Сафаре аз Лангар то ба Ишкошим: ба мухотабин дар бораи Помир чӣ қиссаҳо кардан мумкин аст?

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ягон расонаи мустақил вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, қиссаҳо дар бораи мардуми одии Бадахшон дар расонаҳо хеле кам ба назар мерасанд. Фаъолони ташкилоти ҷамъиятии “Номус ва Инсоф”,  рӯзноманигорони нашрияи интернетии Your.Tj ба минтақаи Ишкошими ВМКБ сафари махсус анҷом дода, қиссаҳои ҷолибе аз ҳаёту зисти сокинони деҳоти дурдасти Помир пайдо карданд.

Улфатхоним Мамадшоева, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Номус ва Инсоф” солҳост, ки яке аз гурӯҳҳои машҳуртарини сегменти тоҷикии Facebook – Pamir.News-ро роҳбарӣ мекунад. Ба ин гурӯҳ тақрибан 40 ҳазор кас обуна ҳастанд. Дар якҷоягӣ бо Улфат гурӯҳро чаҳор каси дигар роҳбарӣ мекунанд. Бояд зикр кард, ки Pamir.News дар баробари калонтарину маъруфтарин гурӯҳ буданаш, боз яке аз фаъолтарин гурӯҳҳо маҳсуб мешавад. Корбарон дар ин ҷо қиссаҳои ҷолиби худро мегузоранд ва масъулони гурӯҳ матнҳои публитсистӣ дар бораи Помирро интишор мекунанд. Мӯҳтавои мунташиршуда аз тарафи корбарон мавриди баҳс қарор гирифта, шарҳ дода мешавад. Ин на танҳо корбарони дохили Тоҷикистон мебошанд, балки алоқамандони Помир аз кишварҳои дигар низ ба ин гурӯҳ меоянд. Онҳо бо масъулини гурӯҳ тамос гирифта, саволҳои худро пешниҳод мекунанд.

– Баъзан онҳо сайёҳоне ҳастанд, ки мехоҳанд Помирро тамошо кунанд, баъзан одамоне, ки ба ин минтақа таваҷҷуҳ доранд. Дар аксар маворид, муштоқи дидори Бадахшон, сайёҳон аз Русия ва Украина мебошанд, ки нияти сафар ба Помирро доранд. Дар ағлаби маворид, онҳо ба чизҳои оддӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд: масалан, мардуми бумӣ чӣ хӯрокҳое мехӯранд, тарзи либоспӯшиашон чӣ гуна ҳаст? Мутаассифона, одамон на ҳамеша ҷавоби ин саволҳоро аз интернет пайдо карда метавонанд, зеро дар Помир рӯзноманигорони мустақил, вебнависон нестанд, намояндагони расонаҳои марказӣ кам меоянд ва ба ҳамин хотир касе нест, ки аз зиндагии рӯзмарраи мардуми маҳаллӣ қиссаҳои оддӣ нақл кунад, – шарҳ медиҳад Улфатхоним.

Улфатхоним Мамадшоева ва Ширинбек Давлатмамадов

Вай эътироф мекунад, ки фикри ба вуҷуд омадани як вакууми иттилоотӣ дар ин минтақаи калон, ӯро кайҳост, ки нигарон мекунад ва Улфатхоним ба ин хотир кӯшиш кард, ки ҳадди ақал ҳалли ин мушкилотро шурӯъ кунад. Дар оғози соли гузашта Интернюс озмуни грантии лоиҳаҳои ҷалби аудитория барои расонаҳоро эълон кард, ки он ҳамкории расонаҳову ташкилотҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад. Улфатхоним тасмим гирифт, ки ба ин озмун дархост равон кунад. Нахуст, ӯ ба дастгирии расона ниёз дошт ва баъдан, Улфатхоним хост экспедитсияи хурдеро барои ҷамъоварии маълумоте гузаронад, ки корбарони хориҷӣ аксар вақт дархост мекарданд. Аъзои ҳакамони мустақил ин ғояро хуб баҳо доданд ва Улфатхоним ғолиб шуд. Ӯ якҷоя бо нашрияи онлайнии Your.tj ба татбиқи лоиҳа шурӯъ кард.

Ғояи лоиҳа хеле сода буд: гузаронидани экспедитсия дар минтақаи Ишкошим (дар интернет перомуни ин минтақа маълумот хеле кам аст), ҷамоварии ҳикояҳои оддӣ ва инчунин маълумоти зарурӣ барои онҳое, ки мехоҳанд аз Помир дидан кунанд, интишори муҳтаво дар сомонаи Your.tj  ва шабакаҳои иҷтимоӣ, кӯшиши барқарор кардани гуфтугӯ бо мухотабин.

– Яъне, мо ба нақша гирифта будем, ки лоиҳа дар тобистон, дар мавсими таътил амалӣ мешавад ва ман ҳамеша дар алоқа буда, метавонам ба меҳмонони эҳтимолӣ дар  бораи ҷойҳои сершумори истиқоматӣ маълумот диҳам, онҳоро ба соҳибони меҳмонхонаҳои хурд, ки инҷо шумораашон зиёд аст, ошно кунам. Вале мутаассифона, мо ин сенарияро амалӣ карда натавонистем, – ба ёд меорад Улфатхоним.

Замоне, ки гурӯҳ бояд ба Помир сафар мекард, ҷумҳурӣ давраи мушкили пандемияи COVID-19-ро аз сар мегузаронид. Дигар сухан дар бораи ягон экспедитсия намерафт, зеро ба минтақа сафар кардан тавсия намешуд. Ва танҳо тобистон, баъд аз равшан шудани вазъият, Улфатхоним ба татбиқи лоиҳа шурӯъ кард.

Чаро дар Помир муаллифон нестанд?

Роҳбари Your.tj Зебо Тоҷибоева дарҳол аз розигии худ барои ҳамкорӣ бо ТҶ “Номус ва Инсоф” эълом кард. Your.tj як нашрияи ҷавон аст ва муҳаррирони он аз дер омода сохтани муҳтаво дар бораи Помирро ба нақша гирифта буданд.

– Зеро Помириён корбарони хеле фаъол ҳастанд. Бисёре аз онҳо дар хориҷа зиндагӣ мекунанд ва хабарҳо аз ватанашонро пайгирӣ намуда, нисбати ҳодисаҳои дар минтақа рух медодагӣ бетараф нестанд. Мо ба чунин мухотабин алоқаманд ҳастем, – мегӯяд Зебо.

Муҳаррирони Your.tj чанд маротиба барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон ё вебнависони Помир кӯшиш ба харҷ доданд, вале дар натиҷа тавонистанд танҳо як маводи видеоӣ ба даст оранд.

«Аслан ман намедонам, ки чаро ин гуна аст, зеро дар асл ағлаби мардуми Помир таҳсилкардаву соҳибмаълумот ҳастанд, аммо сабабҳое пайдо мешаванд, ки ба кори онҳо монеъ мегарданд. Баъзан онҳо ба набудани техникаи зарурӣ ишора мекунанд, баъзан таҳрир ё мавзуъҳои мавриди ниёзи нашрия ба онҳо маъқул нестанд. Шояд сабабҳои дигаре бошанд. Дар натиҷа ҳич муҳтавое ба даст намерасад. Ҳарчанд моро содатарин мавзӯъҳо қаноатманд мекунад. Масалан, чӣ гуна сокинони деҳаҳои баландкӯҳ барои кор ба Хоруғ меоянд ва ин он чизе ҳаст, ки ҷолиб мебошаду талабгор дорад, мефаҳмонад Зебо.

Бо Улфатхоним онҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамаи 15 маводи пешбинишуда, дар бораи чунин чизҳои оддӣ хоҳанд буд. Экспедитсия охири тобистон оғоз ёфт ва пеш аз ҳама, муаллифон тасмим гирифтанд, ки дар бораи роҳи Душанбе-Хоруғ бо тамоми ҷузъиёташ нақл кунанд.

Вақте Улфатхоним ба маркази ВМКБ расид, ӯ бояд тамоми масири худро бо маъмурияти маҳаллӣ ҳамоҳанг мекард. Гап сари он аст, ки ин сафар минтақаҳои сарҳадиро дар бар мегирифт ва ин ҳамеша мақомотро ба ташвиш меорад. Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон як қонуни нонавиштае солҳои зиёд амалӣ мегардад: хабарнигорони ташрифоварда пеш аз ҷамъоварии маълумот бояд ҳадафи сафари худро ба ҳукумати маҳаллӣ шарҳ диҳанд. Дар воқеъ, ҳеҷ гуна қонун чунин созишномаро пешбинӣ накардааст, аммо рӯзноманигорон дар Тоҷикистон медонанд, ки агар ин корро накунанд, ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Одатан, онҳо фавран мефаҳманд, ки рӯзноманигорони дигар ба минтақа омадаанд. Улфатхоним танҳо баъд аз тай намудани ҳама марҳилаҳои тасдиқ ба Ишкошим рафт. Ва инҷо маълум гардид, ки тибқи нақшаи пешбинишуда, аз ин маҳал бо аудитория ва нашрия тамос гирифтан ғайриимкон аст.

– Маълум шуд, ки дар деҳоти Ишкошим Интернет вуҷуд надорад ва ҳатто алоқаи мобилӣ мунтазам кор намекунад. Шабака танҳо дар маркази ноҳия пайдо шуд, аммо қабл аз ин ман аввал худро ба Лангар расондам ва аз онҷо тадриҷан аз байни деҳот нишеб шуда, худро ба маркази Ишкошим расондам. Суръати интернет заъиф буд ва ман наметавонистам дарҳол маводи оддиро фиристам, чӣ расад ба файлҳои вазнини видео, ки ман ҳатто фикрашро накардам, гуфт Улфатхоним.

Навгониҳои Ишкошим

Бо ин ҳол, Улфатхоним бидуни Интернет тавонист он қадар маълумот гирд оварад, ки ҳатто баъд аз интишори 15 маводи ба нақша гирифташуда, боз барои гурӯҳи Pamir.News чанд матлаби дигар омода кунад. Лоиҳа бо Your.Tj хотима ёфта бошад ҳам, нашри муҳтаво дар бораи Ишкошим идома хоҳад ёфт.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарогирии аудиторияи ин лоиҳа аз сад ҳазор гузаштааст. Тавре Зебо пешгӯӣ карда буд, мавод дар бораи Помир дар ин сомона ба ҳисоби миёна назар ба дигар маводҳо зиёдтар шудааст. Аудитория навиштаҳои шабакаҳои иҷтимоиро фаъолона шарҳ медоданд.

Бояд қайд кард, ки қиссаҳо воқеан оддӣ ва аз ҳаёти ҳамарӯзаи мардуми Помир мебошанд. Масалан, Улфатхоним дар бораи ҳаёти ҳаррӯзаи деҳаи бостонии Рин ё дар бораи пизишки ҳаштодсола Ширинбек, ки пас аз фаъолияти касбии тӯлонӣ, табобат бо гиёҳҳои шифобахшро пеш гирифтааст, қисса кард.

Албатта, дар бораи таърих, анъанаҳо ва фарҳанги беназири Помир қисса накарда, намешуд: муаллифон дар бораи рақси Вахонӣ видео сабт карданд, дар бораи свастикаи муқаддаси тоқиҳои вахонӣ фото-репортаж таҳия намуданд, инчунин дар бораи достонҳои қадима ва таомҳои миллӣ ҳикояҳо оварданд.

-Ҳатто ман, ки зодаи Помир ҳастам, дар бораи минтақаамон кам медонам, – иқрор мешавад Улфатхоним. – Боқимондаи тоҷикон низ дар ин бора хеле кам медонанд. Мутаассифона, сайёҳони ватанӣ тақрибан нестанд ва агар мардум аз Душанбе ё Хуҷанд ба ин ҷо оянд, одатан, барои тиҷорат ва ё ба чашмаҳои гарм мераванд.  Гузашта аз ин, сайёҳон вақти нодурустро барои сафар ба чашмаҳо интихоб мекунанд. Онҳо тобистон меоянд, гарчанде бояд дар фасли баҳор ё тирамоҳ ташриф биёранд. Фасли тобистон барои аз гармии бераҳм паноҳ бурдан ба Помир сафар кардан хеле хуб аст.

Мутаассифона, тобистони соли гузашта Помир бе меҳмонони хориҷӣ монд. Сокинони Ишкошим ба Улфатхоним гуфтанд, ки нарасидани сайёҳон таъсири худро дар зиндагии мардум гузоштааст. Албатта, сокинони Ишкошим, махсусан, гилаву шикоят накарданд, зеро чунин одат надоранд. Онҳо танҳо қиссаҳо аз зиндагии маъмулии худро нақл карданд, ки аз он ҳама чизро фаҳмидан мумкин аст.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply