Имрӯз Internews дар Осиёи Марказӣ озмуни «Формат DOC»-ро ифтитоҳ мекунад.
Мо соли чорум аст, ки истеҳсоли контентро (муҳтаво) дастгирӣ карда истодаем ва мушоҳида намудем, ки таваҷҷуҳ ба формати филми мустанад (доккино) дар ҳоли афзоиш аст. Нисфи ҳамаи дархостҳое, ки мо ба озмунҳои худ дарёфт мекунем ва маъмулан теъдоди онҳо дар ҳар кишвар бештар аз садто мебошанд, идеяҳо доир ба таҳияи видео ҳастанд. Бисёре аз муаллифон мехоҳанд, ки маҳз филмҳои мустанад истеҳсол намоянд.
Имсол мо тасмим гирифтем, ки озмуни алоҳидаи “Формат DOC”-ро барои дастгирии истеҳсоли филми мустанад дар мавзуъҳои мухталифи аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва/ё русӣ баргузор намоем.
Расонаҳои ғайридавлатӣ (нашрияҳои онлайн, рӯзномаву маҷаллаҳое, ки сайтҳо доранд, ширкатҳои телевизионӣ ва радио), продакшен-студияҳо ё дастаҳои муаллифони мустақил ва албатта таҳиягарони филмҳои мустанад аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд дар “Формат DOC” иштирок намоянд.
Идеяи коркардшудаи филми оянда – меъёри зарурӣ аст ва омода бошед, ки онро дар дархост ба таври возеҳ ва мухтасар баён намоед. Доштани тизер, синопсис ё нақшаи сенария, аппаратураҳо, таҷриба дар таҳияи филми мустанад ё гузоришҳои видеоии васеъ афзалият мебошанд.
Диққат диҳед! Идеяҳо барои эҷоди контент дар формати дигар, ғайр аз филми мустанад, ҳатто агар он формати видео бошад ҳам, қабул карда намешаванд. Ин озмун барои расонаҳои амалкунанда ва муаллифони касбӣ мебошад. Дастаҳои навкор (онҳое, ки дар татбиқи чунин лоиҳаҳо ҳадди ақал таҷрибаи яксолаи корӣ надоранд) беҳтар аст қувваи худро дар озмуни «Формати хурд» санҷанд.
Ҳамаи довталабон аз Қазоқистон ва Тоҷикистон бояд бақайдгирии ҳуқуқӣ дошта бошанд (ҶДММ, соҳибкори инфиродӣ, фонд ва ғайра). Шахсони инфиродӣ дар Ӯзбекистон ҳамчунин мумкин аст дастгирӣ карда шаванд.
Вақте ки шумо дастгирии Internews-ро дарёфт мекунед, пас мо тамоми равандро лоиҳа меномем – аз идея то нашри контент. Ба ёд дошта бошед, ки лоиҳа дар чорчӯби “Формат DOC” метавонад аз 6 то 12 моҳ давом ёбад. Ҳамчунин, лутфан дар назар дошта бошед, ки дар ин давра филми тайёр бояд дар платформаи онлайн нашр, дар эфир пахш карда шавад ва ё дар ягон платформаи дигар ба тамошобин намоиш дода шавад.
Дар чорчӯби “Формат DOC” як лоиҳа метавонад дар ҳаҷми зерин дастгирии молиявиро дарёфт намояд:
- дар Қазоқистон – то 10 миллион тенге,
- дар Тоҷикистон – то 16 600 доллар,
- дар Ӯзбекистон – то 5000 доллар.
Буҷет бояд мувофиқ ва асосдор бошад.
Озмуни “Формат DOC” дар чаҳор марҳила баргузор мешавад.
Даври 1 – пешниҳоди идеяҳо
Шумо бояд дархостро пур кунед (барои ин почтаи Gmail лозим аст).
Мӯҳлати ниҳоӣ барои пешниҳод намудани дархостҳо – 10 феврали соли 2022 (то соати 23:59 ба вақти пойтахт дар кишвари шумо) аст.
Даври 2 — интихоби техникӣ
Пас аз қабули дархостҳо, дастаи Internews интихоби техникиро баргузор менамояд. Ҳар лоиҳа барои мувофиқат ба шартҳои озмун баррасӣ карда мешавад. Идеяҳои ҷолибтарин ва ба хубӣ коркардшуда ба марҳилаи баъдӣ мегузаранд. Шорт-лист то нимаи моҳи феврал тартиб дода мешавад.
Эзоҳ: Дархосткунандагоне, ки дар шорт-лист интихоб шудаанд, метавонанд шунавандагони озоди Мактаби филми мустанад–2022 аз Internews шаванд.
Даври 3 – кори ҳайати доварон ва питчинг
Онҳое, ки аз интихоби техникӣ гузаштаанд, ба онлайн-питчинг даъват карда мешаванд (тахминан дар охири моҳи феврал – аввали моҳи марти соли 2022), ки дар он метавонанд дар тӯли 10-15 дақиқа идеяи худро дар ҳар шакл пешниҳод намоянд.
Довталабон аз ҷониби комиссияи озмун шунида мешаванд, ки ба он коршиносони мустақил, таҳиягарони филмҳои мустанад, тренерони Мактаби филми мустанад ва кормандони Internews дохил мешаванд. Пас аз презентатсия, аъзоёни комиссия саволҳои дақиқкунанда дода, барои такмили идея тавсияҳо медиҳанд. Ҳайати доварон метавонанд ҳамчунин ислоҳ кардани буҷетро маслиҳат диҳанд, агар чунин ҳисоб намоянд, ки баъзе хароҷотҳо беасос ҳастанд.
Дар питчинг ҳамчунин хонандагони Мактаби филми мустанад иштирок мекунанд. Барои онҳо квота пешбинӣ шудааст – як ҷой. Дар маҷмуъ, дар озмуни “Формат DOC”, мо нақша дорем, ки на камтар аз се лоиҳаро дар ҳар кишвар дастгирӣ кунем.
Даври 4 – такмилдиҳӣ ва дастгирии лоиҳаҳо
Ғолибон дар моҳи марти соли 2022 эълон карда мешаванд. Пас аз он, мо барои такмили лоиҳа, тартиб додани буҷети ниҳоӣ ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ду ҳафта вақт медиҳем.
Иттилооти иловагии муҳим. Дар лоиҳаҳои “Формат DOC” ҳисоботдиҳӣ пешбинӣ шудааст. Он чӣ гуна аст, мо ба таври муфассал ба довталабоне нақл мекунем, ки идеяҳои онҳо дар шорт-лист дохил карда мешаванд.
Чаро Internews барои чунин лоиҳаҳо дастгирии молиявӣ пешниҳод менамояд? Мо мехоҳем, ки расонаҳои маҳаллӣ – ба таври касбӣ, дар платформаҳои гуногун ва форматҳои мухталиф бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷалби мухотабон – дар бораи ҷанбаҳои муҳимтарин ва мураккабтарини ҳаёти ҷомеа нақл кунанд. Аз ин рӯ, соли чаҳорӯм аст, ки мо истеҳсоли контентро дастгирӣ мекунем. Дар ин муддат аз ҷониби расонаҳо, нашрияҳо, блогерҳо, рӯзноманигорони мустақил 173 лоиҳа амалӣ карда шудаанд ва ин бештар аз 4000 мавод (мақолаҳо, лонгридҳо, подкастҳо, веб-сериалҳо, филмҳои мустанад ва ғайра) мебошанд, ки бештар аз 40 миллион маротиба мутолиа, тамошо ва гӯш карда шудаанд.
Агар ба шумо зарур бошад, ки чизеро дақиқ кунед, ба почтаи электронии Central-Asia-Applications@internews.org нависед ва мавзуъро зикр намоед: «Савол дар бораи озмуни “Формат DOC”».
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.