Сафарбек Солиев коргардони тоҷик дар филми нави мустанади худ “Нисор” дар бораи Комиссари халқии маорифи ҷумҳурӣ Нисор Муҳаммад, ки соли 1937 бо иттиҳомоти бардурӯғ парронда шуда буд, нақл мекунад. Филми коргардон яке аз талошҳои бознигарии таърихи навини Тоҷикистон, ки то ҳол зери шиорҳои даврони Шӯравӣ пинҳон мондааст, мебошад.
Сафарбек Солиев филми мустанади 40 дақиқагии худро тӯли панҷ сол ба навор мегирифт. Соли 2020 қарор дод, ки кори ҳанӯз ба поён нарасидаи худро, ба озмуни ғояҳои истеҳсоли муҳтавои ватании Интернюс пешниҳод кунад ва ғолиб дониста шуд. Барои ҷамъоварии маълумот дар бораи қаҳрамони худ – нахустин Комиссари халқии маорифи Тоҷикистон Нисор Муҳаммад, ки миллаташ паштун буд, ба Сафарбек лозим омад, ки ба кишварҳои мухталиф сафар кунад. Аммо пандемияи COVID-19 барои иҷрои ин нақша монеаҳо эҷод кард.
– Мо филмбардории асосиро дар Маскав анҷом додем. Чун дар он ҷо наберагон ва дигар наздикони Нисор зиндагӣ мекунанд. Ҳамзамон, дар Помир, Рашт, Хуҷанд, Бухоро ва Самарқанд низ филмбардорӣ кардем. Дар кори филм ҳамкорони зиёде аз кишварҳои мухталиф ширкат доштанд, аммо мутаассифона, аз сабаби пандемия мо маҷбур шудем консепсияро иваз кунем. Мо наметавонистем, масалан, ба Эрон, ба Пешовари Покистон, ба Ставропол, Санкт-Петербург равем, – мегӯяд Сафарбек.
Бо вуҷуди он, ки Нисор Муҳаммад умри кӯтоҳ дид, тавонист дар тамоми шаҳрҳое, ки Сафарбек ҳамчун макони наворбардорӣ интихоб кардааст, осори худро гузорад. Аввалин Комиссари халқии маориф соли 1897 дар Пешовари онвақт Ҳиндустон таваллуд шудааст. Вай шахси маърифатнок буд ва 11 забонро медонист. Ӯ ба идеяҳои коммунизм мафтун шуда, ба Осиёи Миёна гурехт ва дар солҳои бистум ба чопи китобҳо ба забони тоҷикӣ шурӯъ кард. Ҳарчанд дар он замон, ҳатто дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзномаҳо ба забони тоҷикӣ нашр намешуданд.
Ғайр аз ин, Нисор Муҳаммадро метавон шахсе номид, ки ба тамоми системаи маорифи Тоҷикистони муосир асос гузоштааст. Аммо 8 уми октябри соли 1937 Нисор боздошт ва бо иттиҳомоти бардурӯғ ба қатл расонда шуд. Ҷасади ӯро ба калисои Донскойи Маскав интиқол дода, сӯзонданд ва хокистарашро ба қабристони умумӣ партофтанд. Соли 1937 Нисор ҳамагӣ 40 сол дошт.
– Нисор як қаҳрамони воқеӣ, муборизи мутақоид дар роҳи адолат, ҷонибдори баробарҳуқуқии ҳама одамон буда, то дақиқаҳои охири ҳаёташ барои идеяҳои худ мубориза мебурд. Вай як коргару меҳнатдӯст буд, даҳҳо китоб, садҳо мақола навишт, фолклор ҷамъ овард, аввалин рӯзномаи Тоҷикистони навин, аввалин маҷаллаи адабӣ ва ҷамъиятиро нашр кард, аввалин матбааҳо, боғчаҳо, мактабҳо, техникумҳо, донишгоҳҳои Тоҷикистонро кушод. Шояд Нисор самараноктарин вазири маорифи Тоҷикистон буд, мегӯяд Сафарбек.
Бо вуҷуди ҳама хизматҳои неки Нисор ва кӯчае, ки дар Душанбе номи ӯро дорад, шахсияти аввалин Комиссари халқии маориф дар Тоҷикистон ба қадри кофӣ кушода нашудааст. Дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, дар бисёре аз расонаҳои давлатӣ ва мустақил ҳангоми сӯҳбат дар бораи таърихи навин коршиносон онро то ҳол бо ёрии шиорҳои шӯравӣ шарҳ медиҳанд. Танҳо чанд нафар бо таҳқиқоти сарнавишти одамоне, ки қурбонии давраи репрессияҳои сталинӣ шудаанд, машғуланд. Баъдан бисёре аз қурбониён сафед карда шуданд, масалан, Нисор Муҳаммад пас аз 20 соли маргаш, соли 1957 сафед карда шуд ва ҳама иттиҳомот аз вай бардошта шуданд.
– Барои ҳақиқатро гуфтан ҷасорат лозим аст. Мутаассифона, тарс ҳанӯз ҳам дар даруни ҳар яки мо ҷой гирифтааст. Дар фазои дурӯғ зиндагӣ кардан барои одамон роҳаттар аст. Онҳо ба ин аллакай одат кардаанд, – мефаҳмонад Сафарбек.
Ба ғайр аз тарсу ҳарос, онҳо ба омӯзиши гузаштаи наздик ва дастрасӣ ба иттилоот халал мерасонанд, ки дар Тоҷикистон ҳама, бидуни истисно, аз рӯзноманигорон то пажӯҳишгарони маҳалливу хориҷӣ дучор меоянд.
– Барои ман муҳимтарин манбаъи иттилоот хешовандони Нисор буданд, ки ба ман дастнависҳои мавҷудаи ӯ, сабтҳои бойгонӣ ва албомҳои аксро бо меҳрубонӣ дастрас карданд. Ман хешовандони ӯро тавассути Давлат Худоназаров (синамоофари шӯравӣ)дарёфт кардам. Ҳанӯз соли 2013, дар шаҳри Маскав, мо бо ӯ муддати дароз дар бораи Нисор сӯҳбат карда будем. Давлат зани дуввуми Нисор – Анна Киттсисро шахсан мешинохт, мегӯяд Сафарбек.
Ба гуфтаи коргардон, дар таърихи навини Тоҷикистон бисёр шахсони барҷастае буданд, ки дар ҷумҳурӣ беадолатона кам шинохта мешаванд. Шахсоне, ки Сафарбек мехоҳад таваҷҷӯҳро ба тақдиру сарнавишти онҳо ҷалб кунад, Абдулқодир Муҳиддинов – Раиси Шӯрои Комиссарони Халқии ҶШС Тоҷикистон, Шириншоҳ Шоҳтемур – яке аз асосгузорони Тоҷикистони муосир, Чинор Имомов – дар замонҳои мухталиф мансабҳои Комиссари халқии тандурустӣ ва маорифро ишғол мекард, Нусратулло Махсум – аъзои Бюрои КМ ПК Тоҷикистон ва шоир Вадуд Маҳмудӣ мебошанд. Ҳамаи онҳо барои рушди ҷумҳурии ҷавон хидматҳои зиёд карданд ва ҳамаи онҳо дар солҳои 30-ум парронда шудаанд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.