Аксари кӯдакони мактаб-интернатҳо ба ҳаёти мустақилонаи калонсолон омода нестанд. Онҳо пас аз хатм бе ҳуҷҷат, воситаҳои рӯзгор ва аз ҳама муҳиммаш, бе малакаҳои зарурии иртибот бо ҷаҳони берунӣ мемонанд. Онҳо ба муаллифони лоиҳаи «Макони бе орзу», ки аз ҷониби созмони ҷамъиятии «ИРОДА» ва Your.tj бо дастгирии Интернюс амалӣ мешавад, аз мушкилоти худ нақл карданд.
Сарфи назар аз он, ки самти асосии фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «ИРОДА» шахсони дорои маъюбияти зеҳнӣ аст, мушкилоти тарбиягирандагони мактаб-интернатҳоро ходимони ҷамъиятӣ дарди бузурги дарунии худ медонанд.
– Муносибати падару модарон ва фарзандон, аҳамияти хузури падару модарон дар ҳаёти фарзандонро пайваста меомузем. Мо инқадар ба ин мавзуъ амиқ ворид шудем, ки фаҳмидем то чӣ андоза мактаб-интернат ба ояндаи шогирдонаш сахт таъсир мерасонад. Ин ба кӯдакони дорои эҳтиёҷоти махсус низ дахл дорад, зеро волидайни онҳо аксари вақт ба вазъияте дучор мешаванд, ки маҷбуранд фарзандони худро ба интернат супоранд, – мегӯяд Лола Насриддинова, раиси созмони ҷамъиятии «ИРОДА».
Соли гузашта «ИРОДА» дар озмоишгоҳи фарогири муҳтаво иштирок намуд, ки аз ҷониби ширкати расонаии «Вечёрка» бо дастгирии Интернюс ташкил шуда буд. Аз рӯи натоиҷи озмоишгоҳ озмуни грантӣ барои истеҳсоли муҳтаво бахшида ба омӯзиш баргузор гардид ва «ИРОДА» лоиҳаи хонандагони м актаб-интернатро пешниҳод намуд. Доварони мустақил ба ин идея баҳои баланд доданд ва «ИРОДА» ғолиби озмун гардид. Дар лоиҳаи худ, муаллифон тасмим гирифтанд роҷеъ ба он суҳбат кунанд, ки хатмкунандагони мактаб-интернатҳо дар синни ҷавонӣ бо чиҳо рӯбарӯ мешаванд ва чаро барои ин гурӯҳ одамон аксаран мушкилоти калон пеш меояд. Шарикони созмон инҳо буданд: расонаи Your.tj, рӯзноманигор Меҳрангез Турсунзода, коргардон Далер Раҳматов ва Маргарита Войтова, роҳбари созмони ҷамъиятии «Зимчуруд», ки бо мушкилоти хатмкунандагони мактаб-интернатҳо машғул аст.
— Мо ба ҷавонони дорои маъюбияти зеҳнӣ таълим медиҳем ва дар вақти машғулият дар байни бачаҳои дар хона ба воя расида ва бачаҳое, ки дар интернат тарбия ёфтаанд, фарқи калонро мушоҳида кардем. Аввалиҳо медонанд, ки чӣ мехоҳанд ва мефаҳманд, ки ҳар як кас масъулият дорад. Вале вақте, ки бачаҳо аз интернатҳо омаданд, ба ҳама чиз розӣ мешуданд, аммо дар амал барояшон хеле душвор буд, зуд хаста мешуданд, тағйир меёфтанд. Масалан, метавонистанд ҳатто муаллимро огоҳ накарда бираванд, ғайб зананд, гурезанд. Барояшон баён кардани хоҳишҳои худ душвор буд, зеро орзуҳояшон ҳеҷ гоҳ амалӣ нашудааст, – мегӯяд Лола дар бораи мушкилоти тарбиятгирандагони интернатҳо.
Ба гуфтаи вай, надоштани малакаи иртибот бо ҷаҳони берунӣ ба ояндаи тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо таъсири ҷиддие гузошта, дар ноил шудан ба комёбиҳо монеъи онҳо мешавад. Масалан, соли 2019 «Фарғона» бо истинод ба созмони ҷамъиятии «Диёр», ки бо одамони бе манзили зист кор мекунад, дар бораи як назарсанҷӣ дар байни бепарасторон сухан гуфт, ки бино бар натиҷаҳои он 90 дарсади бепарасторон ин ятимон, тарбиятгирандагони собиқи ятимхонаҳо ва мактаб-интернатҳо мебошанд.
– Дар Тоҷикистон аксари кӯдакони мактаб-интернатҳо ятими иҷтимоӣ ҳастанд, яъне фарзандоне, ки ақаллан як нафар – падар ё модар – доранд. Бо кӯмаки лоиҳаи худ мо мехостем ба мардум нишон диҳем, ки мактаб-интернат ба кӯдакон то чӣ андоза таъсир мерасонад ва аз ҳолатҳое, ки волидайн онҳоро ба он ҷо мефиристанд пешгирӣ кунем. Кӯмак ба ин оилаҳо осонтар аз раҳо кардани онҳо дар шароите аст, ки маҷбур ба анҷом ин кор шаванд. Мо медонем, ки инфрасохтори мактаб-интернатҳои замонавӣ нисбат ба замони пеш хеле беҳтар аст, мо мефаҳмем, ки одамоне, ки дар он ҷо кор мекунанд барои ин кӯдакон корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд, аммо воқеият ин аст, ки худи система кӯҳна шудааст, онро навсозӣ кардан лозим аст, – мегӯяд Лола.
Зимнан, тибқи додаҳои «Фарғона» аз соли 2019, барои ғизои як тарбиятгирандаи мактаб-интернат дар як рӯз 16-18 сомонӣ ҷудо мешавад, аммо дар оилаҳои серфарзанд аксаран саҳми як кӯдак хеле камтар аз ин аст. Шояд, агар давлат ба ин гуна оилаҳо кӯмак мерасонд, онҳо фарзандони худро ба интернат намефиристоданд.
Пас аз ҳар вохӯрӣ барои барқароршавиам ҳафтаҳо лозим буд
Рӯзноманигорони Your.tj ва тими «ИРОДА» тасмим гирифтанд, ки лоиҳаи худро дар шакли номаҳои видеоии хатмкунандагони мактаб-интернатҳо, ки аз ҷониби афроди номдори тоҷик қироат карда шуд, амалӣ намоянд. Барои оғоз Меҳрангез бо ҷавононе, ки айёми кӯдакиашон дар интернат гузаштааст, вохӯрда, саргузашти онҳоро навишт, ки баъдан онҳоро ба ҷойи он ҷавонон шахсони дигар қироат мекарданд. Гап дар он аст, ки на ҳамаи тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо омодаанд дар бораи хаёти худ назди омма ҳарф зананд, Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон масъалаҳои мактаб-интернатҳоро ба миён гузоштан барои рӯзноманигорон хеле душвор аст, зеро онҳо ба ин муассисаҳо амалан дастрасӣ надоранд. Инчунин, муаллифони лоиҳа тавассути иштироки афроди таъсиргузор мехостанд, ки ҳарчи бештар одамонро ҷалб кунанд.
Дар марҳилаи ҷамъоварии иттилоот Меҳрангез бо душвориҳои зиёд рӯбарӯ шуд: саргузашти ин ашхос хеле печида ва душвор буд.
«Ман фаҳмидам, ки онҳо ин ҳикояҳоро ба ман бо умеди беҳтар шудани зиндагиашон нақл мекунанд. Пас аз суҳбат ҳар яки онҳо бо умеди ёрӣ мераванд ва ман бо рӯҳи холӣ ва фарсудагии эҳсосӣ. Аммо ман медонистам, ки ин корро кардан лозим ва суҳбат дар ин бора муҳим аст. Пас аз ҳар вохӯрӣ барои барқароршавиам ҳафтаҳо лозим буд, вақте ки фоҷеаи ин сарнавиштҳои шикастаро дарк мекардам»,”- иқрор шуд Меҳрангез дар суҳбат бо хабаргузории “Азия-Плюс”, ки дар бораи ин тарҳ навишта буд.
Гурӯҳ дар маҷмӯъ даҳто аз ин гуна паёмҳои видеоиро нашр кард; онҳоро ҳунармандони машҳур, навозандагон, рӯзноманигорон ва тоҷирон хонданд. Масалан, пас аз нашри аввалин, менеҷери маъруф Равшан Қурбонов бо пешниҳоди иштирок дар лоиҳа муроҷиат кард. Илова бар ин, афроди таъсиргузор, ки онҳоро эҳсосот фаро гирифта буд, ихтиёран муроҷиатҳои иловагиро ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо сабт карда, кӯшиш карданд, ки онҳоро рӯҳбаланд кунанд ва бигӯянд, ки ҳама чиз хуб мешавад.
– Вақте ки нашри аввалро пахш кардем, ман тамоми шаб хоб накардам, – мегӯяд Лола – ман хавотир будам, ки аудитория фикри моро намефаҳмад ва ба назари онҳо чунин менамояд, ки мо бо мактаб-интернатҳо мухолифем, аммо мо танҳо дар бораи он суҳбат мекунем, ки ин системаро тадриҷан тағйир додан зарур аст: ба деинститулизатсияи баччаҳои аз ҳафтсола боло ва наврасон ба ҷамъият мусоидат кардан ва бештар алтернативаҳои хизматрасонии ёрирасонро ташкил намудан лозим аст. Хушбахтона, мардум лоиҳаи моро хеле гарм қабул карданд ва бисёриҳо ба шарофати номаҳои одамоне, ки одатан дар ҷомеаи мо шунида намешаванд, аз мушкилоти мавҷуда огоҳ шуданд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.