Рўнамоии натиҷаҳои пажўҳиши истифодабарии расонаӣ ва саводнокии расонаӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ

Internews шуморо ба онлайн – рўнамоии натиҷаҳои баёни баҳогузории истифодабарии расонаҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват менамояд

Дар ҷараёни рўнамоӣ шумо чиро ёд мегиред?

Муаллифон натиҷаҳои асосии пажуҳиш, аз ҷумла, навъҳои иттилоот ва маълумоти бардурўғро, ки сокинони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ўзбекистон истифода мебаранд,  пешниҳод хоҳанд кард; таъсири рўйдодҳои геополитикии байналмилалӣ ва минтақавӣ ба корбарии расонаӣ, инчунин манбаъҳои алтернативии хабарҳои аз ҷониби сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ истифодашаванда.

Пажуҳиш ҳамчунин муносибати гуруҳҳоеро, ки ба рўйдодҳои баамаломада бештар бо маълумоти бардурўғ осебпазиранд, аз қабили ҷавонон, пиронсолон ва ақаллиятҳои забонӣ дошта, мавриди омўзиш қарор додаст.

Илова бар ин, рўнамоӣ тавсияҳои муфассалро барои эҷодкорони муҳтаво, созмонҳои ҷомеаи ҷаҳрвандӣ, ҳукуматҳо ва донорҳои асосии рушд дар Осиёи Марказӣ дар мавриди чӣ гуна эҷод кардани муҳтавои таъсирбахш, ки ба мухотабони ҳадафдор  мерасад, пешниҳод мекунад.  

Чӣ гуна иштирок кард?

Лутфан, таърихи рўзеро, ки барои шумо муносиб аст, ҳифз кунед:

  • Онлайн рўнамоӣ бо забони англисӣ 28-уми март соати 12:15 ба вақти Душанбе баргузор мешавад. Он дар Парлумони Аврупо доир мешавад ва дар он тавассути барномаи Webex, бо ин линк пайваст шудан мумкин аст.
  • Онлайн рўнамоӣ бо забони руссӣ  19-уми апрел соати 09:30 ба вақти  Душанбе баргузор мешавад. Барои иштирок бақайдгирии пешакӣ зарур аст, ки онро метавон бо ин линк пайгирӣ кард.

Пажуҳиш аз ҷониби Шўрои Аврупоии Ҳамсоягӣ (ENC) бо дастгирии молиявии лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда»  (REVIVE)», ки тавассути Internews амалӣ шудааст, бо дастгирии моливии Иттиҳоди Аврупо баргузор мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *