Даромадҳо аз реклама дар ВАО-и Тоҷикистон коҳиш меёбанд, вале шумораи наворҳои таблиғотӣ аз ҳисоби пойин рафтани нарх меафзояд. Дар натиҷа, рӯзноманигорон наметавонанд муҳтавои босифат эҷод намоянд ва ҳаҷмҳои калони рекламаи арзон бошад аудиторияро асабонӣ мекунад. Мувофиқи маълумоти KTM, созмоне, ки истифодаи воситаҳои ахбори оммаро дар Тоҷикистон таҳқиқ мекунад, расонаҳои маҳаллӣ тамошобинони худро аз даст медиҳанд: ба таври мисол, 46 % аҳолии Тоҷикистон шаш сол пеш телевизиони миллиро тамошо мекарданд ва дар соли 2020 ин шумора 42 %-ро ташкил дод. Ва ин тамоюл, мутаассифона, идома дорад.
Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам қисми бештари аҳолӣ телевизионро ҳамчун манбаъи асосии иттилоот баррасӣ менамояд. Масалан, мутобиқи маълумоти KTM, 95 % сокинони кишвар ҳадди ақал як маротиба дар як моҳ телевизор тамошо мекунанд. Дар айни замон, агар мо ба интихоби тамошобинони тоҷик таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки дар панҷ шабакаи машҳуртарини телевизионӣ сетои онҳо расонаҳои хориҷӣ мебошанд. Чунин ҳолат барои ҳеҷ кас дар кишвар фоидаовар намебошад.
-Вақте ки шарикони бузурги мо аз бизнеси байналмилалӣ шабакаҳои телевизионии бартарро, ки аҳолии мо тамошо мекунанд мебинанд, онҳо мегӯянд: “Оҳ, олӣ, пас мо буҷети рекламаро дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон кам мекунем, зеро рекламаи мо дар шабакаҳои телевизионии русӣ зиёд ҳастанд”. Ҳамин тавр, расонаҳои мо пулро аз даст медиҳанд, контенти пастсифатро истеҳсол мекунанд ва аудиторияи бештарро аз даст медиҳанд, – мегӯяд Шералӣ Ҷӯрабоев, маркетолог, муассиси идораи рекламавии “Total Advertising Group”.
Ин бори аввал нест, ки Шералӣ ин мавзуъро матраҳ мекунад, аммо вазъият дар бозори ВАО ҳоло танҳо бадтар мешавад. Инро бори дигар намояндагони ВАО ва индустрияи реклама (таблиғот) дар як семинари махсус баррасӣ намуданд, ки 13 август дар шаҳри Душанбе дар чорчӯби лоиҳаи “Рушди муносибатҳои шарикӣ ва истифодаи муштараки захираҳо дар соҳаи ВАО” баргузор шуд. Ин лоиҳа аз ҷониби «Ассотсиатсияи Таблиғоти Тоҷикистон» (АТТ) амалӣ мегардад, ки дар озмуни баҳори соли 2021 эълоншудаи Internews дар Тоҷикистон ғолиб омада буд. Ба “Ассотсиатсия” Total Advertising Group, KTM ва чанд ширкати дигари вобаста ба бизнеси реклама дар Тоҷикистон дохил мешаванд. Дар тӯли амалисозии лоиҳа онҳо нақша доранд, ки дар бораи устувории молиявии расонаҳои маҳаллӣ кор кунанд ва “Ассотсиатсия” дар ин самт нақшаи корӣ дорад. Аввалан, гузаронидани таҳлили қонунгузорӣ, шурӯъ кардан ба ташкили Кумитаи индустриалӣ, ки манфиатҳои ВАО-ро ҳамчун ҳомили реклама ҳимоя кунад, инчунин баргузор намудани барномаҳои таълимӣ барои рӯзноманигорон, мансабдорон ва пешниҳодкунандагони реклама.
Семинари аввал ба ҷузъи (компоненти) таълимӣ дахл дорад ва “Ассотсиатсия” намояндагони ширкатҳои мустақили телевизион ва радиоро аз Душанбе ва НТҶ даъват намуд: радиои “Азия-Плюс”, “Авто Радио”, “Ватан”, “Имрӯз News”, шабакаҳои телевизиони минтақавии “Қӯрғонтеппа”, “Регар”, “Мавҷи Озод” ва ғайра. Мувофиқи суханони иштироккунандагони конференсия, ҳоло ҳамаи расонаҳои Тоҷикистон мушкилоти молиявӣ доранд, аммо беш аз ҳама барои расонаҳои минтақавӣ душвор аст.
“Аз соли гузашта инҷониб, шумораи реклама тақрибан 50 % кам шудааст, аз ин рӯ, мо маҷбур будем, ки ҳайати кормандони худро 40% ихтисор кунем”, эътироф мекунад Ҳабибуло Мақбулов, муассис ва раҳбари телевизиони “Регар”. – Пул кор кардан дар минтақа бисёр душвор аст; танҳо истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва хурд дар мо реклама ҷойгир мекарданд, ки ҳоло рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронанд ва аз ҳама чиз сарфа мекунанд. Ғайр аз ин, мо бояд бо ҳамкорони калони касбӣ аз Ӯзбекистон рақобат кунем, зеро сокинони ноҳияи мо шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистонро тамошо мекунанд.
Коршиносон низ дар бораи он нақл мекунанд, ки телевизиони маҳаллӣ маҷбур аст бо ҳамкорони хориҷӣ рақобат кунад.
– Шабакаҳои телевизионии хориҷӣ 51 % ҳиссаи умумии бозорро ишғол мекунанд, 49 % боқимонда байни шабакаҳои телевизионии давлатӣ (38 %) ва минтақавӣ (11%) тақсим карда мешаванд. Вазъият дар бозори радио беҳтар аст – се сатри аввал ба радиостансияҳои мустақил тааллуқ доранд: “Азия-Плюс” (8,71 %), “Ватан” (6,29 %) ва “Имрӯз” (5,86 %), мегӯяд роҳбари Шуъбаи тадқиқоти КТМ Ҷамшед Исматиллоев.
Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми муайян намудани теъдоди тамошобини телевизион (ТВ-замер), мутахассисони КТМ аз назарсанҷии 700 хонавода дар шаҳрҳои дорои беш аз 50 ҳазор аҳолӣ истифода мебаранд ва методологияи рӯ ба рӯро (Face to Face) татбиқ менамоянд. Дар мавриди андозагирии мухотабони (аудиторияи) радио, KTM барои муайян кардани он аз методикаи назарсанҷӣ ва андозагириҳои электронӣ истифода мебарад.
Ғайр аз рақобат бо расонаҳои хориҷӣ, иштироккунандагони семинар ҳамчунин дар бораи арзиши пасти реклама дар кишвар бисёр суҳбат карданд.
– Нархи реклама коҳиш меёбад: дар соли 2010 арзиши як дақиқа эфири “Шабакаи Аввал” 40 доллари ИМА, дар соли 2020 – 80 сомонӣ (8 доллари ИМА) буд. Ин дар ҳолест, ки қимати молу хидматрасониҳо меафзояду суръати таваррум (инфлятсия) чунон зиёд аст, ки расонаҳо бо он ҳамқадам шудан наметавонанд, – гуфт Шералӣ.
Дар воқеъ, на танҳо арзиши молу хидматрасониҳо, балки ҳаҷми хароҷот барои реклама низ меафзояд. Ба таври мисол, мутобиқи маълумоти КТМ, дар соли 2019 хароҷоти реклама дар Тоҷикистон тақрибан 7,1 миллион доллари ИМА, дар соли 2020 – тақрибан 7,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар талош барои ба даст овардани қисме аз ин маблағ, расонаҳои маҳаллӣ шумораи рекламаи арзонро зиёд мекунанд, ки ин ҳамчунин ба ҷаззобияти расонаҳо дар назари аудитория таъсир мерасонад.
-Дар як блок, дар праймтайм, ба ҳисоби миёна дар телевизиони маҳаллӣ 25 реклама пахш карда мешавад, дар шабакаҳои алоҳидаи телевизионӣ дар як блок 61 реклама дар праймтайм ба қайд гирифта шудааст. Истеҳсолкунандагони реклама чунин блокҳоро “қабри умумӣ” меноманд, зеро аудитория онҳоро намебинанд, тамошобинон дар ин лаҳза танҳо ба шабакаи дигар мегузаранд ё ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешаванд, шарҳ медиҳад Шералӣ.
Дар ҷараёни мулоқот, иштироккунандагон ҳамчунин коҳиши якбораи даромадҳои шабакаҳои телевизионӣ аз реклама дар соли 2010 – ро, пас аз он ки телевизиони маҳаллӣ мамнуиятро барои ҷойгир кардани реклама аз операторҳои мобилӣ ба таври шифоҳӣ дарёфт карданд (он ҳоло ҳам амал мекунад) ба ёд оварданд. Дар ибтидои соли 2021, чунин манъкунӣ барои рекламаи пӯшаки кӯдак (памперс) дар шабакаҳои телевизионӣ вуҷуд дошт. “Ассотсиатсия” он вақт дар бораи ин масъала бо як номаи махсус ба Кумитаи телевизион ва радио муроҷиат намуд; он каме дертар бекор карда шуд. Иштироккунандагони семинар зикр намуданд, ки чунин ҳодисаҳо вазъияти бе ин ҳам номусоиди бозорро шадидтар мекунанд ва барои пешгирии чунин ҳолатҳо ба кормандони ВАО идорае зарур аст, ки манфиатҳои онҳоро ҳифз карда, мушкилоти онҳоро ҳал намояд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.