Дар Душанбе лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радио» -ро муҳокима карданд, ки имконияти гузариш ба пахши рақамиро, аз ҷумла барои ширкатҳои мустақили телевизионӣ ва радиоӣ ҳам, пешбинӣ мекунад, Қонуни амалкунанда имкон намедиҳад, ки шабакаҳои телевизионии хусусӣ ба “пахши рақамӣ” гузаранд ва соли 2024, вақте ҷумҳурӣ бояд пурра ба формати нав гузарад, онҳо метавонанд ба мушкилиҳо дучор оянд.
Муҳокимаи лоиҳаи қонун «Дар бораи пахши телевизион ва радио» рӯзи 24 январ дар мизи мудаввар бо иштироки таъсиргузорони асосии бозори расонаҳо ва намояндагони мақомоти давлатӣ, воқеан, марҳилаи ниҳоии шунидҳои ҷамъиятӣ пеш аз қабули қонуни нав аст. Ба наздикӣ муҳокимаҳои парламентӣ баргузор мегарданд ва то охири сол бояд қонуни нав қабул шавад.
– Кишварҳои Осиёи Марказӣ қонунгузории худро аллакай ба талаботи нав мутобиқ карда, пурра ба пахши рақамӣ гузаштанд. Алҳол Тоҷикистон маъракаи гузариш ба пахши рақамиро ба анҷом мерасонад ва баъзе камбудиҳоро ҳал карда истодааст,-гуфт Олим Салимзода, раиси Кумитаи масъалаҳои байналмилалии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.
Ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи қонун иштирокчиёни мизи мудаввар танҳо ислоҳоти техникиро пешниҳод карданд.
– Эзоҳҳо хеле каманд ва ин боиси хушҳолист,ки ба ҳама ин тарҳ писанд аст. ВАО-и мустақил аз он қаноатманд ҳастанд , ки тавсияҳояшонро ворид карданд ,-мегӯяд Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиносми соҳаи расонаҳо аз созмони “Хома”, ки дар тӯли солҳои дароз ба раванди гузариш ба пахш рақамӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Ӯ тавзеҳ медиҳад, ки тамоми тавсияҳои дар мизи мудаввар ҳосилшуда ба парламент пешниҳод карда мешаванд. Ғайр аз он, ба ҳукумат вазорату идораҳо хулосаҳояшонро медиҳанд.
– Лоиҳаи мазкур хом нест, он аллакай аз ҷониби вазорату идораҳо ду бор мавриди хулосагирӣ қарор ёфтааст. Вақте лоиҳа ба парламент ворид мешавад, мо кӯшиш хоҳем кард, ки мутахассисонро ҷалб намоем , то ки онҳо дар навбати худ ба аъзои парламент моҳияти ҳуҷҷатро муфассал шарҳ диҳанд. Умедворем, ки қонуни нав то охири соли 2020 қабул хоҳад шуд. То соли 2024 мо бояд пура ба пахши рақамӣ гузарем ,- мегӯяд Ранҷет Ятимов.
ВАО-и мустақил чӣ андеша доранд?
Дар лоиҳаи қонуни нав сохтани мултиплекси дуввум пешбинӣ шудааст (маҷмӯи каналҳои телевизионӣ ва радиошунавонӣ, ки тавассути як канали рақамӣ интиқол дода мешаванд), ки ширкатҳои телевизион ва радиои мустақил ба он пайваст мешаванд.
– Телевизионҳои аналогӣ мувофиқи меъёрҳои лоиҳаи қонуни нав мутобиқи моддаи 47, то даме вуҷуд хоҳанд дошт,ки мавриди истифода қарор мегиранд. Мушкилоти ягонаи ширкатҳои телевизионӣ ва радиои мустақил алҳол чӣ гуна пайваст шудан ба мултиплекс ва пардохти ҳаққи хидматрасонии он мебошад. Аммо ин аллакай масъалаи дуввум аст, ҳоло ба мо таҳкурсӣ дар шакли қонун лозим аст, то мултиплекси дуюмро махсусан барои шабакаҳои телевизионии мустақил эҷод намоем. Тибқи қонуни ҷорӣ, ин ғайриимкон аст, -шарҳ медиҳад Ранҷет Ятимов.
Роҳбари ширкати телевизион ва радиои мустақили “Азия”- Аъзамхон Акбаров аз вилояти Суғд , оид ба он ки барои бахши хусусӣ гузариш ба пахши рақамӣ, пеш аз ҳама, аз ҷиҳати молиявӣ мушкил аст, омода аст.
– Мо барои мутобиқ шудан бо тамоюлҳо сармоягузорон ва маблағҳои иловагӣ меҷӯем. Гузариш ба “пахши рақамӣ” мехоҳем ё намехоҳем аллакай ногузир аст. Имрӯз мо бори дигар дар бораи он сӯҳбат кардем, ки оё мардум “пахши рақамиро” тамошо карда метавонанд. Боварӣ дорам, ки вақте ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ба ин формат мегузаранд, одамон имкони тамошои телевизорро пайдо мекунанд. Агар чунин тамоюл дар тамоми ҷаҳон рух дода бошад, ин маънои онро дорад, ки он дар кишвари мо низ рух хоҳад дод “,- шарҳ медиҳад Акбаров.
Дар мавриди лоиҳаи қонуни нав, ба гуфти директори ширкати телевизион ва радиои “Азия”, ин санад уро комилан қаноатманд мекунад.
– Ман мебинам, ки лоиҳаи қонун манфиатҳои маро ҳамчун намояндаи бахши хусусӣ ҳимоя мекунад. Ман худам узви гурӯҳи корӣ дар таҳияи ин ҳуҷҷат будам ва мебинам, ки ҳама тавсияҳои коршиносон ба инобат гирифта шудаанд. Гузашта аз ин, тавсияҳои ҳам бахши хусусӣ ва ҳам намояндагони ҳукумат, ки дар муҳокима ширкат доштанд,- мегӯяд Акбаров.
Тоҷикистон ба ҳайси узви Иттиҳодияи Байналмилалии Телекоммуникатсия дар баробари 103 кишвари дигари ҷаҳон соли 2006 дар Конфронси дуюми минтақавии радиотехникӣ дар Женева уҳдадор шуд, ки комилан ба пахши рақамӣ мегузарад. Созишномаи Женева дар назар дорад, ки кишварҳо бояд хизматрасониҳои пахши заминии худро навсозӣ кунанд. Ин гузариш барои ҳама муфид аст: истифодаи бештар самараноки манбаи басомадҳоро имконпазир мекунад, танзимгарон метавонанд «дивидени рақамиро» дуруст тақсим кунанд ва истеъмолкунандагон бошанд ба хидматрасониҳои босифат фаро гирифта мешаванд. Гузариш ба пахши рақамӣ мутобиқи ӯҳдадориҳо бояд дар соли 2015 баргузор мешуд, аммо баъдтар мӯҳлат то соли 2024 тамдид шуд.
Дар соли 2019 “Хома” дар озмуни грантҳои Интернюс Тоҷикистон барои мусоидат ба пахшкунандагони мустақил ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ ғолиб омад. Дар соли 2020, созмони “Хома” аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии ҳакамони байналмилалӣ бори дигар ғолиби озмун шуд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.