Эдютон 2022 оғоз шуд! Платформаи эҷодкорӣ, омӯзишӣ ва менторӣ

8 феврал сеюмин семинари инноватсионӣ оид ба саводи расонаӣ ва иттилоотӣ – MediaCAMP Eduton 2022 оғоз шуд. Ин платформаест, ки дар он омӯзгорони донишгоҳҳо, мактабҳо, тренерҳои расона ва коршиносони соҳаи саводи расонаӣ ва рақамӣ таҷрибаи худро дар самти пешбурди саводи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ мубодила мекунанд; дар бораи ҳолатҳои бомуваффақият амалишуда ва нозукиҳои ташаккули онҳо нақл мекунанд. Семинар дар шакли онлайн бо забони русӣ ва тарҷумаи ҳамзамон ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ баргузор мешавад.

Иштироккунандагони семинари MediaCAMP Эдютон 2022

Дар семинар, ки то 12 феврал идома хоҳад кард, 30 нафар аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд. Онҳо аз интихоби ҷиддӣ гузаштаанд: ҳамагӣ 149 дархост қабул шуд. Интихобшудагон таҳти роҳбарии мураббиён дар давоми панҷ рӯз лоиҳаҳои худро дар самти саводи расонаӣ пешниҳод мекунанд. Баъд аз семинар, корҳои қавитар барои татбиқи пурра маблағгузорӣ дарёфт мекунанд.

Директори миссияи минтақавии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Лоренс Ҳардӣ

«Ҷомеаи шаҳрвандии огоҳ, ки қодир аст ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ кунад, яке аз воситаҳои муҳими мубориза бо паҳншавии маълумоти бардурӯғ мебошад. Тавассути чунин ташаббусҳо оид ба баланд бардоштани саводи расонаӣ мо ба рушди тафаккури интиқодӣ мусоидат менамоем, то шумо, омӯзишдиҳандагон, дар навбати худ тавонед ба шогирдони худ таъсири мусбат расонед ва онҳо ба истеъмолкунандагони фарқгузори расона мубадал гарданд”, — гуфт дар ифтитоҳи MediaCAMP Эдютон 2022 директори миссияи минтақавии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Лоренс Ҳардӣ.

Директори намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ – Марат Бигалиев

“Эдютон як платформаи эҷодкорӣ, омӯзишӣ ва менторӣ барои таҳияи лоиҳаҳои муассир дар соҳаи саводи расонаӣ барои қишрҳои мухталифи аҳолӣ мебошад. Ҳар сол мо барои чунин лоиҳаҳо дархостҳои бештар дарёфт мекунем: аз намояндагони муассисаҳои таълимӣ – омӯзгорони донишгоҳҳо, шабакаҳои мактабӣ, роҳбарони созмонҳои ғайридавлатӣ, фаъолони гуногун ва мутахассисони расонаҳо. Дар ин рӯзҳо саводи расонаӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Пандемия, охирин ҳодисаҳои ногувор дар моҳи январи соли ҷорӣ, мушкилоти вобаста ба фейкҳо ва маълумоти бардурӯғро шадидтар кард. Онҳоро танҳо бо кӯшиши фаъолони шаҳрвандӣ ҳал кардан мумкин нест, сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма нақши муҳим бозӣ мекунанд. Ман шодам, ки вазоратҳои гуногун дар кишварҳои мо лоиҳаҳои саводи расонаиро дастгирӣ мекунанд”, – гуфт директори намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ – Марат Бигалиев.

Ноиби вазири иттилоот ва рушди ҷамъиятии Ҷумҳурии Қазоқистон Александр Данилов

«Барои ман ин як лаҳзаи ҳаяҷоновар аст – баромад кардан дар минбари Эдютон, ки аз ҷониби Интернюс ташкил карда мешавад. Ба хотири он, кӣ барои ман бисёр чизҳои хуб бо Internews алоқаманд аст. Ман як насли дигари ҷавононро мебинам, ки дар чорабинии навбатӣ иштирок мекунанд ва ин ба онҳо имкон медиҳад, ки иқтидор ва вазифаҳои воқеии муҳими ҷамъиятии худро амалӣ созанд», — тавзеҳ дод Александр Данилов – ноиби вазири иттилоот ва рушди ҷамъиятии Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ба наздикӣ ба ин вазифа таъйин шудааст.

Дар маросими ифтитоҳ намояндагони вазоратҳо аз Тоҷикистону Ӯзбекистон баромад карданд. Онҳо ҳамчунин бар аҳамияти рушди саводи расонаӣ ва мубориза бо фейкҳо дар Осиёи Марказӣ таъкид карданд.

Дар соли 2022 шиори Эдютон “Саводи расонаӣ: кино, реклама, бозиҳо” аст. Ҳамин тариқ, таваҷҷуҳ ба шаклҳои эҷодии пешбурди саводи расонаӣ дода мешавад. Дар рӯзи ифтитоҳи семинар ду ҷаласаи кушод баргузор шуд – дар бораи семиотекаи реклама ва асосҳои саводи синамоӣ, шумо метавонед сабтҳоро дар Facebook – саҳифаи Internews Қазоқистон тамошо кунед. Рӯзи чаҳоршанбе – 9 феврал ду ҷаласаи боз баргузор мегарданд, ки дар ҳамин сомона пахш мешаванд.

Ба сифати тренерҳо ва менторҳои Эдютон 2022 коршиносон аз Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эстония ва Русия – Камилл Ахметов, Александра Милякина, Тимур Юлдашев, Дильфуза Мырзахмедова, Татьяна Голубтсова, Рустам Гулов, Арсен Абдрахманов, Баубек Сагындыков даъват шудаанд.

Эдютон вобаста ба саводи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ дар солҳои 2018-2019 дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Пешбурди сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ” баргузор шуда буд, ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ ва аз ҷониби Интернюс амалӣ мешавад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *