Се филми мустанаде, ки коргардон Дилошӯб Орифзода ба навор мегирад, дар бораи зиндагии мардум дар минтақаҳое, ки дар онҷо муноқишаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад, нақл мекунад. Ҳунармандону деҳқонони оддӣ, қирғизҳои Тоҷикистон ва тоҷикҳои Қирғизистон бо таассуф даврони осоиштаи гузаштаро ба ёд меоранд ва ҷангро ҳеҷ гоҳ намехоҳанд.
Коргардон Дилошӯб Орифзода мегӯяд, ки ҳатто ҳангоми таҳсил дар факултаи журналистика (ин то соли 2012 буд) мехост дар бораи зиндагии мардуми минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон нақл кунад. Гап дар сари он аст, ки дар марзи 980 километраи Тоҷикистону Қирғизистон аз замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (даргириҳои ҷудогона дар замони Шуравӣ ҳам рух медод) низоъҳо, мутаассифона, ҳатто низоъҳои мусаллаҳона ба амал меоянд. Сабаби низоъҳои марзӣ – даҳҳо минтақаи баҳсбарангезе аст, ки ба ду ҷумҳурии соҳибистиқлол аз Иттиҳоди Шӯравӣ мерос мондааст. Дилошӯб дар минтақаҳои наздимарзӣ дӯстони зиёд дорад ва на як бору ду бор ба онҷо рафтааст, аз ин рӯ худаш медонад, ки ҳамеша дар интизори муноқишаи навбатӣ зиндагӣ кардан чӣ гуна аст.
— Ман кайҳо дар бораи ин мушкилот медонистам ва бисёр мехостам дар ин мавзӯъ филми мустанад созам, вале имкони молӣ надоштам – дастгирӣ ва маблағ наёфтам, ки коре кунам, – мегўяд коргардон.
Як сол пеш Дилошӯб дар якҷоягӣ бо ҳамкорон аз ширкати телевизионӣ- радиоии «Танин» тасмим гирифтанд, ки барои дарёфти ин дастгирӣ ба озмуни грантии тавлиди муҳтавои ватании Интернюс дар Тоҷикистон: «Формати калон» муроҷиат кунанд. Дилошӯб зимни тавсифи ин идея гуфт, ки мехоҳад зиндагии мардуми оддиеро, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд ва бо низоъҳои доимӣ рӯбарӯ ҳастанд, нишон диҳад. Ба доварон ин дархост писанд омад ва гурӯҳ соҳиби грант шуд. Дилошӯб тасмим гирифт, ки як филми сегона (трилогия) ба навор гирад: филми аввал дар бораи ноҳияи сарҳадии Исфара, дуввум дар бораи анклави Ворух ва макони наворбардории қиссаи сеюмро бошад ҳанӯз омода нест ном бигирад.
— Паёми филми сегонаи мо ба мардум нишон додани он аст, ки онҳо метавонанд дар марз дӯстона, мисли пештара он ҷо ба таври маъмулӣ зиндагӣ мекарданд, ҳаёт ба сар баранд. Ҳамчунин, мо мехостем нақли мардуми оддиро дар бораи зиндагии онҳо дар замони Шӯравӣ ва пеш аз он бишнавем, – мегӯяд Дилошӯб.
Гурӯҳ дар моҳи июли соли ҷорӣ нахустин филми “ДАРАХТИ ДӮСТӢ”-ро ба анҷом расонид. Достон аз ҳаёти оилаҳои интернатсионалӣ – тоҷикону қирғизҳо, ки дар ноҳияи марзии Исфара зиндагӣ мекунанд, қисса мекунад. Яке аз қаҳрамонони филм сокини Исфара аслан аз вилояти Лайлаки Қирғизистон — духтури байтори маъруфе аст, ки чорводорони маҳаллӣ бе ӯ кор карда наметавонанд. Вай барои ҳалли масъалаҳои чорводорӣ ба назди ҳамдеҳагонаш сафар мекунад, аз эҳтироми зиёд бархурдор аст ва дар бораи он, ки таҳаммули низоъҳои ду кишвар барои ӯ чӣ қадар душвор аст, нақл мекунад.
Филми дуввуми Дилошӯб бахшида ба минтақаи Ворух аст, ки расман анклави тоҷикон дар қаламрави Қирғизистон маҳсуб мешавад, аммо бисёре аз сокинони маҳаллӣ мутмаинанд, ки Тоҷикистон бахше аз қаламрави худро аз даст додааст ва аз ин рӯ, мардуми Ворух дар ин анклав боқӣ мондаанд. Гурӯҳи наворбардорон ба ин масъалаи душвор дахолат накарда, қарор доданд, ки танҳо ҳаёти одамони оддиро нишон диҳанд.
-Ворух ҳамеша як қаламрави душвор буд, тоҷикон бар ин боваранд, ки ин анклав нест, қирғизҳо аксари вақтҳо роҳи ворухиҳоро ба Тоҷикистон мебанданд, дар маҷмуъ муноқишаҳо зуд-зуд рух медиҳанд. Ҳамин тавр, ин дафъа ҳам, вақте ки мо аллакай аз Интернюс дастгирӣ ёфтем, боз як даргирии ҷиддии мусаллаҳона сар зад, – мегӯяд Дилошӯб.
Даргириҳо дар Ворух моҳи апрели соли ҷорӣ рух дод ва бархе аз рӯзноманигорон ва блогнависони ҳар ду кишвар низ вориди даргирӣ шуданд, аз ин рӯ, вазъ то ҳадде доғ шуд. Қариб дар як вақт гурӯҳи наворбардории иборат аз шаш нафар ба Ворух омад. Мардум ошуфтаву асабонӣ буд ва масалан, ҷониби Қирғизистон аз муошират бо филмсозони тоҷик худдорӣ кард. Ҳамватанон бошанд бо гурӯҳ бо эҳсосот суҳбат мекарданд.
– Панҷ рӯз пеш аз наворбардорӣ ба Ворух барои интихоби персонажҳо ва маконҳо омадем, сипас бори дуюм омадем ва ду ҳафта дар онҷо мондем. Мо дар Ворух зиндагӣ кардем ва филми худро ба навор гирифтем. Барои мо муҳим буд, ки бо сокинони маҳаллӣ вақти бештар гузаронем, бо онҳо дӯст шавем, то онҳо ором шаванд ва худро роҳат ҳис кунанд, – мегӯяд коргардон.
Пеш аз ба навор гирифтани филм гурӯҳ ба маъмурияти маҳаллӣ муроҷиат кард. Дар Тоҷикистон, ба хусус дар ноҳияҳои наздимарзӣ, кайҳо боз чунин як амали ногуфта вуҷуд дорад: рӯзноманигорон ё филмбардорон сафарҳои худро ба минтақаҳо бо мақомоти маҳаллӣ ҳамоҳанг мекунанд.
— Мо дар аввал дар ҷустуҷӯи оддитарин қаҳрамонҳо — устои танӯрсоз (зеро Ворух бо ин ҳунар шӯҳрат дорад), боғбон (зеро ин минтақа аз зардолу ғанӣ аст), челонгар ё навозанда будем. Мо аз ҳамаи онҳо пурсидем, ки чӣ гуна ин муноқишаҳо ба кори мардуми осоишта монеа эҷод кардааст ва ҳамаи онҳо иқрор шуданд, ки қаблан қирғизҳо барои харидани танӯр ва наъли аспҳояшон инҷо меомаданд, аммо ҳоло ин чизҳо нест, – шарҳ медиҳад Дилошӯб.
Ба гуфтаи ӯ, тамоми мардуми минтақаҳои наздимарзӣ сулҳу оромӣ ва зиндагии дӯстона мехоҳанд. Сокинон дар қаламрави Тоҷикистон мутмаинанд, ки тарафи сеюм ба муносибати онҳо бо ҳамсояҳо дахолат мекунад. Тарафи сеюм кӣ аст? Намедонанд, вале ба мавҷудияти он боварии қатъӣ доранд, зеро наметавонанд бовар кунанд, ки ҳамсояҳо ва он ҳам ҳамсояҳои мусалмон ба низоъу даргирии байни ҳам роҳ диҳанд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.