Internews дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) Internews дар доираи Барномаҳои расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) дар ҳамкорӣ бо Вазорати иттилоот ва рушди ҷомеаи Қазоқистон озмунро барои ВАО, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва гурӯҳҳои ташаббускор барои таҳияи лоиҳаҳои расонаӣ дар асоси додаҳои боз эълон мекунад.
Ин озмун барои кист?
Ин озмун барои ВАО, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва гуруҳҳои ташаббускори Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистон, ки мехоҳанд лоиҳаои расонаӣ дар асоси додаҳои боз таҳия кунанд, таҳия шудааст. Додаҳо маводи сӯхт барои рӯзноманигории муосир ба ҳисоб мераванд. Фаровонии додаҳои боз, қобилияти дастрас кардан ва коркарди онҳо, мутобиқгардонӣ, аёнигардонӣ(визуализация) ва ба лоиҳаи расонаии дастрас ва шавқовар табдил додани он – масъалаи шавқовар барои ҳама гуна нашрияи ВАО ё созмонҳои ғайриҳукуматӣ мебошад.
Барои иштирок дар озмун барои мо идеяи чунин лоиҳаҳои расонаӣ ва майлу рағбати редаксияҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва гурӯҳҳои ташаббускор барои коркарди минбаъдаи онҳо лозим аст. Internews ҳозир аст, ки ба амалишавии ин идеяҳо кумаки молиявӣ кунад.
Барои иштирок дар озмун чӣ лозим аст?
- Мактуби дастгирӣ аз сармуҳаррир ё соҳиби ВАО ва ё роҳбари созмони ғайриҳукуматӣ бо ибрози ҳавасмандӣ барои амалисозии минбаъдаи лоиҳаҳои расонаӣ дар асоси додаҳои боз. Агар дархост аз номи гурӯҳи ташаббускор бошад, шумо ҳамчунин бояд мактуби дастгирӣ аз редаксияи ВАО ва ё соҳиби платформаҳои интернетӣ оиди интишори маводи чунин лоиҳаҳои расонаӣ пешниҳод намоед
- Пур кардани дархости онлайнӣ.
- Фиристодани дархост ба почтаи электронии tj-info@internews.org бо зикри «Озмуни лоиҳаҳои расонаӣ дар асоси додаҳои боз».
Дар кадом муҳлат дархостҳо баррасӣ мешаванд?
Дархостҳо то 30 апрели соли 2019, то соати 18:00 бо вақти Остана қабул мешаванд. Комиссия дархостҳоро аз назар мегузаронад ва на дертар аз 6 майи соли 2019 аз интихоби худ хабар медиҳад.
Бо кадом меъёрҳо дархостҳо интихоб мешаванд?
Ҳамаи дархостҳо бодиққат баррасӣ шуда, бо назардошти меъёрҳои зерин интихоб мешаванд: идеяи ғайриоддӣ ва эҷодӣ, истифодаи ҳатмии додаҳои боз, фаҳмиши мутобиқгардонӣ ва аёнияти додаҳо ва дарки он, ки чӣ тавр аз ин лоиҳаҳои расонаӣ метавон даромад гирифт.
Минбаъд чи мешавад?
Баъди интихоби дархостҳо, гурӯҳҳои таҳиякунандагон дар охири моҳи майи соли 2019 барои омӯзиш дар доираи Innovation (and Motivation) Lab ба Остона даъват карда мешаванд. Беҳтарин лоиҳаҳои расонаӣ соҳиби грант мешаванд. Агар саволе доред, лутфан ба суроғаи электронии tj-info@internews.org муроҷиат намоед.
Ҷавобҳо якҷоя бо саволҳои матраҳшуда дар саҳифаҳои эълонҳои Internews нашр хоҳанд шуд.
Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.