ва ибораҳои нутқ, ки дар модулҳои гуногун истифода шудаанд, санҷиши дурустии таҳияи истинодҳо ва қайдҳо);
  • Омода кардани маводҳои графикӣ (мутобиқсозӣ ва тарҷума ба тоҷикӣ, сухан дар бораи муқова ва ороишҳои  дохили дастури таълимӣ меравад).

Талабот ба натиҷаи таҳияи кор:

  • Шакли электронии китоби дарсӣ бояд ба тамоми талаботҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба адабиёти таълимии чопшаванда ҷавобгў бошад;
  • Дастури таълимии мутобиқшуда бояд ба муҳити Тоҷикистон мувофиқ бошад.

Нусхаи русии китоби дарсии MediaNet барои хонандагони синфҳои болоиро аз ин ҷо пайдо кардан мумкин аст.

Барои дархост, то 24 майи соли 2022, соати 24:00 ба вақти Душанбе формаи онлайнро пур кунед.

Internews на дертар аз 27 майи соли 2022 қарор қабул мекунад, дархосткунандагон дар бораи натиҷаҳо на дертар аз 30 майи соли 2022 тавассути почтаи электронӣ огоҳ карда мешаванд.

Барои ҳама гуна саволҳо, лутфан, бо нишонии зерин тамос гиред: tj-info@internews.org.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *