Як қисми рӯзноманигороне ҳастанд, ки махсус бо мавзӯъҳои динӣ сару кор доранд. Ин як падидаи беназир дар бозорҳои расонаии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад. Ба гуфтаи коршиносон, набудани чунин мутахассисон дар ВАО ба сатҳи саводнокии мардум дар масъалаҳои динӣ таъсир мерасонад. Бо мақсади зиёд намудани шумораи мутахассисони расонаӣ дар ин самт, Интернюс як омӯзиши минтақавӣ барои мураббиёнро оид ба озодии эътиқод ташкил кард.
Омӯзиш барои мураббиён доир ба масъалаҳои дин барои Тоҷикистон ва барои Ӯзбекистон падидаи хеле нав аст. Сарфи назар аз он, ки кулли аҳолии ҳарду ҷумҳурӣ худро диндор медонанд ва ба ин масоил таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, миёни рӯзноманигорони маҳаллӣ мутахассисони соҳавӣ дар ин самт хеле каманд.
– Журналистикаи ҳассос барои расонаҳо дар Тоҷикистон нав нест. Мо чунин омӯзишҳо гузаронида будем, аммо ин навбат гап сари масъалаҳои динӣ меравад. Мавзӯъ хеле ҳассосу баҳсбарангез аст; мавзӯъе, ки дар 2 кишвар мавриди мубоҳиса дар ҷомеъа мегардад ва аз ин лиҳоз зарур аст, ки ин мавзӯъ дар расонаҳо ба таври ҳирфаӣ инъикос ёбад, – мегӯяд иштирокчии омӯзиш Раҷаб Мирзо – рӯзноманигори шинохтаи тоҷик.
Омӯзиш, ки моҳи марти соли ҷорӣ оғоз ёфт, аз ду қисм иборат аст ва то охири моҳи март идома хоҳад ёфт. Бо сабаби сар задани пандемия, омӯзиш тариқи онлайн дар платформаи ZOOM гузаронида мешавад; иштирокчиёни омӯзиш аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дар маҷмуъ 21 касро ташкил медиҳанд: рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, муаллимони донишгоҳҳо. Сармураббӣ Питер де Туа аз Африқои Ҷанубӣ мебошад, ки ӯ таҷрибаи 30-солаи рӯзноманигорӣ ва мураббии расонаиро дорад. Инчунин донандаи хусусиятҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Вай омӯзишро якҷоя бо мураббиёни Ӯзбекистону Тоҷикистон мегузаронад. Инчунин ба омӯзиш мутахассисони маъруф дар соҳаи ҳуқуқи расонаӣ, динӣ, амнияти иттилоотӣ ва расонаҳои нав даъват шудаанд.
Яке аз чунин коршиносон Беруний Алимов, дотсенти факултаи журналистикаи байналмилалии Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон мебошад.
“Мавзуъи дин хеле актуалӣ аст, аммо дар Ӯзбекистон, на дар марказ ва на дар расонаҳои минтақавӣ инъикос намешавад” – мегӯяд, коршинос. – Мо дар мавзӯъи дин танҳо дар рӯзҳои ид қисса мекунем: ҳоло вақти ҷашни Наврӯз аст ва дар ин бора сӯҳбат хоҳем кард. Дар ҷашни истиқлолият мо дар бораи он мегӯем, ки Ӯзбекистон як кишвари сермиллат буда, дар он динҳои гуногун аз қадимулайём бо ҳам зиндагӣ мекарданд. Вале дин ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо дахл дорад ва чӣ гуна гуфтугӯ кардан дар бораи он аз тарзи фаҳмиши якдигар вобаста аст.
Коршинос қайд мекунад, ки вақтҳои охир ислом таҳриф шудааст.
– Аз як тараф Ислом дини ҳарчӣ маъруфтар шуда истодааст. Вале мутаассифона, ҳатто пайравони он баъзан арзишҳои ҳақиқии мусалмониро фаромӯш мекунанд.Фаромӯш мекунанд, ки ислом дини сулҳхоҳ аст. Рӯзноманигорон бояд бо аудиторияи худ дар ин мавзӯъҳо возеҳ сӯҳбат кунанд, шарҳ медиҳад Беруний Алимов.
Раҷаб Мирзо ҳам коршиноси ӯзбекро дастгирӣ мекунад.
– Дар Тоҷикистон рӯзноманигороне ҳастанд, ки динро нозук ва возеҳ дарк мекунанд. Боз рӯзноманигороне ҳастанд, ки моҳияти масъаларо надониста, мехоҳанд дар ин бора бигӯянд ва ба иштибоҳ роҳ медиҳанд. Қисми дуюми рӯзноманигорон зиёдтаранд. Бисёриҳо чунин мешуморанд, ки онҳо мавзӯъи исломро танҳо ба хотири мусалмон буданашон медонанд, аммо чунин нест: аксарияти рӯзноманигорон бидуни саводи мазҳабӣ боқӣ мемонанд. Мутаассифона, мисли аксарияти аҳолӣ, мегӯяд рӯзноманигор.
Ширкаткунандагони омӯзиш пас аз ба итмом расидани чорабинӣ, ба баланд бардоштани саводнокии динӣ машғул хоҳанд шуд. Ҳоло онҳо модулҳои омӯзишии худро таҳия мекунанд, ки ба ҳакамони озмун пешниҳод карда мешаванд ва дар асоси натиҷаҳои овоздиҳӣ, ду муаллифи беҳтарин аз ҳар як кишвар имкон пайдо мекунанд, ки дар давоми омӯзиш бо Internews ҳамкорӣ кунанд. Ҳамзамон ба рӯзноманигорони маҳаллӣ дар омода сохтани мавод дар ин мавзӯъ кӯмак кунанд.
Омӯзиш дар доираи лоиҳаи Дастгирии инъикос ва таблиғи озодии эътиқод» и Интернюс амалӣ мешавад, ки ба баланд бардоштани сифат, миқдор ва паҳнкунии маводи босифати доир ба озодиҳои динӣ ба манзури рушди ҷомеаҳои демократӣ ва таҳаммулпазир тавассути афзоиши теъдоди хабарнигорони маҳаллӣ барои истеҳсоли маводҳои босифати ба муноқиша ҳассос аз ҷумла дар бораи озодии мазҳабӣ ва тақвияти робита бо муҳтавои фарогир, ки баҳси масъалаҳои диниро ба вуҷуд меорад ва дарку таҳаммулпазириро тақвият медиҳад равона шудааст.