Тарҳи “Мураббиён”: корофаринҳои Душанбе наврасонро орзу кардан ёд медиҳанд

Limu Media ва ташкилоти ҷамъиятии IRODA тарҳи муштараки “Мураббиён”- ро оғоз карданд. Панҷ мураббиён, ки сокинони маъруфи Душанбеанд ва ҳашт навраси дорои хусусияти махсус дар як ҳафта чанд маротиба вохӯрда, аз якдигар малакаҳои муфид меомӯзанд. Масалан, аксбардорӣ, барномасозӣ, баромад дар назди аудитория ё қобилияти ҳис кардани озодии худ.

Ҳоло дар маркази IRODА ҳама дар бораи лоиҳаи “Мураббиён” ҳарф мезананд. Ҳам насли калонсол – мураббиён, муаллимон, ҳам ҷавонон – наврасони барномаи рушд ва кормандони ҷавони қаҳвахонаи иҷтимоии “Дар Як Замин”. Ҳама аз пешрафти ҳашт навраси иштирокчии барномаи рушд пайравӣ мекунанд, ки онҳо ҳар ҳафта бо ситораҳои Душанбе вохӯрда, чизи ҷолиб ва муфидро меомӯзанд, вақтхушӣ карда, худро тағйир медиҳанд.

– Вохӯриҳои мо чӣ гуна сурат мегиранд? Мо бо мураббӣ вақти вохӯриро муайян мекунем, масалан, соати 10-и рӯзи якшанбе. Дар давоми ҳафта наврасони мо якчанд маротиба дар як рӯз ба мо хотиррасон мешаванд, ки вохӯрӣ соати 10-и рӯзи якшанбе аст ва мо онро фаромӯш насозем, – мегӯяд Зуҳро Сафарова, ҳамоҳангсози барномаи “Волидони баркамол”, ки лоиҳаи “Мураббиён” -ро назорат мекунад.

вохӯрӣ бо мураббиён дар қаҳвахона, акси Limu Media

Мураббиён дар ҳаёти наврасони маркази IRODA бо шарофати ғояи Limu Media ворид шуданд. Онҳо идеяи худро ба озмуни грантӣ оид ба ҷалби аудитория, ки Интернюс дар Тоҷикистон эълон карда буд, пешниҳод намуда, ғолиб омаданд. Дар ин лоиҳа, расона бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо тарҳҳои барои ҷомеа муҳимро тарғиб намуда, бо ин роҳ ҳамзамон аудиторияи ғамхорро ҷалб мекунанд. Limu Media ва IRODA кӯшиш мекунанд, ки ҷомеаро бо ғояҳои фарогирӣ, масъулияти иҷтимоӣ ва хайрхоҳӣ барангезанд. Ҳарчанд қаблан онҳо дар ин формат кор намекарданд.

Онҳо тарҳро чунин оғоз карданд: IRODA ба Limu Media наврасонеро муаррифӣ кард, ки маҳфилҳои дӯстдошта доранд ва дар оянда мехоҳанд бо ин кор машғул шаванд. Хабарнигорони Limu Media барои ҳар як наврас мураббӣ дарёфт намуда, онҳоро ба якдигар шинос карданд.

“Дар умум, пайдо кардани мураббиён душвор набуд. Мо зуд як гурӯҳро ҷамъ кардем”, – мегӯяд роҳбари ширкати Limu Media, Лайло Тагаева. – Албатта, на ҳама кас розӣ буданд. Онҳое, ки шубҳа мекарданд, ман фавран ҳамкориро қатъ кардам. Чун дар ҷои аввал хоҳиш ва аз сидқи дил иҷро кардани кор меистад.

Лайло аз рӯи якчанд меъёрҳо мураббиёнро интихоб кард: муваффақ будан, ҳадафмандӣ, фаҳмиши хуб, доштани аудиторияи хуб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва маъруфият. Ду нуқтаи охир бо мақсади расонидани ғояҳо ба аудиторияи васеъ нигаронида шуда буд. Дар натиҷа 6-иттиҳодияи эҷодӣ ба ҳам омаданд:

Дилшод, ки орзуи барномасоз шуданро дорад ва Мубориз Субҳонов, вебнавис, мутахассиси IT;

Хушбахт, ки ба навохтани таблак майли зиёд дорад ва Фирӯз Ҳасанов, менеҷери тиҷорати электронии Вавилон-M, ҳунарманд;

Марям – ба модараш дар дӯхтани либосҳои миллӣ кӯмак мекунад ва Тоҳир Иброҳимов, тарроҳ, директори Tajikistan Fashion Week;

Умеду Маҳлиё – дӯстдорони рақс – ва мураббии онҳо Умеда Базарова, раққоси касбӣ ва узви гурӯҳи Lords of Dance;

Сайёд, ки дар телефони мобилӣ аксбардориро дӯст медорад ва Руслан Яхшибаев, аксбардори касбӣ;

Юсуфу Равшан ҳаводорони санъати тасвирӣ ва Аскарҷон Аминов (Oskar Graff), рассоми муосир мебошанд.

Пеш аз оғози кор, ҳамаи мураббиён дар қаҳвахонаи “Дар Як Замин” бо наврасон ва волидони онҳо вохӯрда, дар бораи иштирок дар тарҳ гуфтугӯ карданд. Ҳамзамон мураббиён аз мутахассисони маркази IRODA тавсияҳо гирифтанд.

– Вақте мо аллакай ҳама чизро тасмим гирифтем, муҳокима кардем, волидон ногаҳон ба мо гуфтанд: “Ба фарзандони мо кӯмак кунед, то ба худашон бовар кунанд”. Ва, рости гап, ҳамаи мо, дар ҳамон лаҳза пурра дарк кардем, ки чигуна тарҳро оғоз карда истодаем, – мегӯяд Лайло.

Натиҷаҳои нахустин

Ҳоло дар маркази IRODА, занони омӯзгор бояд ҳамеша ҳушёр бошанд. Гап сари он аст, ки Сайёд пас аз дарсҳо бо Руслан тамоми чизе, ки дар гирду атроф мебинад, аксбардорӣ мекунад. Аз ҷумла, муаллимонашро ҳам. Зуҳро аксҳоеро нишон медиҳад, ки Сайёд ба чатҳои IRODA партофтааст. Дар аксҳо муаллимон  чизеро шадидан муҳокима мекунанд, дар компютер кор мекунанд ва дигар.

– Мо одатан барои аксбардорон истод мекунем, аммо дар ин ҷо Сайёд бидуни огоҳӣ акс мегирад. Пас аз аксбардорӣ, он тасвирҳоро дар кулли чатҳои мо мегузорад. Вай як қатор аксҳои моро дорад, – қисса мекунад Зуҳро.

Миёни аксҳои Сайёд, ҳам аксҳои хабарнигорӣ ва ҳам аксҳои бадеиро дидан мумкин аст. Руслан ба ӯ сохтани экспозитсияҳоро омӯхт ва Сайёд бо хурмову анор кашидани натюрмортҳои тирамоҳиро оғоз кард. Пас аз аксҳои Сайёд, Зуҳро расмҳои Юсуф ва Равшанро нишон дод, ки онҳо дар якҷоягӣ бо устоди худ, рассоми мӯд- Oskar Graff офаридаанд.

Сайёд ва Руслан, акси Limu Media

– Қариб барои ҳамаи наврасони мо муошират бо чунин шахсони муваффақу ҳавасманд, ба мисли мураббиёни мо як чизи нав аст. Бале, ҳатто барои волидон низ! Мутаассифона, фарзандони мо аксар вақт дар дохили ҷомеа ҳастанду бо ҷаҳони беруна муносибат намекунанд. Онҳо дар пеши худ чунин намунаҳои муваффақро надидаанд ва ҳоло дар оташ ҳастанд. Гузашта аз ин, худи мураббиён аз наврасон меомӯзанд ва вақте ки онҳо бо овози баланд мегӯянд, қадршиносии худи наврасон меафзояд! – мегӯяд Зуҳро.

Наврасони маркази IRODA дер боз орзу мекунанд, ки ба олами беруна бароянд. Солҳои тӯлонӣ дарҳои ин ташкилоти ҷамъиятӣ барои ҳама рӯзноманигорон ва одамони ғамхор боз аст. Зуҳро шарҳ медиҳад, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи касони дорои хусусият ҳанӯз маълумот кам аст ва аз ин рӯ, онҳо бо нофаҳмиҳо дучор мешаванд.

– Масалан, вақте ману Марям барои дидани устодаш – Тоҳир ба коргоҳи дӯзандагӣ омадем, духтарони дар он ҷо кор мекардагӣ мепурсиданд, ки оё ӯ ин корро карда метавонад? Оё ба ӯ дарзмол, ширеш додан мумкин аст? Марям дар асл нишон дод, ки ӯ метавонад, чӣ гуна кӯшиш мекунад. Умедворам, он духтарон чунин саволҳоро дигар нахоҳанд дод. Вақте мо худро нишон намедиҳем, ҷомеа ба қабули мо омода намешавад, – мегӯяд Зӯҳро.

Марям ва Тоҳир, акси Limu Media

Барои мисол, Тоҳир пеши волидони наврасони IRODA як ҳадафи бузурге гузошт. Гап сари он аст, ки дар марказ як гурӯҳ заноне ҳастанд, ки ба сӯзанидӯзӣ машғуланд. Гурӯҳро модари Марям роҳбарӣ мекунад ва Тоҳир онҳоро барои иштирок дар намоиши баҳории худ даъват кард: модарон коллексияи худро эҷод намуда, моделҳои худро омода мекунанд. Моделҳо духтарону писарони маркази IRODA ва худи Марям низ хоҳанд буд. Зеро аллакай ҳангоми кор бо Тоҳир маълум шуд, ки Марям натанҳо мехоҳад дӯзандагӣ кунад, балки мехоҳад модел низ бошад.

«АватарБача»

Мубориз Субхоновро дар Instagram қариб 90 ҳазор пайгирӣ мекунанд, Дилшоди 14-соларо @Avatarbacha бошад то имрӯз ҳамагӣ 126 нафар. Аммо Дилшод пайравони худро дар тӯли даҳ рӯз ҷамъ овард. Ҳамин, ки бо Мубориз шиносоӣ пайдо карданд, онҳо фавран қарор доданд, ки барои Дилшод саҳифаи Instagram боз кунанд.

– “Дилшод хеле шӯҳратпараст аст ва дар назди худ ҳадафҳои воқеӣ, мушаххас мегузорад. Масалан, ҳоло ӯ нақша дорад, ки дар саҳифаи ҷадиди худ ҳазор муштарӣ ҷамъ оварад. Ман ба ӯ тарзи пешбурди саҳифаро меомӯзам” – мегӯяд Мубориз.

Вай бо даъвати Лайло ба тарҳ ворид шудааст. Ӯ мегӯяд, ки ба даъват фавран розӣ шуд. Чун аксар вақт бо наврасон кор кардааст, аз ин рӯ, ҳеҷ шубҳае пайдо нашуд.

– Мо аввал калимаҳоеро муҳокима кардем, ки набояд истифода шаванд.  То ҳангоми муошират ба кӯдак осеб нарасонанд. Масалан, Дилшод бо ароба ҳаракат мекунад ва вақте ба мошин менишинад, ман мехостам ба ӯ кӯмак кунам. Аммо модараш гуфт, ки ҳоҷат ба кӯмак нест: ӯ худаш ҳама корро карда метавонад. Сарфи назар аз он, ки шумо мехоҳед ба Дилшод кӯмак кунед, шароит фароҳам оред, ки ҳама чизро мустақилона худаш идора кунад, мегӯяд Мубориз.

Дилшод ва Мубориз, акси Limu Media

Дилшод ба барномарезӣ ва технология таваҷҷуҳи зиёд дорад. Инчунин мехоҳад, ки аз сухангӯйӣ баҳравар гардад. Аз ин рӯ, Мубориз ба Дилшод малакаҳои ораториро меомӯзонад. Ҳамзамон ӯро дар мактаби “Илмхона” номнавис кард, ки дар он ҷо асосҳои барномасозиро меомӯзонанд.

-“Филми дӯстдоштаи Дилшод, мисли ҳар писарбачаи бо ароба – “Аватар” аст. Ӯ ин филмро хеле дӯст медорад ва интизори қисми навбатиаш аст. Дилшод орзу мекунад, ки дар оянда ҳамин гуна як филми худашро сабт кунад ва барои амалии ин орзуяш мехоҳад барномарезиро омӯзад”, – мегӯяд Мубориз.

Дилшод аллакай донишҳои суханварии худро ба кор мебарад. Масалан, ӯ чанде пеш дар як конфронс, ки тариқи ZOOM бо ташаббуси IRODA баргузор шуд, ширкат варзид ва баромад кард. Ин баромад бо хоҳиши худи Дилшод буд. Ғайр аз ин, Дилшод аллакай ба дарси кушоди маркази таҳсилоти фосилавии Impact Hub Душанбе даъват шудааст.

– Рости гап, вақте мо барои мулоқот бори аввал дар маркази Ирода ҷамъ омадем, дидам, ки дар чеҳраи баъзе мураббиён нофаҳмиҳо пайдо шуд ва ман низ каме дилгир шудам. Зеро дар аввал мо намедонистем, ки чӣ гуна дуруст рафтор кунем, дар умум чӣ кор кунем. Аммо баъд, вақте дидем, ки мо метавонем барои бачаҳо дунёи нав кушоем, дидем, ки онҳо ва волидонашон ба ин лоиҳа бо чӣ умед менигаранд, мо ба кор шурӯъ кардем”, – гуфт Лайло.

Зуҳро инчунин гуфт, ки мураббиён воқеан изҳори нигаронӣ доштанд:

 – Умеда ба наврасони мо рақсро меомӯзонад. Дар аввал гуфт, ки шояд аз дасти ман иҷрои ин амал наояд. Ман ӯро ором карда, гуфтам: асабонӣ нашав, шумо ба онҳо таълим медиҳед, ки истироҳат кунанд ва бадани худро эҳсос кунанд. Вале шумо бояд худро ором карда, озодиро эҳсос кунед. Он чизе, ки шумо бо онҳо мекунеду он чизе, ки ба онҳо медиҳед, аллакай хушбахтии бузургест. Чун хушбахтӣ як раванд аст.

Умеда ва Умед, акси Limu Media

Наврасоне, ки Умеда ба онҳо рақс карданро меомӯзад, ҳамноми ӯ – Умеди 17-сола ва Маҳлиёи 18-сола мебошанд. Онҳо ҳамсинфанд, дар як мактаб-интернат таҳсил мекарданд, аммо ҳеҷ гоҳ аз наздик сӯҳбат накарда буданд. Онҳо вақте бори аввал ба дарс мерафтанд, кӯшиш мекарданд, ки ҳарчи зудтар аз назди мактаб, дар он ҷойе кӯдакон зиёданд давида гузаранд. То диққати зиёдро ҷалб накунанд. Зуҳро мегӯяд, ин як амали маъмулӣ барои одамони гирифтори синдроми Дауна аст, ки дар кӯча нонамоён бошанду таваҷҷуҳи зиёд ҷалб накунанд. Аммо ногаҳон Зуҳро пай бурд, ки пас аз машқҳои рақс бо Умеда, наврасон шитобро бас кардаанд. Акнун онҳо даст ба даст ба дарсҳо мераванд. Онҳо оҳиста роҳ мераванду бо ҳам сӯҳбат мекунанд. Албатта пас аз он, ки шумо рақс мекунед, хаста мешавед.

Лоиҳаи “Мураббиён” моҳи марти соли 2020 ғолиби озмуни ғояҳо гардид, ки ба ҳалли мушкилоти муҳими иҷтимоӣ дар Тоҷикистон тавассути ҷалби аудитория равона карда шудааст. Дар маҷмӯъ, панҷ то чунин озмун баргузор мешавад, ки онҳо дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) баргузор мешаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *