17 феврали соли 2022 соати 16:00 ба вақти Душанбе вебинари ройгон ва бози Internews «Корҳои хайриявӣ дар чорчӯби лоиҳаҳои расонаҳо ва СҒД: чӣ гуна метавон лоиҳаҳои самарабахш бо ҷалби мухотабонро ба вуҷуд овард».
Дар вохӯрӣ мо дар бораи он суҳбат хоҳем кард, ки расонаҳо барои оғоз ва таҳияи лоиҳаҳои марбут ба корҳои хайриявӣ аз кадом стратегия ва воситаҳо истифода бурда метавонанд. Мухотабонро ба аксия ва маъракаҳо чӣ тавр ҷалб кардан мумкин аст, барои кори пурсамари воситаҳои ахбори оммавӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи корҳои хайриявӣ чӣ лозим аст.
Вебинарро Владимир Шведов, журналист, сардабири собиқи «Такие дела» (Россия) баргузор мекунад.
Вебинар дар чорчӯби дастгирии грантии лоиҳаҳои расонаии Internews, вобаста ба ҷалби мухотабон баргузор мешавад.
Вебинар дар майдончаи Zoom бо тарҷума ба забонҳои қазоқӣ ва тоҷикӣ мегузарад. Дар ин ҷо метавонед барои иштирок сабти ном кунед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.