Озмун барои гузаронидани Озмоишгоҳи контенти фарогир дар мавзуи рушди фаъолнокии иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон

Дар  доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP)

Агар созмони ҷамъиятии шумо барои ҷавонон асту шумо аз мушкилоти ҷавонон хабар доред ва дар командаи шумо коршиносони соҳаи рушди фаъолнокии иҷтимоии ҷавонон ҳастанд, пас мо омодаем, ки барои пиёдасозии як Озмоишгоҳи контенти фарогир ба шумо кумаки молӣ кунем.

Озмоишгоҳи контенти фарогир чист?

Ин фазоест, ки намояндагони  расонаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешсафони  ақидаву андешаҳо тарҳи чорабиниҳои расонаиеро таҳия мекунанд, ки масоили  муҳити зистро барои   ҷомеаи Тоҷикистон фаъол мегардонанд Вазифаи ташкилкунандаи  Озмоишгоҳи контенти фарогир аз чии борат хоҳад буд?

  • Таҳияи методика ва барномаи серузаи озмоишгоҳ
  • Интихоб ва даъвати гуруҳи мураббиёну муаллимон
  • Аз тариқи озмуни кушода интихоб намудани 25 нафар иштирокчиён аз шаҳрҳои мухталифи кишвар.
  • Гузаронидани Озмоишгоҳи контенти фарогир ва ҳамчунин ташкил намудани озмуни лоиҳаҳои иштирокчиёни он .

Ба ғолибони озмуни иштирокчиёни Озмоишгоҳ барои амалӣ намудани лоиҳаҳояшон  бурсия дода мешавад.

Созмонҳои ғайритиҷоратии Тоҷистон, ки дар самти кор бо ҷавонон на камтар аз панҷсол таҷрибаи корӣ доранд, созмони устуворанд, ҳайати кофии кормандон барои фаъолият доранд метавонанд дар ин озмун иштирок кунанд.

Маблағи умумии бурсия: 10 000 доллари ИМА буда, бо муодили он бо сомонӣ пардохт мешавад.  Озмоишгоҳи контенти фарогир бояд дар Душанбе то нимаи моҳи июни соли ҷорӣ баргузор карда шавад

Тартиби пешниҳоди дархост чигуна  аст?

Луфан, дархости онлайниро, дар пайванд то 30 апрели соли 2019 пур кунед.

Internews  дархостҳоро баррасӣ намуда, натиҷаи озмунро на дертар аз 7 майи соли 2019 эълон менамояд. Дархосткардагон аз натиҷаи озмун тариқи почтаи электронӣ хабардор карда мешаванд

Дархостҳо тақриз,таҳрир ва баргардонида намешаванд. Интернюс  қарори ҳакамон ва сабабҳои рад шудан ва ё дастгирӣ ёфтани ин ё он дархостро шарҳу тафсир намедиҳад. Агар дар ин мавриди саволе доред, лутфан, бо почтаи электронии TJ-info@internews.org. муроҷиат намоед. Ҷавоҳо якҷоя  бо саволҳои матраҳшуда дар шакли шарҳ дар саҳифаҳо бо эълонҳо дар сомонаи media.tj нашр хоҳанд шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *