Internews қабули дархостҳо барои иштирок дар озмуни минтақавии рузноманигориро эълон менамояд

Internews дар доираи Барномаи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ (MediaCAMP) оғози қабули дархостҳоро барои иштирок дар озмуни нахустини рузноманигорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – MediaCAMP Award-ро  эълон менамояд. Ба озмун маводҳо, сарфи назар аз он, ки дар кадом қолаб ё жанр аст, қабул мешаванд. Муҳим он аст, ки маводҳо дар расонаҳои тоҷикистонӣ, дар кадом шакле, ки бошад (онлайн, чопӣ, радио, ТВ) дар фосилаи байни 1 августи с. 2018 то 31 июли с. 2019 нашр шуда бошанд.

Ҳадафи озмун дастгирии рузноманигорони бомаҳорат ва созандагони муҳтавои мустақил дар Осиёи Марказӣ аст, ки ҳодисаву руйдодҳои дмуҳими ҷамъиятиро инъикос менамоянд. Озмун ба ҳамгироӣ дар рушди муҳити расонаҳои минтақа ва мусоидат ба тамоми намояндагони ҷомеа барои ба даст овардани иттилооти хушсифат нигаронида шудааст.

 Дар озмун рузноманигорони штатӣ ва ғайриштатии расонаҳои давлативу ғайридавлатии Тоҷикистон, фрилансерҳо ва дигар созандагони муҳтаво метавонанд иштирок кунанд. Журналистони расонаҳое, ки аз чониби созмонҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд ё берун аз кишвари иштироккунанда сабти ном шудаанд, наметавонанд дар ин озмун иштирок кунанд. Дархост ба озмун метавонад аз ҷониби худи муаллиф ё расона пешниҳод гардад. Маводҳо чи бо забони русӣ ва чи бо дигар забонҳои маъмули кишвари иштирокчӣ қабул мешаванд.

рои иштирок дар озмун пур кардани дархост,  ҳамроҳ намудани номаи ризоят (қолаб қолаб барои намояндагони расонаҳо, қолаб барои шахсони воқеӣ) зарур аст.

Муҳлати охирини пешниҳод – 10 августи соли 2019 .

Номинатсияҳое, ки ҳакамон маводҳоро баррасӣ мекунанд инҳоанд:

«Ҳокимият ва ҷомеа»,

«Насли бидуни марз – Вақти имкониятҳо»,

«Вақти ёрӣ расондан»,

«Қаҳрамонони ҳамҷавор» ва «Объектив» (номинатсияи махсус).  

Муфассалтар дар бораи номинатсияҳо, тартиби гузаронидан ва ташкили озмун дар Муқаррарот бихонед.

Кумитаи интихоби мавод сараввал корҳои беҳтаринро дар ҳар кишвари иштирокчӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, муайян намуда, ғолибонро ба Душанбе даъват мекунад, ки дар моҳи сентяри соли 2019 дар доираи Ҷашнвораи расонаӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун сурат мегирад. Ғолибонро ҳакамони байналмилалии махсус муайян мекунанд.  

Дар мавриди ҳамагуна суолҳо дар Тоҷикистон метавон ба ҳамоҳангсози барнома Лилия Гайсина, lgaisina@internews.org  муроҷиат намуд.

Бо ҷавоби саволҳои зуд зуд такроршаванда тариқи ПАЙВАНД метавон ошно шуд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

3 thoughts on “Internews қабули дархостҳо барои иштирок дар озмуни минтақавии рузноманигориро эълон менамояд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *