Рӯзноманигорони Суғд барои пуштибонӣ аз ВАО як созмони ҷамъиятӣ таъсис медиҳанд

Дар ҷомеаи муҳофизакори вилояти Суғд аксар вақт ба занон дар расонаҳо бо таассуб муносибат мекунанд, онҳо маоши кам дошта, дастрасӣ ба иттилоот надоранд. Ин ва бисёр мушкилоти дигар рӯзгори рӯзноманигорони занро дар шаҳру навоҳии дурдасти Тоҷикистон мушкил мекунанд. Барои осон кардани зиндагии худ ва ҳамкоронашон, гурӯҳи ташаббускори бонувони рӯзноманигори вилояти Суғд «Садоқат» тасмим гирифт, ки созмони ҷамъиятии худро таъсис диҳад.

Гурӯҳи ташаббускори бонувони рӯзноманигори “Садоқат” соли 2019 дар шимоли Тоҷикистон пайдо шуд. Он вақт, раиси ин гурӯҳ Фирӯза Мирҷумаева баъд аз мулоқот бо ҳамкасбонаш аз Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон, ки тоза дар кишвар пайдо шуда буд, бо як илҳом аз Душанбе ба Хуҷанд баргашта буд.

-Ман он вақт ба ҳамкасбонам дар бораи ин ташаббус нақл кардам ва мо тасмим гирифтем, ки муттаҳид шавем, зеро ҳоло танҳо кор кардан душвор аст. Ҳадди ақал, агар мо дар як гурӯҳ муттаҳид гардем, гирифтани маълумот аз манобеи ҳукуматӣ бамаротиб осонтар мешавад, – мегӯяд Фирӯза.

Билофосила, баъд аз бозгашт аз он сафар Фирӯза ба ташаккули иттиҳодияи занони рӯзноманигор шурӯъ кард. Ҳамин тавр, гурӯҳи ташаббускори «Садоқат» пайдо шуд, ки ба он 30 хабарнигори зан аз нашрияҳои давлатӣ ва хусусии вилояти Суғд шомил гардиданд. Иштироккунандагон ба ташкили омӯзиши касбӣ, муҳокимаи масъалаҳои муҳими истеҳсолот шурӯъ намуданд. Дар давраи пандемия онҳо якҷоя ба минтақаҳои дурдаст сафар карда, аз он ҷо гузориш омода мекарданд. Тобистони соли 2022 ин гурӯҳ барои ширкат дар озмуни рушди ҳамкориҳо ва мубодилаи захираҳо дар соҳаи ВАО, ки аз ҷониби Интернюс дар Тоҷикистон эълон шуда буд, дархост пешниҳод карда, дар қатори ғолибон қарор гирифт.

-То ин вақт мо аллакай дарк карда будем, ки метавонем як созмони ҷамъиятии комилҳуқуқе гардем, ки бо ВАО сару кор дорад, аммо барои гузаштан ба сатҳи дигар мо ба дастгирӣ ниёз доштем, – мегӯяд Фирӯза.

Гурӯҳи ташаббускор лоиҳаи худро ба якчанд марҳила тақсим кард.

  • Силсилаи вохӯриҳо бо заноне, ки дар расонаҳои хабарии манотиқи мухталиф, аз ҷумла манотиқи дурдасти вилояти Суғд кор мекунанд. Муайян намудани эҳтиёҷот ва талаботи онҳо;
  • Мизи мудаввар бахшида ба мушкилоти занон дар ВАО;
  • Омӯзишҳои касбӣ барои рӯзноманигорони зан;
  • Бақайдгирии ташкилоти ҷамъиятии расонаӣ.

Дар расонаҳои минтақавӣ танҳо занон кор мекунанд

Бо вуҷуди он, ки Фирӯза ва ҳамкоронаш аз “Садоқат” дар бозори расонаҳои маҳаллӣ муддати тӯлонӣ кор мекунанд, баъд аз гузаронидани мулоқотҳое, ки дар 18 ноҳияву шаҳри вилояти Суғд баргузор карданд, онҳо дар бораи соҳаи худ бисёр чизҳои нав фаҳмиданд. Масалан, дар бораи он, ки ҳатто дар дурдасттарин ноҳияи вилоят ҳадди ақал ду нашрия — рӯзномаи хукуматӣ ва ҷумҳуриявӣ мавҷуд аст. Дар ноҳияи Конибодом ҳатто шабакаи томи «хабарнигорони деҳотӣ» мавчуд аст, ки барои нашрияи марказии ноҳия мавод омода мекунанд. Дар аксари ин редаксияҳо занон кор мекунанд.

— Дар ноҳияҳо журналист – касби зан аст. Тақрибан дар ҳама нашрияҳои давлатӣ ва хусусӣ танҳо занон кор мекунанд. Ин марбут ба он аст, ки кормандони нашрияҳо маоши хеле кам доранд, ба ҳисоби миёна 600 сомонӣ (60 доллар) ва мардон барои чунин маош кор намекунанд, – мефаҳмонад Фирӯза.

Дар расонаҳои минтақавӣ барои занони рӯзноманигор кор зиёд аст. Гап дар сари он аст, ки дар баробари кори бевосита, масалан, дар як рӯзномаи давлатӣ аз онҳо талаб карда мешавад, ки саҳифаҳои нашрияҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пеш баранд. Пешбарии SMM-и мақомоти давлатиро низ заноне анҷом медиҳанд, ки дар бахшҳои сохторҳои давлатӣ вазифаҳои гуногунро ишғол мекунанд.

– Илова бар кори аслияшон онҳо бо шабакаҳои иҷтимоӣ машғуланд, нашрияҳо, ҷамъоварии маълумот, аксу таблиғ бар души онҳост. Маҳорат надоранд, аммо лайк, шарҳ ҷамъ мекунанд ва фаъолияташонро нишон медиҳанд. Масалан, мо бо як зан вохӯрдем, ки ӯ директори мактаб буда, барои саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ худаш ҳам матн менависад ва ҳам акс мегирад, мегӯяд Фирӯза.

Ба мулоқотҳо намояндагони «Садокат» тамоми бонувоне, ки ба ВАО муносибат доранд, даъват менамоянд ва ба онҳо муяссар гардид, ки 130 нафар истеҳсолкунандагони муҳтаворо гирд оваранд. Ҳамаи онҳо бо мақсади муайян кардани мушкилоти асосии занон дар ВАО, инчунин муайян кардани ниёзҳои онҳо дар назарсанҷӣ ширкат варзиданд.

– Умдатарин мушкилоте, ки занон ба он таваҷҷуҳ доштанд, адами малакаи кор дар расонаҳои муосир, надоштани иттилоъ дар бораи тамоюлҳои расонаӣ, маоши хеле паст ва набудани дастрасӣ ба иттилоот аст. Ин мушкилот ҳам барои расонаҳои давлатӣ ва ҳам барои расонаҳои хусусӣ хос аст”, – мегӯяд Фирӯза.

Таҳмина Мисробӣ, рӯзноманигори зан аз Ашт, ки дар нишастҳои “Садоқат” ширкат дошт, аз он мегӯяд, ки занон дар минтақаҳо нисбат ба ҳамтоёни худ аз шаҳрҳои бузург ба маротиб бештар мушкил доранд. Масалан, вай ёдовар мешавад, ки бори охир дар тренинги касбии журналистон соли 2019 иштирок карда буд.

– Ин тамрин дар Сафеддара (пойгоҳи лижаронӣ дар 60-километрии Душанбе – ред.) баргузор шуд, аммо, росташро гӯям, дар онҷо хеле эҳсоси нороҳатӣ кардам. Якум, машқ бо забони русӣ буд, дуюм, ман мавзуъҳоеро, ки дар он ҷо баррасӣ мешуданд, умуман намефаҳмидам, бароям хеле душвор буд, худро талабаи духон эҳсос мекардам, – иқрор мешавад Тахмина.

Рӯзноманигор мегӯяд, ки дар Ашт тақрибан зани ҳамкор боқӣ намондааст, аксарияташон кайҳо ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд ва ё касбашонро иваз кардаанд. Бар иловаи маоши кам, хабарнигорони минтақаҳо воқеан аз ҷомеаи расонаҳои Тоҷикистон канда шудаанд ва тамоми имконоте, ки ҳамтоёнашон дар марказ доранд, онҳо надоранд. Пеш аз ҳама, ин дастрасӣ ба иттилооти муосир дар бораи тамоюлҳои ВАО мебошад.

“Агар зан рӯзноманигор шуда кор кунад, ин хуб нест”

Масрура Сиддиқова, рӯзноманигор ва раҳбари созмони ҷамъиятии «Даҳр» низ аз Ашт аст. Вай солҳо пеш ба Хуҷанд кӯчида, бо расонаҳои бузурги кишвар ҳамкории зич дорад. Масрура ба кори асосӣ нигоҳ накарда, гурӯҳи ташаббускори «Садокат»-ро дастгирӣ мекунад ва дар мавридҳои зарурӣ ҳатто ба таври ройгон барои иштирокчиён омӯзишҳо (тренингҳо) мегузаронад. Вай мегӯяд, ки ба хотири ёди модараш ба рӯзноманигорон барои рушд кардан кумак мекунад:

  • Модарам Солиҳамоҳ Раҳматуллоева рӯзноманигори хеле номдор буд, боре очерки ӯ дар бораи зиндагии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ашт баъди анҷоми ҷанг дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойи аввалро ишғол карда буд. Дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум бошад, модарам даҳ сол маош нагирифт ва ба ин нигоҳ накарда, корашро идома дод. Баъд аз ин ба худ гуфтам, ки агар дар оянда имкониятам шавад, ҳатман ба хабарнигорон кумак хоҳам кард.

Фирӯза мегӯяд, Масрура ва ҳамчунин Фарзона Ҳодибоева ва бисёре аз рӯзноманигорони дигар ҳатто дар замоне, ки гурӯҳ ягон лоиҳа ва грант надорад, ба кори “Садоқат” кумак мекунанд. Онҳо розӣ шуданд, ки барои рӯзноманигорони зан аз ноҳияҳо бепул машғулиятҳо гузаронанд ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои марказӣ ба онҳо ёрӣ расонанд. Масрура мушкилотеро, ки ҳамкасбонаш дар деҳоти кӯчаки Тоҷикистон бо онҳо рӯбарӯ ҳастанд, хуб медонад ва кӯшиш мекунад, ки аз ҳар роҳ ба онҳо кумак намояд.

Ҳамин мушкилотро пас аз як силсила вохӯриҳо бо рӯзноманигорони вилоят, иштирокчиёни «Садокат» зимни як мизи мудаввар мавриди баррасӣ қарор доданд. Фирӯза мегӯяд, дар ин мизи мудаввар ба ҷуз рӯзноманигорон намояндагони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ, ки бо занон кор мекунанд ва ҳамчунин намояндагони ВАО аз шаҳрҳои бузурги вилояти Суғд ширкат доштанд.

— Мо дар бораи он гуфтем, ки аксари кормандони расонаҳо зан ҳастанд, дар бораи он, ки онҳо маоши кам доранду мушкилоти зиёд, мо ба сохторҳои масъул муроҷиат кардем, то занонро аз минтақаҳо барои таҷрибаомӯзӣ ҷалб намуда, ба таҳсилашон кумак кунанд. Бо сабаби набудани мутахассис онҳо маҷбуранд, ки худашон ҳам пушти пулт шинанд ва ҳам сари монтаж, – мегӯяд Фирӯза.

Пас аз баргузории мизи мудаввар иштирокчиёни «Садокат» дар Гулистон барои ҳамкасбони худ аз минтақаҳои вилояти Суғд тренинг ташкил намуданд. Ба ин тренинг дар маҷмуъ 12 нафар омада, мавзуъҳо барои онҳо дар асоси дархостҳое, ки рӯзноманигорон ҳангоми вохӯрӣ бо иштирокчиёни “Садокат” гузоштаанд, интихоб карда шуданд. Тайи се рӯз ба рӯзноманигорон доир ба саводи расонаӣ, тафаккури интиқодӣ, тамоюлҳои ВАО ё тарзи аз нав бастабандӣ намудани маводҳо омӯзиш дода шуд. Илова бар ин, дар ҷараёни омӯзиш бо хабарнигорон як аксбардори касбӣ – муҳоҷир аз Русия кор кардааст. Ӯ ба иштирокчиён фаҳмонд, ки чӣ гуна бо истифода аз телефонашон аксҳои хуб гирифтан мумкин аст.

— Дар рафти тренинг мо барои иштирокчиён бо раҳбарони ВАО аз Душанбе, рӯзноманигорон Зебо Тоҷибоева ва Гулнора Амиршоева вохӯрии онлайн ташкил намудем. Онҳо ба ҳамкасбони худ аз минтақаҳо фаҳмонданд, ки чӣ гуна метавон бо расонаҳои марказӣ ҳамкорӣ кард ва кадом хабарҳо барои онҳо ҷолиб мебошанд. Ҳоло барои онҳо мавод омода мекунанд, умедворем, ки ҳамкорӣ хоҳанд кард”, – мегӯяд Масрура Сиддиқова.

Зимнан, пас аз оғози кори фаъоли “Садоқат” намояндагони созмони “Ҳелветас” ба онҳо муроҷиат карда, пешниҳод намуданд, ки дар якҷоягӣ бо хабарнигорони манотиқи вилояти Суғд дар муҳокимаи масоили тақсимоти об дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ширкат варзанд.

– Барои мо хеле муҳим аст, ки чунин дастгирӣ аз занони рӯзноманигор аст, зеро дар вилояти Суғд чунин ақида вуҷуд дорад, ки агар зан ба ҳайси рӯзноманигор кор кунад, ин чандон хуб нест. Мутаассифона, чунин таассуб вуҷуд дорад, бояд бо мухотабон кор кард, – мегӯяд Фирӯза.

Ҳоло “Садоқат” ба ҷамоварии аснод машғул аст ва аъзои ин гурӯҳ умедворанд, ки дар ояндаи наздик як созмони ҷадиди ҷамъиятиро сабти ном кунанд, ки талош хоҳад кард, ҳамкориро бо хабарнигорон дар вилояти Суғд идома диҳад ва ба онҳо кумак кунад, ки худро як қисми ҷомеаи бузург эҳсос кунанд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *