Тибқи нақшаи коршиносон Кодекси навшудаи ахлоқи журналистӣ дар ҷаласаи солонаи Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон барои муҳокимаи умум пешниҳод карда мешавад. Аз замони қабули он дар соли 2009 ба Кодекс ягон тағйироте ворид нашудааст.
Коршиносони расонаҳои Тоҷикистон ва берун аз кишвар барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси этикаи журналистӣ, ки аз 17 банд иборат аст, кор хоҳанд кард. Бино ба гуфтаи Зеваршо Муҳаммад, дабири кулли Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон, чор коршиноси маҳаллӣ бо бозигарони асосии бозори расонаии ҷаҳонӣ мулоқот мекунанд ва дар бораи он, ки ба Кодекс чӣ гуна тағйирот ворид кардан лозим аст, амалҳои заруриро анҷом медиҳанд. Инчунин шарики Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон – Иттифоқи журналистони Литва – ҳуҷҷатҳои ахлоқии журналистии кишварҳои Аврупоиро таҳлил намуда, ба ҳамкасбони тоҷик шарҳи муфассал пешниҳод менамояд, то онҳо бандҳои заруриро барои Кодекси “Этикаи журналистии Тоҷикистон” мутобиқ кунанд.
– Мо тасмим дорем, ки ин корро то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расонида, дар ҷаласаи солонаи аъзои Шӯрои ВАО, ки моҳи ноябр баргузор мешавад, пешниҳод кунем. Пас аз муҳокимаи умумӣ, агар аъзоёни Шӯро тасдиқ кунанд, мо ба Кодекс тағйирот ворид мекунем, – шарҳ медиҳад, Зеваршо.
Кодекси этикаи журналистии Тоҷикистон санадест, ки ВАО онро бо хоҳиши худ риоя мекунад. Соли 2009 онро 65 нашрия ва созмонҳои журналистӣ қабул кардаанд. Кодекс бо мақсади тақвияти худтанзимкунии ВАО ва баланд бардоштани сифати журналистикаи ватанӣ қабул карда шудааст. Риояи нуктаҳои Кодексро Шӯрои ВАО назорат мекунад: мутахассисони ташкилот ҳафтае 44 нашрияи чопӣ ва интернетиро назорат карда, дар як сол ду маротиба ҳисоботи оммавӣ омода мекунанд. Аммо, аз натиҷаҳои ин таҳқиқот коршиносон интизориҳои зиёд доранд.
– Мутаассифона, мунтазам риоя накардани Кодекс зиёд мушоҳида мешавад, ки худи рӯзноманигорон ин Кодексро имзо кардаанд. Ҳар ҳафта, ҳангоми мониторинг, мутахассисони мо ба ҳисоби миёна аз ҳашт то даҳ қонуншиканӣ пайдо мекунанд. Аксар вақт, банди 8 (Эҳтимоли бегуноҳӣ) ва банди 12 (Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама) риоя карда намешавад, – мегӯяд Зеваршо.
Ба гуфтаи ӯ, мониторинге, ки аз ҷониби Шӯрои ВАО гузаронида мешавад, нишон медиҳад, ки вазъ дар ду соли охир бадтар шудааст.
– Баъзе васоити ахбори омма сабк ва пешниҳоди маводҳои худро аз меъёрҳои ахлоқӣ боло гузошта, исрор мекунанд, ки бояд чунин бошад. Аммо бо вуҷуди он, натиҷаҳои мусбӣ мавҷуданд. Баъзе расонаҳо пас аз мониторинг дар соли 2019 ва тавсияҳои Шӯрои ВАО камтар ба вайрон кардани меъёрҳои ахлоқӣ даст мезананд. Масалан, дар сомонаи “Азия-Плюс” дар тӯли панҷ моҳи соли 2020 банди 12 (Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама) риоя карда мешавад. Маводи таблиғотии пулакӣ, дигар бидуни ишораи махсус нашр намешавад. Ё дар дар сомонаи “Pressa.tj” – банди 14-ум (Асардуздӣ (Плагиат)) камтар ба назар мерасад. Аммо, дигар расонаҳое ҳастанд, ки дидаву дониста меъёрҳоро вайрон мекунанд. Агар механизмҳои самарабахш танзим карда шаванд, натиҷаҳо беҳтар мешуданд, – мегӯяд Зеваршо.
Вай зикр кард, ки шумораи расонаҳое, ки Шӯро назорат карда метавонад, бинобар набудани маблағ маҳдуданд. Дар рӯйхати мониторинг телевизион ва радио мавҷуд нестанд. Ба ақидаи Зеваршо, натиҷаҳои мониторинг бояд бештар ба ҷомеаи ВАО дастрас карда шаванд.
– Ҳоло мо кӯшиш мекунем, ки имкониятҳои техникии сомонаи Шӯроро тақвият диҳем, то мониторинги ҳарҳафтаинаи васоити ахбори оммаро дар ин ҷо интишор намоем. Инчунин вазъи ВАО-ро, ки узви созмон нестанд, назорат кунем. Мутаассифона, қонуншиканӣ ҳамеша такрор мешавад. Дар Шӯрои ВАО мо тасмим гирифтем, ки бо роҳбарони расонаҳо якчанд мулоқот гузаронем, то бифаҳмем, ки чаро онҳо Кодексро нодида мегиранд. Вазифаи мо танқиди ҳамкорон нест. Мо мехоҳем ба рӯзноманигорон фаҳмонем, ки бидуни риояи қоидаҳои одӣ, дур намеравем, – мегӯяд Зеваршо.
Шӯро инчунин ба нақша гирифтааст, ки муносибати хуби байни ВАО ва давлатро ба роҳ монад. Гап сари он аст, ки рӯзноманигорон дар Тоҷикистон барои дастрасӣ ба иттилоот мушкилоти калон доранд; Душвориҳо аз алоқаи хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ бо васоити ахбори омма ва набудани маълумоти кушод ба миён меоянд. Масалан, тибқи таҳқиқоти соли гузашта, аз ҷониби хадамоти мониторинги Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), танҳо як фоизи рӯзноманигорони тоҷик аз вазъи дастрасӣ ба иттилоот қаноатманд мебошанд.
– Солҳои охир давлат ҳамкорӣ бо ВАО-ро аз даст додааст. Худи мақомот мақолаҳои даркориашро омода мекунанд ва дар расонаҳои маҳаллӣ бо маблағ нашр мекунад. Баъзан нашрияҳо бинобар мушкилоти молиявӣ наметавонанд, чунин маводро рад кунанд; баъзан онҳо умедворанд, ки аз мақомот имтиёз мегиранд. Ва ё мақомот фишор меорад, ки матнҳоро ройгон нашр кунанд. Дар натиҷа, ҳам онҳо ва ҳам дигарон зиён мебинанд – мардум ба касе эътимод надорад ва ин ҳама корҳо бемантиқ аст, -мегӯяд Зеваршо.
Вай шарҳ медиҳад, ки яке аз сабабҳои сар задани ин ҳолат рафтори худи рӯзноманигорон аст. Кормандони ВАО меъёрҳои ибтидоии рӯзноманигориро нодида гирифта, далелҳо ва иқтибосҳои манбаъҳоро таҳриф карданд, бо фишори мақомот рӯ ба рӯ шуданд ва мавзӯҳои ҳассоси иҷтимоиро тарк карданд. Ҳамаи инҳо нақзи этикаи журналистӣ низ мебошанд. Дар тӯли ёздаҳ соли пас аз қабули Кодекси ахлоқ, Тоҷикистон дар рейтинги озодии сухан дар рӯйхати Гузоришгарони Бидуни Марз 48 зина поён рафт: дар соли 2009, ҷумҳурӣ дар мақоми 113, соли 2020 – 161 аз 180 ҷойи умумиро гирифт.