“Тарафи дигари ҳақиқат” шиори чорумин MediaCAMP Эдютон-2023 дар Осиёи Марказӣ аст. Ҷаласаҳои омӯзишӣ имрӯз, 19 декабр, ба таври онлайн оғоз шуданд. Дар давоми панҷ рӯз беҳтарин коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хориҷи дур дар мавриди тамоюлҳо ва таҷрибаҳои бадастомада дар соҳаи саводи расонаӣ табодули назар хоҳанд кард.
Чорумин MediaCAMP Эдютон дар Осиёи Марказӣ – як семинари навоварона дар бораи саводи расонаӣ ва иттилоотӣ мебошад, ки дар он омӯзгорони донишгоҳҳо, мактабҳо, тренерҳои расонаӣ ва коршиносон дар соҳаи саводи расонаӣ ва рақамӣ таҷрибаҳои худро дар самти пешбурди саводи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ мубодила мекунанд ва дар бораи кейсҳои муваффақ ва нозукиҳои эҷоди онҳо суҳбат хоҳанд кард.
— Ҳодисаҳои ногувор дар кишварҳои мо мубориза бар зидди иттилооти қалбакӣ ва бардурӯғро пурзӯр кардааст, — гуфт зимни ифтитоҳи MediaCAMP Эдютон Марат Бигалиев, роҳбари Намояндагии Internews дар Осиёи Марказӣ. — Дар тӯли соли охир мо дидем, ки чӣ гуна ҷангҳои иттилоотӣ одамонро бар зидди ҳамдигар қарор медиҳанд. Оилаҳо ва дӯстон аз ҳам ҷудо мешаванд. Ҳамчун ҷомеа, мо дар ҳоли парокандашавӣ мебошем ва дасткорӣ карданамон осонтар мешавад. Саводи расонаӣ метавонад ба мо кумак кунад, ки роҳҳои идома додани муколама бо ҳамдигар ва муттаҳид монданро пайдо кунем. Мақсади асосии Эдютони имсол ҳамин аст.
Марат Бигалиев қайд кард, ки рушди саводи расонаӣ бидуни дастгирӣ аз ҷониби сохторҳои давлатӣ, ки лоиҳаҳо ва ташаббусҳои Internews-ро дарк мекунанд, ғайриимкон аст. Ӯ ба Вазорати иттилоот ва рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳамаҷониба ва хоҳиши ҳамкорӣ изҳори сипос намуд.
— Чунин ташаббусҳо ба дастгирии рушди байналмилалӣ бахшида шуда, барои рушди демократия дар Осиёи Марказӣ муҳиманд, — гуфт Майра Эмата-Стоукс, иҷрокунандаи вазифаи муовини директори минтақавии намояндагии USAID дар Осиёи Марказӣ дар суханронии ифтитоҳии худ. — Мавзуъҳои Эдютон — эътимоднокӣ, боварӣ ва шаффофият — ҷанбаҳои асосии рушди расонаӣ мебошанд. Боварӣ танҳо тавассути муколамаи содиқона имконпазир аст. Маҳдудиятҳо ва иттилооти бардурӯғ мушкилоти глобалӣ мебошанд, ки расонаҳо бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо дидани он ки саводи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ ба як фанни муҳим табдил ёфта истодааст, хеле хушҳолкунанда аст.
Майра Эмата-Стоукс қайд кард, ки ба шарофати барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ ҳукумати ИМА лоиҳаҳои гуногунеро, ки ба рушди саводи расонаӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд, дастгирӣ мекунад. Масалан, соли гузашта дар Қазоқистон як мюзикл бахшида ба рушди саводи расонаӣ дастгирӣ ёфт, ки онро ҳашт ҳазор нафар тамошо карданд.
— Ман мехоҳам ба Internews барои саҳмаш дар рушди саводи расонаӣ изҳори сипос кунам, — гуфт Алишер Мукажан, намояндаи Вазорати иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон. —Умуман, вазорат ба рушди саводи расонаӣ ва рақамӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад, мо тадқиқоти иҷтимоӣ доир ба саводи расонаӣ дар ҷомеаро анҷом дода истодаем, ки ҳамроҳ бо Internews таҳия шудааст. Чорабиниҳо дар Хонаҳои саводи расонаӣ баргузор мешаванд, ки ба баланд шудани сатҳи саводнокии расонаӣ мусоидат мекунанд.
Имсол MediaCAMP Эдютон ба муқовимат бо иттилооти бардурӯғ тамаркуз намуда, мавзуъҳои тафаккури интиқодӣ ва инчунин таҳкими эътимод бо кумаки саводи расонаиро фаро мегирад. Эдютон ба таври онлайн ба забони русӣ баргузор гашта, тарҷумаи синхронии он ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ анҷом хоҳад шуд. Дар он 23 нафар аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат хоҳанд кард. Онҳо аз интихоби озмунӣ гузаштанд ва ҳоло таҳти роҳбарии ҳидоятгарон дар давоми панҷ рӯз лоиҳаҳои худро дар самти саводи расонаӣ пешниҳод хоҳанд намуд. Пас аз семинар, корҳои нисбатан муассир аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии доварони мустақил барои татбиқ дар миқёси пурра маблағгузорӣ хоҳанд шуд.
Дар MediaCAMP Эдютон коршиносони варзида аз Осиёи Марказӣ, инчунин аз хориҷи дур – Арманистон, Латвия ва Чехия иштирок хоҳанд кард. Онҳо ҳамчун тренер ва мураббии иштироккунандагон баромад мекунанд. Дар давоми Эдютон, ки дар саҳифаи Internews Казахстан дар Facebook пахш мешавад, барои ҳама ҷаласаҳои кушод баргузор хоҳад шуд. Мавзуъҳои машғулиятҳо ба кори шабакаҳои нейронӣ ва алгоритмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, тарғиботи милитаристӣ, кинои муосир ва ғайра бахшида шудаанд. Ҳама гуна иттилоот дар бораи ҷаласаҳо ва MediaCAMP Эдютонро дар ин ҷо хондан мумкин аст.
Ин лоиҳа бо кумаки мардуми Амрико тавассути Агентии ИМА доир ба рушди байналмиллалӣ (USAID) имконпазир гардид ва дар доираи Барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ карда мешавад. Internews барои муҳтавои он, ки на ҳатман нуқтаи назари USAID ё ҳукумати ИМА-ро ифода мекунад, масъул аст.