Се шаҳрванди ҷавону фаъол аз се шаҳр-Хуҷанд, Хоруғ ва Бохтар дар саҳифаҳои сомонаи ин нашрияи рузномаи душанбегӣ дар бораи падидаҳои минтақаҳои худ хоҳанд навишт. Рузномаи “Вечёрка” ҳеҷ вақт мухбирони минтақавӣ надошт; кормандони наваш ҳеҷ вақт ба сифати рузноманигорони шаҳрвандӣ кор накардаанд, вале ҳар ду ҷониб ҳам барномаҳои (нақшаҳо) зиёде барои ҳамкорӣ доранд.
Кормандони Интернюс бо ин дастаи нав мулоқот карда, дар редаксия омузиш гузаронданд.
Рузномаи душанбегии «Вечёрка» – нашрияи бузург нест, ҷавон ва то ба наздикиҳо ба мухотабон аз пойтахт равона шуда буд. Воқеан, дар хазинаи ин нашрия чорабиниву маъракаҳои миқёси ҷумҳурӣ ҳам ҳаст, вале зарурати истеҳсоли маводе,ки на танҳо ба сокинони пойтахт, балки барои тамомоми сокинони кишвар муҳим бошад, ба наздикӣ пайдо шуд.
- Мо дар мавриди он андеша мекардем, ки дар нашрияамон дар бораи тамоми минтақаҳои Тоҷикистон нақл кунем,-мегуяд сармуҳаррири он Гулнора Амиршоева- Аммо, маъмулан, масъалаи маблағгузорӣ ба миён меомад: дар бораи минтақа бояд мухбире бинависад, ки дар о ҷо зиндагӣ мекунад ва ниёз ба маош дорад, мо бошем пул надоштем. Аз ин ру, лоиҳаи Интернюс бо номи “Рузноманигорони шаҳрвандӣ” бароямон муфид аст. Умедворем, ки ки ҳамааш хуб анҷом меёбад ва ҳамкориамонро пас аз анҷоми лоиҳа бо ин ҷавонон минбаъд ҳам идома медиҳем.
Гулнора мегуяд, ки пайдо намудан рузноманигорони шаҳрвандӣ осон набуд, Даъвати фаъолон ба ҳамкорӣ , аслан, талоши инфиродӣ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ буд, вале хушбахтона ин заҳмат бар ҳадар нарафт ва редаксия се ҷавони фаъолро аз шаҳрҳои Хуҷанд,Хоруғ ва Бохтар пайдо намуд, ки хеле хоҳиши зиёде барои ба ҳайси рузноманигорони шаҳрвандӣ кор кардан доранд.
Маълумот аз минтақаҳо ба қадри кофӣ намерасад.
Азиза Тухтабоева аз шаҳри Хуҷанд аст, қиссаҳои аҷибе дар бораи зодгоҳаш мегуяд, ки ҳамкорони наваш онро бо дилу ҷон гуш мекунанд. Азиза ҳеҷ гоҳ ба сифати рузноманигор кор накардааст, аммо вақте дар бораи мушкилоти Хуҷанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ нақл мекунад, диққати мансабдаронро ҷалб менамояд.
-Ман мақолаҳоро оид ба вилояти Суғд дар ВАО-и тоҷикзабон кам мебинам,- мегуяд ӯ.
-Ба ман ҳамчун хонанда иттилоот намерасад ва чунин ба назар мерасад, ки рузноманигрон танҳо дар бараи кадом чорабиниҳои давлатӣ, кушодашавии корхонаҳо ,бонкҳо менависанду аз мушкилоти мо ё зиндагии одамони оддӣ дар ВАО-и марказӣ наменависанд. Зиёда аз ин рузноманигорни хуҷандӣ ҳам чизе наменависанд.
Азиза умед дорад, ки ин халоро пур кунад, аз рузгорои шаҳру вилояташ тавре нақл кунад, ки ҳам ба сокинони вилоят ва ҳам бошандагони дагар минтақаҳо шавақовар бошад ва ҳамчунин мехоҳад таҷрибаи нав бигарад ва шиносҳои нав пайдо кунад. Иштирокчии дигари лоиҳа-Парвина Амирхонова дар бораи зиндагиии шаҳри худаш-Бохтар нақл хоҳад кард.
-Барои худам ҳам шавқовар аст, ки дар бораи шаҳр бештар донам, зеро иттилоот дар бораи он нест,-мегуяд Парвина. Ҳеҷ таҷрибаи рузноманигорӣ надорам, аммо дар ширкати байналмилалие кор мекардам, миёни мардум пурсиш мегузарондем, ба нуқтаҳои дурдасти кишвар мерафтем ва ман дарк кардам, ки одамон дар бораи ҳамсояҳои наздишаҳрии худ ҳатто тасаввуроте надоранд.
Ва иштирокчии сеюм – Икром Васизода аз Хоруғ аст.
– Чанд сол пеш тариқи телевизион харобаҳои Кобулро нишон дода, гуфтанд ки ин Хоруғ аст. Ҳолат вазъ дигаргун шудааст, вале ҳамоно маълумот ба таври кофӣ нест, -шарҳ медиҳад Икром.- Ман амалан тамоми рузномаҳоеро мехонам, ки дар бораи Тоҷикистон менависанд, вале на ҳама рузноманигорон то Хоруғ меоянд. Дар худи Хоруғ се чор нафар рузноманигорон буданд, ки метавонистанд чизе қисса кунанд, вале алҳол онҳо ин имконро надоранд. Ман умедворам, ки ман метавонам дар бораи минтақаи худам бинависам.
Гулнора мегуяд, ки пеш аз омадан ба Душанбе барои омузиш, интихобшудагон нақшаи қаблии кории худро фиристоданд, ки дар он мавзуи мақолаҳо муайян шудааст.
– Ман каме хавотир будам, ки бачаҳо таҷриба надоранд, аммо вақте онҳо диди худро оид ба мушкилот фиристоданд, фаҳмидам ки назарашон рузноманигорист. Алҳол мебинам ки барояшон бетафовут нест ва онҳо омодааанд, ки қиссаҳояшонро ба иштирок гузоранд, табодул намоянд, чашмонашон барқ мезананд.
Кормандони Интернюс барои ҷавонрузноманигорони шаҳрвандӣ семинарҳои кутоҳмуддат дар мавзуи асосҳои журналистика, дар мавриди маҳоратҳои суратгирӣ ва видео дар редаксияи “Вечерка” гузаронданд. Баъдан Гулнора маҷлиси редаксионӣ барпо намуд, ки дар он журналисотони ба тозагӣ интихобшуда ва кормандони Интернюс ширкат варзиданд. Мавзуъҳо барои вақтҳои наздик муайян гардиданд, сохтори мақолаҳо, сарчашмаҳо ва дигар ҷанбаҳои зарурӣ баррасӣ гардиданд.
Ба ғайр аз рузномаи “Вечёрка” дар лоиҳаи “Рузноманигорони шаҳрвандӣ” боз панҷ нашрияи тоҷикистонӣ ширкат мекунанд: гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс», рузномаи «Пайк» аз Кулоб, оҷонсии иттилоотии «Sugd News» ва ширкати телевизионии «Диёр» аз вилояти Суғд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.
2 thoughts on “«Вечёрка» ба омода намудани рузноманигорони шаҳрвандӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон шуруъ намуд”