Рӯзи 17-уми март, соати 16:00 ба вақти Алмаатову Бишкек, 15:00 ба вақти Тошканду Душанбе шоми нақди расонаӣ бо Наталя Лигачева, рӯзноманигор, муҳаррир, роҳбари лоиҳаи “Медиа детектор”(Украина) баргузор мешавад.
“Новый репортер” соли сеюм аст, ки самти нақди расонаиро рушд медиҳад. Ҳоло мо бо 30 муаллиф дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дорем. Агар дар Осиёи Марказӣ нақди расонаӣ як самти нав бошад, дар Украина он ба туфайли заҳмати Наталя Лигачёва ва тими кориаш дар авҷи рушд қарор дорад.
Наталя муаллифи лоиҳаи “Телекритика” буд, ки он аз бисёр ҷиҳат меъёрҳои нақди маҳсулоти расонаиро дар қаламрави пасошӯравӣ муқаррар кардааст. Аз соли 2016, ӯ роҳбари лоиҳаи “Медиа детектор” мебошад, ки дар он таҳлил, мониторинг, таҳлили маводи расонаӣ мунтазам нашр карда мешаванд.
Кӣ иштирок карда метавонад:
Мо ба ин шом мунаққидони расонаии варзида ва навқалам, хонандагони матлабҳо дар ин жанр, рӯзноманигорон ва муҳаррироне, ки маводҳои нашр шудаашон боре ҳам мавриди танқид қарор гирифтанд ва инчунин донишҷӯён ва устодони факултаҳои журналистикаи кишварҳои Осиёи Марказиро даъват мекунем.
Мо дар бораи чӣ гап мезанем:
Дар бораи форматҳову жанрҳое, ки “Медиа детектор” кор мекунад, дар бораи он, ки нақди расонаӣ ба журналистика чӣ гуна таъсир мерасонад.
Кай:
Шоми нақди расонаӣ бо Наталя Лигачева рӯзи 17-уми март, соати 16:00 ба вақти Алмаатову Бишкек, соати 15:00 ба вақти Тошканду Душанбе, дар платформаи Zoom баргузор мешавад. Ҷаласа ба забони русӣ доир мегардад. Барои ширкат дар ҷаласа ва дастрасӣ ба конфронс, муҳим аст дар ин линк худро сабти ном кунед. Линк барои ширкат дар ҷаласа, ба иштирокчиёни сабти номшуда, ба суроғаи электрониашон фиристода мешавад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.