Озмуни стипендияҳо барои хатмкунандагони барномаҳои Интернюс доир ба саводнокии расонаӣ

Интернюс дар Тоҷикистон озмун барои гирифтани стипендияҳоро дар самтҳои зерин эълон менамояд:

  1. Коркарди модулҳои иловагӣ барои дастурамали таълимӣ доир ба саводнокии расонаӣ барои устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон
  2. Амалӣ намудани лоиҳаҳои инфиродӣ доир ба саводнокии расонаӣ;
  3. Навсозии тасвирҳо ва ҷадвалҳои дастурамали таълимӣ доир ба саводнокии расонаӣ барои устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон

1. Стипендияҳо барои коркарди модулҳо

Хатмкунандагони барномаҳои Internews -ро барои навиштани модулҳо барои китоби дарсии саводнокии расонаӣ барои устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон даъват мекунем.

Модулҳо оид ба тафаккури интиқодӣ, саводнокии таблиғотӣ, нақди расонаҳо ва назарияҳои дасисаҳо бояд ба забони тоҷикӣ ва русӣ навишта шаванд. Ҳамзамон барои омӯзиши онлайнӣ мутобиқ бошанд.

Ҳаҷми ҳар як модул бояд на бештар аз 10 саҳифа, бо феҳристи китобҳо ва луғат бошад. Пас аз муҳокимаи оммавӣ дар мизҳои мудаввар ва гурӯҳҳои фокусии мутахассисони соҳаи саводнокии расонаӣ барои чоп дар сомонаи “Новый репортер” пешниҳод карда мешаванд.

Шартҳои иштирок: мисолҳои таҷрибаи амалӣ дар гузаронидани омӯзишҳои саводнокии расонаӣ ва рӯйхати нашрияҳои таълимӣ.

Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо то 12 апрели соли 2021 мебошад.


2. Стипендияҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инфиродӣ

Интернюс дар Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои инфиродӣ оид ба рушди саводнокии расонаӣ то охири моҳи августи соли 2021 аз 500 то 700 доллари амрикоӣ стипендия ҷудо мекунад. Лоиҳаҳо метавонанд ба таҳияи маводҳои таълимию методӣ, омӯзишҳои кӯтоҳмуддат барои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ, гузаронидани викторинаҳо, бозиҳо, инчунин идеяҳои эҷодии шахсии худ оид ба саводнокии расонаиву рақамӣ барои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ равона карда шаванд.

Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо то 12 апрели соли 2021 мебошад.


3. Стипендияҳо барои навсозии тасвирҳо ва ҷадвалҳо

Хатмкунандагони барномаҳои саводнокии расонаии Интернюсро барои навсозии тасвирҳо ва ҷадвалҳои дастурамали таълимӣ доир ба саводнокии расонаӣ барои устодони донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки Интернюс бо забони тоҷикӣ омода кардааст, даъват мекунем. Интернюс барои лоиҳа дастгирии молиявӣ ва машваратӣ хоҳад расонид.

Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо то 12 апрели соли 2021 мебошад.


Барои иштирок дар озмун лутфан дархости онлайниро то 12 апрели соли 2021, то соати 18:00 ба вақти Душанбе пур кунед. Интернюс дархостҳоро баррасӣ мекунад ва на дертар аз 25 апрели соли 2021 қарор қабул мекунад. Ҳама довталабон дар бораи қарори ниҳоӣ тавассути суроғаи электронӣ на дертар аз 30 апрели соли 2021 огоҳ карда мешаванд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *