Internews эҷодкорони муҳтаворо ба иштироки озмуни грантӣ барои тавлиди контент даъват мекунад. Ин контент ба сокинони маҳаллӣ барои беҳтар дарк кардан ва баҳо додани рӯйдодҳое, ки дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон ба вуқуъ меояд, кумак мерасонад.
Озмун дар доираи лоиҳаи «Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод» (CARAVAN), аз ҷониби Internews бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо гузаронида шуда дар Осиёи Марказӣ амалӣ мегардад.
Доварони мустақил ҳадди ақал ду дархости беҳтаринро интихоб мекунанд. Маблағи як грант барои эҷоди на камтар аз 30 воҳиди муҳтавои аслӣ дар мавзуҳои гуногун набояд аз 30 ҳазор евро боло бошад.
Internews ҳуқуқ дорад, ки маблағи грантро вобаста ба шумораи лоиҳаҳои дастгиришаванда кам намояд.
Интернюс ба ғолибони озмун барои баланд бардоштани иқтидори онҳо (иштирок дар барномаҳои менторӣ, иқоматгоҳҳои (резиденция) кӯтоҳмуддат дар форматҳои онлайн ва офлайн, тренингҳо) дастгирии коршиносии фаннӣ мерасонад. Инчунин шарикон аз коршиносони расонаӣ, аз ҷумла, таҳкими устувории молиявии онҳо дар бозор маслиҳат мегиранд.
Муҳлати амалигардонии лоиҳаҳо — то 10 моҳ, санаи пешбинишудаи оғози лоиҳа — моҳи майи соли 2025 мебошад.
Дедлайни пешниҳоди лоиҳаҳо: 31 марти соли 2025 года то 23:59 бо вақти Душанбе.
Кӣ метавонад иштирок кунад?
Дар озмун расонаҳои мустақили маҳаллӣ, студияҳои истеҳсолӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, ва дигар эҷодкорони муҳтаво (блогерон, фрилансерҳо, рӯзноманигорон ва ғайра), ки шумораи калони мухотабон (аудитория) ва фарогирии кушоди миллӣ доранд метавонанд иштирок кунанд.
Шарти муҳим: довталаб бояд тибқи қонунгузории маҳаллӣ ба қайд гирифта шуда бошад ва шахси ҳуқуқи бошад.
Мо кадом лоиҳаҳоро интихоб мекунем?
Интернюс интизори дархостҳо барои истеҳсоли муҳтавои маҳаллӣе мебошад, ки бо паҳншавии маълумоти бардурӯғ мубориза мебаранд, моҳият, ҳадафҳои онҳоро мефаҳмонад ва барои рушди тафаккури интиқодии мухотабон мусоидат мекунанд:
Руйдодҳои актуалии миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонро инъикос мекунанд;
- Равандҳои муҳими геополитикӣ, аз ҷумла ҷанг ва низоъҳо, ки ба минтақа ва кишвар таъсир мерасонад, инъикос менамояд.
- Дастгирии ғояҳои озодии баён, ҳуқуқи инсон, мушкилоти умумии занон ва дигар табақаҳои осебпазир ва дарканормонда, хусусан бо роҳи муҷовимат ба қолабҳои амиқи ҷомеаро инъикос мекунад;
- Масъалаҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим ва истифодаи захираҳои обу энергетикӣ дар минтақа;
- Мушкилоти соҳаи тандурустӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣро инъикос мекунанд;
- Навовариҳои технологӣ ва таъсири онҳо ба ҷомеа, аз ҷумла масъалаҳои амнияти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ;
- Нобаробарии иҷтимоӣ ва камбизоатӣ, инчунин тадбирҳое, ки ба кам кардани фарқият байни гурӯҳои аҳолӣ нигаронида шудаанд;
- Муҳоҷират ва ҳуқуқҳои муҳоҷирон, аз ҷумла масъалаҳои ҳамгироии онҳо ба ҷомеаи нав;
- ва дигар мавзуъҳои актуалӣ.
Масъалан, ин муҳтавое метавонанд бошад, ки дар бораи чӣ гуна иттилооти бардурӯғ ё таҳрифшуда ба шаклгирии нигоҳи ғаразнок дар бораи таърихи кишварҳо мусоидат мекунад, ба равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа таъсир мерасонад, стереотипҳои гендериро густариш медиҳад, ҳуқуқи гурӯҳҳои осебпазирро поймол мекунад ё душманӣ ва ноэътимодиро миёни мардум ба вуҷуд меорад.
Инчунин, ин метавонад маводҳое бошанд, ки устураҳои марбут ба тағйирёбии иқлимро фош карда, кӯшишҳо барои таъмини устувории экологиро ҳимоят кунад.
Гузоришҳое метавонанд бошанд, ки нақши технологияро дар ҳаёти ҷомеа ва таъсири онро ба эҷод ва паҳншавии иттилоот, аз ҷумла мушкилоти вобаста ба хабарҳои бардурӯғ ва таҳрифшуда, баррасӣ мекунанд.
Ғайр аз ин, мо маводҳоеро истиқбол мекунем, ки таъсири иттилооти бардурӯғро ба соҳаи тандурустӣ ва тиб, аз ҷумла паҳншавии маълумоти нодуруст дар бораи ваксина ва табобати бемориҳо, таҳлил ва равшан месозанд.
Муҳим аст, ки муҳтавои пешниҳодшуда ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва маълумоти ҷомеа мусоидат намуда, маърифати иттилоотии мардумро тақвият бахшад.
Лоиҳаҳо метавонанд дар жанр\формат пешниҳод шаванд:
Интернюс лоиҳаҳои пешниҳодшудаеро, ки эҷоди муҳтаво дар жанрҳо ва қолабҳои мухталиф аст, истиқбол мекунад: таҳлил, таҳқиқоти журналистӣ, дода-мақолаҳо, далелсанҷӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ, мусоҳиба, барномаҳои ток-шоу ба мавзуъҳои актуалӣ ва ғайраҳо. Ба муҳтавое, ки дар формати видео эҷод карда мешавад афзалият дода мешавад.
Марҳилаи пешниҳод ва дархост:
Иштирок дар ҷаласаи иттилоотӣ дар мавриди озмун ва тарзи пур кардани дархост ва буҷа (тафсилот дар поён).
Пур кардани шакли дархост ва буҷа ва бо бастаи пурраи ҳуҷҷатҳои лозима ба нишонии электронии TJ-Info@internews.org дар мавзӯи «CARAVAN. Озмуни эҷоди муҳтаво» на дертар аз 31 марти соли 2025 то соати 23:59 ба вақти Душанбе.
Дархостҳо бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ қабул мешаванд
Маълумоти иловагӣ:
Маблағи гарнтиро метавонед барои музди меҳнат, сафарҳои корӣ бо ҳадафи ҷамъоварии мавод, хароҷоти амалиётии марбут ба эҷоди муҳтаво ва татбиқи нақшаҳои пешбурди муҳтавои офаридашуда ва такмилдиҳии қисман таҷҳизот истифода баред.
Барои баррасӣ дархостҳо бо бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо қабул карда мешаванд (номгӯи бастаи ҳуҷҷатҳо дар шакли дархост бинед). Internews ҳуқуқ дорад дархости лоиҳаеро, ки як ё якчанд ҳуҷҷат надорад, баррасӣ накунад.
Марҳилаҳои озмун:
– Марҳилаи аввал: интихоби фаннии дархости лоиҳавӣ (мавҷуд будани бастаи пурраи ҳуҷҷатҳои ба талаботи озмун ҷавобгӯ).
– Марҳилаи дуюм: интихоби дархости лоиҳавӣ, ки бештар ба ҳадафи озмун ҷавобгӯ мебошад (листинги кӯтоҳ).
– Марҳилаи сеюм: Питчинг. Даври ниҳоии дастаҳои лоиҳавӣ (ғолибон), ки аз марҳилаи дуюми интихобӣ бо муаррифии ғояи лоиҳа гузаштаанд.
– Марҳилаи чорум: Доварони озмун ғолибон ва захирагиҳоро интихоб хоҳад кард.
Баъд аз интихоби доварон ба дастаҳои ғолиб як ҳафта муҳлат дода мешавад, то лоиҳаро мувофиқи шарҳҳои доварон такмил диҳанд, буҷаи ниҳоиро тибқи назароти ҳайати доварон тартиб дода, дигар ҳуҷҷатҳои лозимаро барои бастани шартнома ҷамъоварӣ кунанд.
Меъёрҳои интихоб:
- Таҷрибаи қаблӣ дар соҳаи истеҳсоли муҳтаво на камтар аз як сол (таҷрибаи иштирокчиёни асосии даста ба назар гирифта мешавад);
- Мавҷудияти рӯйхати корҳои анҷомдода (портфолио), аз ҷумла, таҷрибаи аъзоёни алоҳидаи даста;
- Мавҷудияти бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо (рӯйхатро дар шакли дархост пайдо кардан мумкин аст)
- Муҳим будани мавзӯъҳои пешниҳодшудаи лоиҳаи шумо ва зовияи (ракурси) нав дар инъикоси ин мавзӯъҳо;
- Мутобиқати дархости лоиҳавӣ бо мавзуъоти эъломшудаи озмун;
- Дастрасӣ ба доираи васеъи мухотабон, мавҷудияти платформаи медиаи худ ё шарикони лоиҳа бо фарогирии умумимиллӣ (таъмини баланди фарогирӣ ва паҳнкунии муҳтаво дар шабакаҳои иҷтимои);
- На камтар аз 70% муҳтавои эҷодшуда (воҳиди муҳтаво) бояд ба забони давлатӣ бошад;
- Мавҷудияти пойгоҳҳои фаннии лозима барои амалигардонии лоиҳа;
- Ризоияти аъзоёни даста барои иштироки фаъолона дар ҳама ҷамъомадҳои омӯзишӣ дар ҷаҳорчӯбаи лоиҳаи CARAVAN;
- Мавҷудияти заминаи техникии зарурӣ барои татбиқи лоиҳа;
- Риояи стандартҳои журналистикаи касбӣ ва этикаи журналисти;
- мавҷудияти бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо (рӯйхатро дар шакли дархост пайдо кардан мумкин аст);
- Мавҷудияти бақайдгирии расмии шахси ҳуқуқӣ (соҳибкори инфиродӣ, ширкати дорои масъулияти маҳдуд, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ғайра) тибқи қонунгузории маҳаллӣ;
- актуальность предлагаемых тем вашего проекта и новый ракурс в освещении этих тем;
Афзалият ба он дастаҳое дода мешавад, ки:
- Шабакаҳои фарогирии миллӣро истифода мебаранд;
- Кушиш мекунанд, ки муҳтавои эыодкардаро бо забони давлатӣ оммавӣ гардонанд;
- Дар форматҳои мухталиф муҳтаво эҷод кунанд;
- Муҳтаворо барои шабакаҳои иҷтимои таҳиява\ё мутобиқ мекунанд;
- Аз шабакаҳои гуногуни иттилоърасонӣ истифода баранд;
- Тамоюлҳои масрафи расонаҳоро дар кишвар риоя мекунанд.
Метавонед натиҷаи Пажуҳиши масрафи расонаҳо дар Осиёи Марказиро аз инҷо зеркашӣ кунед.
Ҷаласаи иттилоотӣ.
5 марти соли 2025 соати 14:00 ба вақти Душанбе Internews ҷаласаи иттилоотӣ барои Осиёи Марказӣ баргузор мекунад, ки дар он шумо метавонед дар мавриди шартҳои озмун маълумоти бештар гиред ва саволҳои худро пешниҳод кунед. Довталабон метавонанд ба ҷаласаи иттилоотӣ дар платформаи Zoom онлайн ҳамроҳ шаванд. Лутфан, барои иштирок дар ҷаласаи иттилоотӣ худро дар ин линк онлайн сабти ном кунед.
Саволҳои иловагӣ доред?
Бо мо тамос гиред! Мо ба саволҳои шумо тариқи почтаи электронии TJ-Info@internews.org бо хушнудӣ посух медиҳем. Лутфан, мавзуи мактубро «CARAVAN. Савол. Озмуни эҷоди муҳтаво – Тоҷикистон» ишора кунед.
Озмун дар доираи лоиҳаи «Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод» (CARAVAN), аз ҷониби Internews бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо гузаронида шуда дар Осиёи Марказӣ амалӣ мегардад.