Рӯзноманигорони тоҷик аз куҷо метавонанд, мавзуҳои ҷолиб пайдо кунанд?

Дар бораи он ки чаро бояд барои пайдо кардани мавзуъ ва саргузаштҳои “зинда” аз идора берун шуд, инчунин дар бораи он ки баъдан чи гуна ин мавзуъ ва саргузаштҳоро ба аудиторияи худ дурусту ҷолиб пешниҳод кард – Меҳрангез Турсунзода, рӯзноманигор ва мураббии расонаӣ ба хабарнигорони ҷавони сомонаи Your.tj нақл кард, ки аз минтақаҳои гуногун ба шаҳри Душанбе омада буданд.

Барои Меҳрангез Турсунзода, ки таҷрибаи понздаҳсолаи кори рӯзноманигорӣ дорад, ба ҳайси мураббии расонаӣ баромад кардан бори аввал буд. Вай мегӯяд, сабаби асосие, ки ӯро ба озмоиш кардани мураббигӣ ва суҳбат бо ҷавонон водор сохтааст – ин хоҳиши ба ҷавонон расонидани як амри сода аст: аз идора бояд ҳарчи зиёдтар берун шуд.

– Рӯзноманигорони мо “кабинетӣ” шудаанд. Дар ҳолатҳои ниҳоят кам ҳамкасбони мо барои ҷамъоварии саргузашту рӯйдодҳои “зинда” “ба саҳро” мебароянд. Ман мехостам ба ҷавонон бигӯям, ки аз ҳудуди идораи корӣ берун рафтан ҷолиб ва дар шароити кунунии мо ин корро кардан муҳим аст, – гуфт Меҳрангез.

Вай шарҳ медиҳад, ки ҳангоми омода шудан барои баргузор кардани давраи омӯзишӣ муҳтавои солҳои ахири чанд расонаи хусусиро таҳлил ва аз миёни онҳо ҳеч гузориши барҷастаеро аз маҳалли рӯйдодҳо пайдо накардаст. Кори хабарнигорони “Радиои Озодӣ” истисност, ки онҳо матолиби худро аз минтақаҳои гуногун таҳия мекунанд. Бо ин вуҷуд, гузориш додан – миёни муҳтавои онҳо низ камёфт аст.

Фикр мекунам, кор кардан дар маҳалли ҳодиса ба рӯзноманигорон кумак мерасонад, ки на танҳо муҳтавои ҷолиб ва бо сифат омода кунанд, балки ҳамзамон кумак мерасонад бархе аз мушкилоти марбут ба кори хабарнигорон осон шавад. Аввалан, дар Тоҷикистон мушкилии дастрасӣ ба иттилоъ мавҷуд аст, мансабдорон бо дили нохоҳам бо рӯзноманигорон суҳбат мекунанд – ба ин хотир зарурат пеш меояд, ки ҳамчун шоҳиди айнӣ маълумотро бевосита худамон бояд ҷамъ оварем. Сониян, барои хабарнигорони пойтахт дар минтақаҳо кор кардан ҳамеша осонтар аст. Дасти мансабдорон то гиребони хабарнигорони маҳаллӣ дар минтақаҳо зудтар мерасад, – мегӯяд Меҳрангез.

Ин хабарнигор шарҳ медиҳад, ки таҷрибаи вай ва таҷрибаи ҳамкасбони дигараш нишон додааст, он рӯзноманигороне, ки аз Душанбе ба минтақаҳо барои ҷамъоварии маълумот мераванд, низ ҳангоми гирифтани иттилоъ ва ё суҳбат бо қаҳрамонҳои гузоришҳо бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бо ин вуҷуд, дар ҳар ҳолат ҳангоми рафтан ба ҷои ҳодисаҳо ва суҳбат кардан бо одамони мушаххас, хабарнигорон ҷузъиёти бештарро ба даст меоранд ва ҳолати умумиро дарк мекунанд.

Rising Stars

Сарфи назар аз он ки Меҳрангез ҳанӯз таҷрибаи мураббигӣ надошт, соли 2022 вай давраи омӯзишии минтақаиро барои мураббиҳо гузаштааст. Он давраи омӯзиширо Internews дар доираи тарҳи пешини MediaCAMP роҳандозӣ карда буд. Донишҳои андухтаашро Меҳрангез акнун метавонад, ки амалӣ созад.

– Мо он замон 15 иштирокчӣ аз Тоҷикистон доштем ва танҳо се каси онҳо, аз ҷумла Меҳрангез бо сабабҳои гуногун бо истифода аз методикаҳое, ки дар давраи омӯзишӣ таълим дода шуда буданд, натавонистанд, ки тренинг баргузор созанд, – шарҳ медиҳад Маҳпора Киромова, мудири тарҳи Internews, ки соли 2022 давраи омӯзиширо барои мураббиҳо пеш мебурд. – Ибтидо мо назди худ ҳадаф гузошта будем, ки – рӯзноманигорони амалиро ба фаъолияти мураббигӣ ҷалб кунем ва ба ин тартиб кадрҳое омода созем, ки давраҳои омӯзиширо бо забони тоҷикӣ ба роҳ монанд. Дар Тоҷикистон маҳз чунин коршиносон намерасанд. Дар тарҳи нави Internews – CAIIA – мо имконият пайдо кардем, ки ташаббуси мазкурро идома диҳем ва мо тасмим гирифтем, ки аз зарфияти кадрҳои омодашуда истифода барем.

Дар доираи тарҳи CAIIA “Дастгирии иттилооти мутавозин ва қобили эътимод”, ки Internews бо кумаки USAID ба амалисозии он аз охири соли 2023 шуруъ кардааст, фаъолиятҳое дар самти рушди мураббиҳои расонаии маҳаллӣ – Raising Stars роҳандозӣ мешаванд. Ин фаъолиятҳо рушд додани мураббиҳои расонаиро бо забони тоҷикӣ ва ҳимоят аз расонаҳои маҳаллиро мадди назар доранд. Барои мисол, Меҳрангез бо иштирокчиёни дигари давраи омӯзишӣ барои мураббиҳо – Манижа Анварӣ, мудири иҷроияи гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ва роҳбари студияи видеоии “Азия-Плюс” Фирӯз Умарзода вазифадор шудаанд, ки барои расонаҳои тоҷикистонӣ се давраи омӯзишии дурӯза тарҳрезӣ ва баргузор кунанд. Нахустин давраи омӯзишӣ дар идораи расонаи Your.tj баргузор шуд. Дар ин давраи омӯзишӣ 13 хабарнигори расонаи мазкур ширкат карданд.

– То оғози давраи омӯзишӣ мо аз ниёзҳои Your.tj огоҳ шудем ва муайян кардем, ки ба ин расона гузоришҳои босифат аз ҷои ҳодиса – матнӣ ё видеоӣ – намерасад. Ман он қисмати давраи омӯзиширо бар дӯш доштем, ки мебоист дар бораи таҳияи гузориш аз ҷойи ҳодиса, кор бо манбаҳои иттилоъ ва аз чанд буъд ё нуқтаи назар нигоҳ кардан ба мавзуъ нақл мекардам, – гуфт Меҳрангез.

Ҳамкасбони дигари Меҳрангез, барои мисол Манижа Анварӣ дар бораи пардозгарии муҳтаво, Фирӯз Умарзода дар бораи визуалисозӣ – навор ва аксбардорӣ суҳбат карданд. Давраи омӯзишӣ бо бозиҳои ҷолиб дар мавзуҳои марбут ба расонаҳо ва масоили гендерӣ такмил шуда буд ва комилан ба забони тоҷикӣ баргузор гардид.

– Давраи омӯзишӣ дар маҷмуъ барои ман писанд омад, барои хабарнигорони ман муфид буд, аммо дар давоми ҳамагӣ ду рӯз талош шуд, ки маълумоти зиёде ба иштирокчиён расонида шавад, – гуфт Зебо Тоҷибоева, роҳбари расонаи Your.tj, ки дар ҷараёни давраи омӯзишӣ иштирок кардааст. – Ҳамкорони ман ҳанӯз дар ҳоли ҳазм кардани маълумоти давраи омӯзишӣ ҳастанд. Аммо бо он хабарнигороне, ки дар идора мондаанд, ман пайваста мавзуҳои давраи омӯзиширо баррасӣ мекунам, гузоришҳои расонаҳои дигарро, ки аз диди ман, комил ҳастанд, нишон медиҳам, мепурсам, ки оё ба шумо дар давраи омӯзиш дар ин ва ё он бора таълим доданд? Ва хушҳолам, ки қариб ҳамаи мураббиҳо, ба вижа Меҳрангез ба иштирокдорон маълумот додааст.

Бояд ба Мурғоб рафт

Меҳрангез даҳҳо мавзуро мисол меорад, ки дар мавриди онҳо метавон, гузоришҳои хубе таҳия кард.

– Барои мисол, дар шимоли Тоҷикистон чанд сол пеш дар наздикии пули болои Сирдарё хоначае буд, ки наҷотдиҳандагон шабонарӯз дохили он навбатдорӣ мекарданд. Гап дар сари он аст, ки маҳз аз болои ин пул занони ноумедшуда худро ба об мепартоянд ва сӯиқасд ба ҷони худ мекунанд ва наҷотдиҳандагон аз чунин талошҳо пешгирӣ мекунанд. Дар ин бора бо навбатдорон суҳбат кардан – мавзуи муҳим ва ҷолибе мешуд. Ва ё, барои мисол, зиндагӣ дар Мурғоб – марз бо Қирғизистон баста аст, дар ҳоле, ки барои сокинони Мурғоб шаҳри Ӯш ба маротиб наздиктар аз Хоруғ ё Душанбе аст. Сокинон бештари вақт барои харидани маҳсулоти ғизоӣ, ба дидорбинии хешовандон ба Ӯш мерафтанд. Акнун дар бунбаст қарор доранд ва зиндагии бе ин ҳам мушкилашон мушкилтар шудааст, аммо ман гузоришеро аз онҷо намебинам. Бояд ба Мурғоб рафт, – мегӯяд Меҳрангез.

Иштирокдорони давраи омӯзиш на танҳо аз идеяҳои Меҳрангез илҳом гирифтаанд, балки дар бахшҳои дигари давраҳои омӯзишӣ аз Меҳрангез ва Манижаву Фирӯз тавсияҳои амалие ҳосил кардаанд, ки тасмим доранд, дар оянда онҳоро истифода баранд.

– Ба ман ин ҷиҳат писанд омад, ки мураббиҳо ҳангоми шарҳ додани мавзуҳо аз таҷрибаҳои худ мисол меоварданд, – гуфт Файзуллохон Обидов, рӯзноманигор аз вилояти Суғд. – Барои мисол, Меҳрангез нақл кард, ки вақте вай ба мусоҳиба меравад, нахуст бо ҷиддият омода мешавад, сониян, ҳатто барои як маълумоти кутоҳро ба даст овардан вай 40 дақиқа вақт ҷудо мекунад. Барои ман ин таҷрибаи нав буд. Манижа нақл кард, ки ҳатто идеяҳои хурд зарфияти ба тарҳи бузурги расонаӣ табдил шуданро доранд. Дар он бахшҳое, ки Фирӯз дарс медоданд, ман фарқияти байни “интершум” ва “лайв”-ро аз худ кардам. Дониши муфиди дигаре, ки ман гирифтам: дарк кардам, ки суолҳои ман аз ҳад зиёд умумӣ ҳастанд ва ман бояд маҳорати суоли мушаххас доданро аз худ кунам.

Давраи омӯзишии навбатиро мураббиҳо ният доранд, моҳи июли соли 2024 баргузор кунанд. Акнун онҳо нақша доранд, ки рӯзноманигоронро аз расонаҳои мухталифи маҳаллӣ ҷамъ оранд. Меҳрангез мегӯяд, таҷрибаи мураббӣ будан, кор бо ҳамкасбон барои вай шавқовар будааст ва вай умедвор аст, ки дар оянда барои аудиторияи калонтар давраҳои омӯзишӣ ба роҳ монад.

Ин давраи омӯзишӣ бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин эҷод маҳсули Internews буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон ва саҳифаи Facebook мутолиа намоед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *