Муаллими забони фаронсавӣ аз як деҳаи наздимарзӣ ва балетмейстер аз як шаҳри хурди муҳофизакори вилояти Суғд мавзуъи гузоришҳои видеоии Алия Ҳамидуллина шуданд. Рӯзноманигор дар саросари кишвар шахсони ҳавасмандро меҷӯяд, то саргузашти онҳоро нақл кунад ва харитаи интерактивӣ созад, то ки аз рӯи он омӯзишгирандагон муаллимони худро пайдо кунанд.
Алия Ҳамидуллина, рӯзноманигори гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» дар бораи мардуми ғайриодии Тоҷикистон қиссаҳои зиёде нақл мекунад, аммо ҳар дафъа аз саргузашти қаҳрамононаш дар ҳайрат мемонад ва аз онҳо илҳом мегирад. Масалан, вай чанде пеш дар бораи муаллими забони фаронсавӣ Муқим Назиров, ки дар як деҳаи хурди наздимарзӣ кор мекунад ва тамоми умр орзуи ба Париж рафтанро дорад, видеосюжет омода кардааст. Алия ин хабарро бо дастгирии Internews дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Формати хурд» омода намудааст, ки рӯзноманигор дар пайи овоздиҳии доварони мустақил иштироккунандаи он гардид. Алия тасмим гирифт, ки дар видео-сюжетҳо дар бораи шахсони ҳавасманде, ки дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, нақл кунад.
-Муаллим барои омӯзиши забони фаронсавӣ ҳатто китобҳои муносиби дарсӣ надорад. Ӯ бо адабиёти хеле кӯҳна кор мекунад, аммо аз омӯзиш ба кӯдакон даст намекашад. Ба ғайр аз қаҳрамони мо, дар ин деҳа дигар муаллими забонҳои хориҷӣ нест ва шогирдонаш, дар омади гап, дар олимпиадаҳо иштирок кардаанд, — нақл мекунад Алия дар бораи қаҳрамони худ.
Саргузашти омӯзгори фаронсавии деҳот на танҳо Алия, балки аудиторияи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс»-ро, ки рӯзноманигор дар он ҷо кор мекунад, таҳти таъсир қарор дод. Одамони ғамхоре буданд, ки ба муаллим китобҳои наву рангоранги баччагона ба забони фаронсавӣ меоварданд.
-Ба муаллим занг зада гуфтам, ки ба ӯ лозим меояд барои гирифтани китобҳо ба Хуҷанд биёяд. Бо вуҷуди хеле дур будани роҳ ва дар як шабонарӯз аз деҳааш ба ин шаҳр омадани танҳо як автобус дарҳол омода шуд ва барои гирифтани китобҳо омад. Вай хеле хушҳол буд, ки акнун барои дарс китобҳои зиёд дорад, — нақл мекунад Алия.
Рӯзноманигор пас аз омода кардани қисса дар бораи муаллим, дар мавриди омӯзгори рақс, ки ин ҳунарро дар яке аз муҳофизакортарин шаҳрҳои Тоҷикистон ҳифз мекунад ва сипас дар бораи ҳунарпешае, ки дар як театри хурди як минтақаи баландкӯҳ бо пародияҳо ҳунарнамоӣ мекунад, мавод омода кардааст. Алия шумораи навбатиро ба зане бахшидааст, ки аз Швейтсария ба Тоҷикистон омада ба занони маҳаллӣ ҳунари хонадориро меомӯзонад.
-Мо ба деҳаи дурдасти Вешаби ноҳияи Айнӣ расидем, ки дар онҷо занҳо навъҳои гуногуни салатро омода мекунанд, монанди тарабхонаҳои аврупоӣ: зебо, сабук, солим ва барои он сабзавоти гуногун мекоранд. Инро ба сокинони маҳаллӣ як шаҳрванди Швейтсария, ки чанд сол пеш ба Тоҷикистон омад ва ошиқи Вешаб шуда, дар он ҷо мондааст, омӯзиш додааст”, – нақл мекунад Алия.
Сюжетҳои нашршуда даҳҳо ҳазор бор дида мешаванд, аммо Алия тасмим гирифт, ки дар лоиҳаи худ воситаҳои ҷалби аудиторияро низ истифода барад. Якҷоя бо ментороне, ки бо ӯ дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Формати хурд» кор кардаанд – коршиносон Мария Рзаева ва Ержан Сулейменов тасмим гирифтанд, ки харитаи интерактивӣ созанд, ки дар бораи бахшҳо ва маҳфилҳои мухталифе, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият мекунанд, иттилоот ҷамъоварӣ кунад.
– Умедворем, ки бо кумаки аудиторияамон чунин иттилоотро ҷамъоварӣ карда метавонем, мо ба аудитория дар платформаҳои гурӯҳи расонаии «Азия-Плюс» муроҷиат кардем, то ба мо иттилоъ диҳанд, ки ҳамин гуна шахсони ҳавасманд боз дар куҷо кору зиндагӣ мекунанд. Бовар дорам, ки онҳо дар ҷумҳурӣ бисёранд. Пас аз ҷамъоварии ҳамаи иттилоот, мо харитаи интерактивӣ месозем, ки дар он иттилоотро дар бораи дар куҷо кор кардани бахш ё маҳфил ва роҳҳои тамос бо онҳоро ҷойгир мекунем. Харитаи мазкур дар сомонаи «Азия-Плюс» нашр мешавад. Умедворем, ки ин иттилоот муфид хоҳад буд, – мегӯяд Алия.
Дар маҷмуъ дар ин лоиҳа панҷ саргузашти видеоӣ омода карда мешавад, ки барои ҷамъоварӣ кардани онҳо Алия ҳамроҳи наворбардор ба дурдасттарин минтақаҳои Тоҷикистон сафар мекунад. Ба ҷойҳое, ки мутаассифона, бо сабабҳои объективӣ рӯзноманигорони марказ хеле кам меоянд ва аудиторияи онҳо аз қиссаҳои ҳаяҷонбахш дар бораи шодиҳои кӯчак ва орзуҳои бузурги ҳамватанонашон маҳрум мешаванд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.