Вазифаҳои асосӣ иборатанд аз:
- Анҷом додани корҳои ҳамарузаии маъмулӣ тибқи қоидаҳои баҳисобгирӣ ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои ҳамаи амалиётҳо тавассути барномаи махсуси муҳосибавии 1С;
- Пайгирӣ ва муроқибат намудан аз буҷаҳои барномаҳои марбут ба Тоҷикистон ва таҳлилу пешгӯии онҳоро таъмин намудан
- Дархостҳо оид ба рухсатиҳои меҳнатӣ, ҷадвалҳои вақти корӣ ва ҳисобот дар бораи хароҷоти кормандонро ҷамъоварӣ ва таҳлил карда
- Мусоидат намудан дар идоракунии масъалаҳои молиявии субгрантҳо, аз ҷумла қабул намудани ҳисоботи молиявии грантгирандагон мувофиқи қоидаҳои Интернюс ва донорҳо;
- Бақайдгирии маблағҳо дар хазина
- Қабул намудани ҳисобнома-фактураҳо аз провайдерҳои хидматрасон ва баъд аз тасдиқ шуданашон аз ҷониби роҳбар, тавассути Интернет-бонк таъмин намудани амалиёти пардохти онҳо.
- Тартиб додани санади ҳисоботҳои муқоисавӣ бо мақомоти андоз, фонди нафақа ва дигар дастраскунандагони хадамот .
- • Ҳамкорӣ бо аудиторҳои берунӣ ва дохилӣ ва омода кардани ҳисоботи дахлдор
Талабот:
• Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Маълумоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;
• Собиқаи корӣ дар ҳамин вазифа на камтар аз 5-сол;
• Дониши ҳатмӣ оид ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва муҳосибаи 1С;
• Донистани забони англисӣ на пастар аз сатҳи upper-intermediate ;
Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
• Таҷрибаи кор дар созмонҳои байналмилалӣ;
• Қобилияти зуд ва самарабахш иҷро намудани супоришҳои додашуда;
• Ҳунари иртибот барқаророр намудан ва сатҳи баланди масъулиятшиносӣ низ аз омилҳои калидӣ барои интихоб шудан ба ин вазифа мебошанд
Муҳлати қабули резюме — то 29 феврали соли 2020 тавассути почтаи электронии:
TJ-info@internews.org
“Интернюс Нетуорк” созмони байналмилалии ғайритиҷоратӣ барои дастгирии ВАО мебошад. Намудҳои асосии фаъолияташ: мусоидат ба рушди васоити ахбори омма , барномасозиҳо дар телевизион, истеҳсоли муҳтаво ва пешбурди технологияҳои расонаии нав; тарбияи касбии кормандони эҷодӣ ва техникӣ; ва дастгирии ҳуқуқӣ аст.