10 феврали соли 2022 соати 16.00 ба вақти Душанбе ва соати 17.00 ба вақти Нурсултон Internews вебинари боз баргузор мекунад, ки дар рафти он Алексей Сидоренко – роҳбари лоиҳаи “Гармхонаи технологияҳои иҷтимоӣ” (Россия) дар бораи стратегияҳои муассири коммуникатсияи расона ва Созмонҳои гайри давлатӣ (СҒД) нақл мекунад.
Чӣ гуна метавон форматҳои ғайриоддӣ ва ҷалбкунандаро дар лоиҳаҳои муштараки расона ва созмонҳои ҷамъиятӣ пайдо кард, чӣ гуна ва барои чӣ шарикии дарозмуддат ва муваффақ байни редаксияҳо ва СҒД эҷод шавад – дар вебинар мо ин масъала ва ҷанбаҳои дигарро баррасӣ мекунем. Мисолҳо ва стратегияҳои коромадро баррасӣ менамоем.
«Гармхонаи технологияҳои иҷтимоӣ» – лоиҳаи маърифатӣ, ки рисолати он бахши ғайритиҷоратии Россияро бо кӯмаки технологияҳои иттилоотӣ қавӣ ва мустақил кардан аст.
Вебинар дар чорчӯби дастгирии грантии лоиҳаҳои расонаии Internews, вобаста ба ҷалби мухотабон баргузор мешавад.
Иттилоот дар бораи озмуни грантҳоро метавон дар линки зерин пайдо кард.
Вебинар дар майдончаи Zoom бо тарҷума ба забонҳои қазоқӣ ва тоҷикӣ мегузарад. Барои иштирок дар вебинар метавонед дар ин ҷо сабти ном кунед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.