Рустам Гулов, мутахассиси расонаҳои нави Интернюс дар Тоҷикистон, дар бораи чӣ гуна дуруст танзим кардани Zoom барои гузаронидани мусоҳиба, хусусиятҳои иловагии муфиди ин барнома дар вебинарҳои махсус бо забони тоҷикӣ 18 июн нақл мекунад.
Бо вуҷуди он, ки аксарияти рӯзноманигорон ва блогнависони Тоҷикистон аллакай имкониятҳои Zoom-ро аз оғози пандемияи COVID-19 санҷидаанд, то ба ҳол танҳо чанд нафар мусоҳибаҳоро тавассути ин захира сабт кардаанд. Ҳафтаи равон мутахассиси Интернюс дар Тоҷикистон оид ба расонаҳои нав Рустам Гулов ҳангоми вебинари махсус хоҳад гуфт, ки чӣ гуна Zoom-ро барои мусоҳиба дуруст истифода бурдан мумкин аст.
– Аввалан, мо дар вебинар дар бораи тарзи дуруст ба танзим даровардани Zoom, барномаҳои иловагӣ, чӣ гуна омода кардани фазои кории худ, кадом таҷҳизоти иловагӣ барои гирифтани видеои баландсифат, ҳатто агар суръати Интернет ҳам хеле дилхоҳ бошад, сӯҳбат хоҳем кард, – ваъда медиҳад Рустам.
Ғайр аз он, аз ин вебинар дар бораи интихоби дурусти пасманзар, равшании сунъӣ ё табиӣ, истифода бурдани камераҳои иловагӣ ва ғайра маълумоти муфид хоҳед гирифт.
Вебинар рӯзи панҷшанбе, 18 июн, соати 16:00 бо вақти Душанбе дар заминаи Zoom баргузор мешавад.
Барои сабти ном, лутфан шакли онлайниро пур кунед. Ба почтаи электронии шумо барои ворид шудан ба вебинар пайванди махсус фиристода мешавад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.