Устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон саводнокии расонаӣ ва рақамиро меомӯзанд

Зиёда аз бист омӯзгорони донишгоҳҳои чаҳор минтақаи Тоҷикистон дар як давраи омӯзишии панҷрӯзаи саводнокии расонаиву рақамӣ, ки аз ҷониби “Ассотсиатсияи тафаккури интиқодии Тоҷикистон” баргузор мешавад, ширкат мекунанд. Омӯзиш дар осоишгоҳи ватании Хоҷа Оби Гарм доир мегардад.

Омӯзиши панҷрӯза, ки дар он беш аз бист устодони донишгоҳ ширкат меварзанд, мебоист моҳи июни соли равон дар шакли лагери тобистона баргузор гардад. Аммо бо назардошти вазъи мураккаби эпидемиологӣ, ба моҳи ноябр гузаронида мешавад. Омӯзиш 23-юми ноябр оғоз шуда, то охири ҳафта идома хоҳад ёфт, ки онро “Ассотсиатсияи тафаккури интиқодии Тоҷикистон” мегузаронад. Ин ташкилот дар як озмуни грантии саводнокии расонаиву рақамӣ, ки моҳи апрели соли равон Интернюс баргузор кард, ширкат варзид ва ғолиб омад.

-Аввалан, мо барои омӯзгорони факултаҳои журналистика ва филологияи донишгоҳҳои Тоҷикистон омӯзишҳои саводнокии расонаиву рақамӣ гузаронидем. Баъдан, хостем, ки беҳтаринҳоро ба лагери тобистона даъват кунем.  Аммо бо сабаби пандемия ба гузаронидани лагер муваффақ нашудем. Мо тасмим гирифтем, ки онро бо тренингҳои панҷрӯза иваз карда, аз ҳар як минтақа – омӯзгорон, магистрҳоро даъват кардем, – мегӯяд муаллими Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (ДМТ), профессор Ҷовид Муқим, муаллифи лоиҳа.

Ҷовид Муқим

Профессор мегӯяд, ки дар тренингҳои дурӯзаи ҳар як минтақаи ҷумҳурӣ бист нафар ҷамъ омада буданд. Дар як муддати кӯтоҳ, иштирокчиёнро бо мафҳумҳои асосии саводнокии расонаиву рақамӣ ошно сохтанд, ба онҳо дар бораи аҳамияти фавқулоддаи ин соҳа, алахусус барои рӯзноманигорони оянда, нақл кардан имконпазир гардид. Гап сари он аст: дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон то ҳол як фанни алоҳидае вуҷуд надорад, ки ба саводнокии расонаиву рақамӣ бахшида шуда бошад. Ҳамзамон муаллимону донишҷӯён на ҳамеша бо принсипҳои саводнокии расонаӣ ошно ҳастанд.

Ҷамшед Маърупов – яке аз илҳомбахши асосии рушди саводнокии расонаиву рақамӣ дар Тоҷикистон ва Кутбиддин Мухторӣ – номзади илмҳои филология, устоди кафедраи журналистикаи ДМТ, ки дар Маркази саводи расонаӣ кор мекунад, тренерони лоиҳа буданд. Ин марказ тирамоҳи соли гузашта фаъолияти худро оғоз карда, барои омӯзгорон, аспирантҳо, донишҷӯён омӯзишҳои саводнокии расонаиву рақамӣ мегузаронад.

-Ҳатто пас аз ду рӯзи тренингҳо, ширкаткунандагони мо аллакай ба татбиқи дониши бадастомада, дар барномаҳои таълимии худ шурӯъ карданд. Умедворем, ки ин панҷ рӯз низ фоидаовар хоҳанд буд. Иштирокчиён то бевақтии шаб кор мекунанд, то вақтро аз даст надиҳанд”, – мегӯяд Ҷовид Муқим.

Профессор дар бораи Ганчина Азизуллоева, яке аз ширкаткунандагони омӯзиш нақл кард. Вай омӯзгори ҷавони Донишгоҳи давлатии Хоруғ аст; дар факултаи филологияи донишгоҳаш дарс мегӯяд, аммо шогирдонаш на танҳо филологҳои оянда, балки рӯзноманигорон низ ҳастанд.

Ганҷина бори аввал дар бораи саводнокии расонаӣ ҳангоми иштирок дар омӯзиши дурӯзаи профессор Ҷовид Муқим шунид. Ин мавзуъ ба ӯ чунон илҳом бахшид, ки Ганчина барои шогирдонаш курси махсус кушод, то дар бораи донишҳои гирифтааш нақл кунад. Вай иқрор омад, ки шогирдонаш мисли ӯ қаблан ҳеҷ гоҳ дар бораи саводи расонаӣ нашунида буданд.

Ганҷина Азизуллоева

– Акнун ман ду гурӯҳ дорам, яке бо 13 ва дигаре бо 14 кас. Мо бо онҳо дар бораи заминаҳои саводнокии расонаиву рақамӣ сӯҳбат мекунем ва дар самти тавлиди маводи расонаӣ кор мекунем – дар телефон аксу навор мегирем, наворҳоро танзим мекунем ва инчунин фактчекро меомӯзем. Ин кори амалӣ ба донишҷӯён хеле писанд аст. Ман низ ба ин ҳама таваҷҷуҳи зиёд дорам. Кӯшиш мекунам, ки малакаи худро такмил дода, дар ин самт рушд ёбам. Ҳамзамон дар ин бобат ба ман устод Ҷовид Муқим кӯмак мекунад. Умедворам, ки тамоми донишҳои муфиди аз ӯ гирифтаамро ба шогирдонам интиқол диҳам, – мегӯяд Ганчина.

Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *