Рӯзноманигоре, ки дар масоили динӣ матлаб омода мекунад, чиро бояд донад?

Дар Тоҷикистон рӯзноманигороне намерасанд, ки мавзуъҳои гуногунрангии диниро ба таври ҳирфаӣ инъикос кунанд. Ё  баъзе хабарнигорон бинобар тарсу ҳарос намехоҳанд дар ин мавзуъ матлаб омода созанд. Дар баробари ин, талабот ба чунин муҳтаво меафзояд. Барои баланд бардоштани саводи расонаӣ дар ин самт, Интернюс бо дастгирии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи SCARF (Дастгирии инъикос ва пешбурди озодиҳои динӣ) омӯзиши панҷрӯза доир намуд. Дар рафти чорабинӣ мутахассисон донишҳои муҳимро барои онҳое пешниҳод карданд, ки мехоҳанд доир ба паҳлӯҳои гуногунрангии динӣ матлаб омода созанд. Ҳамзамон,  дар омӯзиши мазкур вобаста ба мафҳумҳои гуногунрангии динӣ, мазҳаб, ахлоқ, озодии виҷдон, таҳаммулу мадоро ба таври муфассал шарҳ дода шуд.

Дар аввал бояд қайд кард, ки хабарнигоре, ки мехоҳад дар мавзуъоти динӣ матлаб омода кунад, бояд ба андозаи зарурӣ аз инъикоси масоили динӣ дар  қонунгузорӣ огоҳ бошад. Фаррухшо Ҷунайдов, коршиноси ҳуқуқи ВАО дар Интернюс дар Тоҷикистон, ки беш аз 20 сол таҷрибаи корӣ дар ин самт дорад ин ҷаласаро баргузор кард. Аз ҷаласаи ин коршинос ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро ин ҷо ҷамъ овардем, ки барои хабарнигорон ҳангоми омодаи матлаби журналистӣ доир ба масоили динӣ ба кор меоянд:

Ҷаласаи Фаррухшо Ҷунайдов

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. (мод.1)
  2. Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд (мод.8).
  3. Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст (мод.8).
  4. Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад (мод.20).
  5. Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад (мод.26)
  6. Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.
  7. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст (мод.30).

Санадҳои байналмиллалӣ:

  1. Ҳар як инсон ҳуқуқ ба озодии ақида, виҷдон ва динро дорад (САҲА. Ҳуҷҷати Копенгагени с.1990);
  2. Ҳар инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ тағйири озодонаи дин ё эътиқоди худ, пайравии озодонаи дин ё эътиқоди худ, чӣ бо тариқи инфиродӣ ва чӣ якҷоя бо дигарон, таълимоти хусусӣ ё давлатӣ гирифтан, ибодат намудан ва иҷро кардани расму оинҳои динӣ ва маросимиро дар бар мегирад (мод.18. Эъломияи ҳуқуқи башар);
  3. Эҳтироми ҳуқуқи динҳои гуногун (САҲА, Ҳуҷҷати хотимавии Вена);
  4. Озодии дин ё эътиқодот танҳо ба ҳаҷми муқарраркардаи қонун ва барои ҳифзи амнияти ҷамъиятӣ, тартибот, саломатӣ ва ахлоқ, инчунин, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии дигарон зарур аст, маҳдуд карда мешавад (мод.18 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ);

Қонунҳо: Қонуни ҶТ дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ:

  1. Айбдор кардани шахс бо сабаби диндорӣ ё бединӣ ва ё тарки дин манъ аст (қ.10 мод. 4);
  2. Барангехтани ҳар гуна кинаву адоват ва низои динӣ, таҳқири   ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон манъ мебошад (қ.8 мод.4);
  3. Ҳеҷ кас ӯҳдадор нест, ки дар бораи муносибати худ ба дин маълумот диҳад;
  4. Шахс ҳангоми муайян кардани муносибати худ ба дин, ба пайравӣ ё дасткашӣ аз пайравии дин, ба иштирок кардан ё накардан дар ибодати динӣ, дигар расму оин ва маросимҳои динӣ, дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, дар таълими дин маҷбур карда намешавад (мод.4);

Қонунҳо: Муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ:

  1. Моддаи 5 Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ: Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва давлат:
  1. ба муайян намудани муносибати инсон ва шаҳрванд ба дин ва мансубияти динӣ дахолат намекунад;
  2. барои пойдории таҳаммул ва эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни иттиҳодияҳои динии дину мазҳабҳои гуногун, инчунин байни пайравони онҳо мусоидат менамояд, ба зуҳуроти таассуб ва ифротгароӣ дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ роҳ намедиҳад.
  3. ба зиммаи иттиҳодияҳои динӣ иҷрои вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро намегузорад;
  4. ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунҳо пешбинишуда, дахолат намекунад;
  5. хусусияти дунявии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таъмин менамояд;

-Ҳамзамон хабарнигоронро мебояд, ки бо моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма (Ӯҳдадориҳои журналист) хуб ошно бошанд. Ҳангоми омода намуданиматлаб дар мавзуъҳои динӣ бандҳои мазкури қонунро ҳамавақт пеши назар дошта бошанд:

  • пеш аз нашр маводи мусоҳибаи омодакардаашро бо сарчашмаи он мувофиқа намояд;
  • хоҳиши шахсонеро, ки ахбор додаанд, дар бораи  зикри муаллифиашон қонеъ кунонад, ба шарте ки ин хабар бори аввал интишор мешуда бошад;
  • ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва манфиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунад;
  •  воситаҳои ахбори оммаро бо мақсади   дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурӯғ, маълумотҳои тӯҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набарад.

Дигар ҳуҷҷати муҳим, ки ҳангоми матлаб омода кардан ёвари журналист шуда метавонад, ин Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон мебошад.

-Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки донишҳои ҳуқуқӣ на барои ҳама лозим аст. Агар дар бораи журналистон суҳбат кунем, ӯ бояд на танҳо аз донишҳои зарурии касбӣ, балки бояд бо донишҳои ҳуқуқӣ низ “мусаллаҳ” бошад. Вале ҳангоми пеш омадани зарурат аз муроҷиат ба коршинос ё ҳамкорон набояд сарфи назар кунад.

Мураббиёни асосии омӯзиш Раҷаб Мирзо, рӯзноманигор, коршиноси расонаӣ ва Робия Маҷидова, мураббии расонаӣ буданд. Ин ду коршинос сарчашмаҳои иттилоот барои матлабҳои мавзуоти диниро номбар карданд:

Барои рӯзноманигороне, ки дар мавзуотӣ динӣ матлаб менависанд, сарчашмаи иттилооти расмӣ – Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ҳамзамон дар кишвар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ки ин марказ ҳам чун манбаи иттилои расмӣ шуда метавонад.

Вақте рӯзноманигор матлаб омода мекунад ва ба назари коршинос ё мутахассиси соҳа ниёз дорад, дар ин ҳолат таърихнигорон, шарқшиносон, диншиносон ва исломшиносон кумак карда метавонанд. Дар фазои Тоҷикистон иттиҳодияҳои динӣ фаъолият мекунанд. Ин иттиҳодияҳо дар самтҳои гуногуни динӣ ва динҳо кор мекунанд. Инҳо ҳам манбаи иттилоъ барои рӯзноманигорон мебошанд.

Худи як шахс ҳам сарчашма барои матлаби журналистӣ мебошад. Шахсоне, ки ба ин ё он дин эътиқод доранду пайгирӣ мекунанд.

Тарҳрезӣ ва мудирияти матлаби журналистӣ: марҳилаҳои кори продюсер кадомҳоянд? – ин дигар ҷаласаи муҳими омӯзиш ба ҳисоб мерафт, ки Маҳпора Киромова, ҳамоҳангсози омӯзишҳои Интернюс дар Тоҷикистон гузаронид:

Ҷаласаи Маҳпора Киромова

Марҳилаи кори продюсер аз се қисм иборат аст: Pre-Ptoduction, Ptoduction ва post-Production. Аз ин се қисми кор, аз ҳама аҳамияти муҳим ва заруриро қисми аввал pre-Ptoduction дар бар мегирад, ки ин 50 дарсади кор аст. Пеш аз амалӣ кардани  лоиҳа, продюсер бояд донад, ки чӣ корҳоро дар кадом вақт анҷом дод. Баъдан, 15 дарсади кор дар Production ва 35 дарсади кор дар post-Production амалӣ мегардад.

Рӯзноманигор вақте дар ягон мавзуъ матлаб омода мекунад, он мавзуъро дар сатҳи мутахассиси ин ё он соҳа донад. Барои хуб омӯхтани мавзуъ бояд пажӯҳиш гузаронад. Пажӯҳиш барои аниқ кардани зовияи дурусти инъикос, тарҳрезии формати ҷолиб (формати интихобшуда бояд асоснок шавад), тартиб додани рӯйхати мувофиқи қаҳрамонҳо ва мутахассисон (мутахассис бояд таҷрибаи мувофиқ дошта бошад) кумак мерасонад.

Аз ҳама қисми муҳим ин зовияи дурусти инъикоси мавзуъро чӣ тавр  интихоб кардан аст. Ягон вақт мешавад, ки рӯзноманигор он чизе, ки мехоҳад, инъикос дода наметавонад,зеро миёни маълумотҳои зиёд раҳгум мезанад ва он чизе, ки мехост фаромӯш мекунад. Барои дуруст интихоб кардани зовия инъикоси мавзуъ ба ин саволҳо аввал худи рӯзноманигор бояд ҷавоб гӯяд:

  • Чаро маҳз ҳозир ин мавзуъ инъикос шавад? Баҳонаи хабариаш чи аст?
  • То кадом андоза ин мавзуъ ва ин зовия бозгӯйи дарди ҷомеа аст?
  • Чаро маҳз ман бояд ин матлабро омода кунам?

Ба омӯзиш 10 нафар хабарнигори расонаҳои мухталифи Тоҷикистон даъват карда шудаанд. Айни замон қисми дуюми ин омӯзиш дар шакли онлайн ҷараён дорад. Хатмкунандагони бомуваффақияти ин омӯзиш имконияти иштирок дар озмуни грантиро пайдо менамоянд, ки дар он ширкаткунандагон метавонанд барои амалӣ сохтани идеяҳои худ барои омода намудани мавод дар мавзӯи омӯзиш барои маблағгузорӣ муроҷиат намоянд. Омӯзиш дар доираи лоиҳаи SCARF – “Дастгирии фарогирӣ ва таблиғи озодии эътиқод” бо дастгирии бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *