Менеҷерон – роҳбарони ВАО, муаллифони шабакаҳои машҳури YouTube аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар барномаи омӯзишие иштирок мекунанд, ки ба бозбинии модели тиҷорати хусусӣ равона шудааст ва аз ҷониби мутахассисони «Имкон Консалтинг» барои онҳо гузаронида мешавад.
Менеҷерони расонаҳои тоҷик омодаанд,ки моделҳои тиҷоратии ширкатҳои худро бозбинӣ кунанд, то вазъи иқтисодиашон беҳтар гардад. Онҳо дар тренинги якуми барномаи омӯзишӣ ширкат меварзанд, ки роҳбари «Имкон Консалтинг» -Замира Самадова барояшон мегузаронад.
– Аксар ширкатҳои расонаӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби рӯзноманигорон таъсис дода шудаанд ва ғолибан, на тибқи қоидаҳои пешбурди тиҷорат. Мо умедворем, ки бо кӯмаки мутахассисони «Имкон Консалтинг» дар ширкатҳои расонаӣ моделҳои тиҷоратӣ таҷдиди назар карда мешаванд ва онҳо дар бозор устувортар мегарданд, – гуфт Абдумалик Қодиров, директори Интернюс дар Тоҷикистон ба иштирокчиёни тренинг.
Барномаи омӯзишӣ барои менеҷерони расонаҳои тоҷик аз чор марҳила иборат аст: тренинг барои менеҷерони калон ва миёна, ташхиси тиҷорати ширкатҳои расонаӣ, инчунин дастгирии грантӣ барои татбиқи стратегияи рушди ширкатҳои расонаӣ, ки дар асоси натиҷаҳои тренинг таҳия карда мешавад.
– Мо аз абзори маъруфии моделсозии тиҷорат, ки Александр Остервалдер ва Ив Пине таҳия намудаанд ва аз ҷониби бисёр муаллифони дигар такмил дода шудааст, истифода мебарем, ки барои ҳама намуди тиҷорат, новобаста аз самти он, мувофиқ аст; ин абзор ҳатто дар моделҳои иҷтимоии корхонаҳое, ки ба фоида нигаронида нашудаанд, татбиқ карда мешавад. Дар маҷмуъ, ба воситаи ин абзор тасвири манзараи тиҷорати худро дидан мумкин аст “, -шарҳ медиҳад Замира Самадова.
Махсус барои менеҷерон китоби корӣ таҳия шудааст, ки дар он ба ғайр аз назарияи Остервалдер ва Пине, маводи иловагӣ ворид карда шудааст. Масалан, намунаи харитаи якдилӣ, дастури муфассал, ки тавассути он шумо метавонед дастаи худро барои таҳияи маҳсулот ва сохтани модели нави тиҷорӣ ҷалб намоед ва дастурамалҳо барои гузаронидани омузишҳо.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи тренинг таҳрик додани менеҷерон барои таҷдиди моделҳои тиҷораташон, аз паҳлуи дигар нигоҳ кардан ба тиҷорат ва сипас, таҳияи намудани стратегияи мувофиқ мебошад. Модели тиҷоратии сохташударо дар муддати кӯтоҳ таҷдид кардан мумкин аст, тағйиротҳорро дар бозор ба назар гирифта, барои ширкати худ он вариантро интихоб кардан лозим аст, ки муваффақтарин бошад.
.
Озмун барои иштирок дар барномаи омӯзишии Интернюс ва «Имкон Консалтинг» дар аввали моҳи июли соли ҷорӣ эълон шуда буд. Дар маҷмӯъ, барои иштирок дар озмун 24 дархост пешниҳод шуд ва аз миёни онҳо комиссия номзадҳоеро интихоб кард, ки ба талаботи барнома мувофиқат мекарданд. Дар барномаи омӯзишӣ Умед Бобохонов ва Зебо Тоҷибоева аз гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс», Хуршед Атовулло аз ширкати расонаии SugdNews, Гулнора Амиршоева-ширкати расонаии «Вечерка», Ёдгор Исломбеков, муаллифи канали «Iron King» дар YouTube, Лайло Тагаева аз «Лиму Медиа», Беҳрӯз Зеваров-муаллифи канали «Tamoshow», Шаҳноза Ҳамдамова-маҷаллаи «Ideas» ва Ҳабиб Мақбулов- Регар ТВ иштирок хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Замира Самадова, мушкилот дар васоити ахбори омма аз мушкилоти соҳибкорони тоҷик дар дигар соҳаҳои тиҷорат фарқе надорад: пеш аз ҳама ин норасоии маблағ, нарасидани мутахассисон ва бори гарони андоз аст. «Имкон Консалтинг» тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то ки пас аз итмоми тренинг иштирокчиён тавонанд ин мушкилотро ба осонӣ ҳал кунанд ва расонаҳои худро муваффақ гардонанд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.