Мо мехоҳем, ки расонаҳоямон оид ба доғтарин ва муҳимтарин паҳлуҳои рузгори ҷомеа бо сифати баланд, ҳирфавӣ, дар платформаҳои мухталиф, бо истифода аз фанновариҳои ҷадид ва ҷалби аудитория нақл кунанд.
Маҳз ба ҳамин хотир барномаи MediaCAMP озмуни идеяҳоро барои истеҳсоли муҳтавои (маводи) ватанӣ эълон менамояд
Ҳадафи озмун мусоидат ба истеҳсоли бештари барномаҳои хушсифати телевизионӣ, гузоришҳои махсус, филмҳои мустанад, таҳияву интишори мақолаҳои муфассал (лонгрид), достонҳои чандрасонаӣ, тадқиқоти журналистӣ ва амалисозии лоиҳаҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Дар доираи ин озмун Internews аз истеҳсоли филмҳои бадеӣ, силсилафилмҳо, роликҳои иҷтимоӣ ва наворҳои мусиқӣ пуштибонӣ НАмекунад
Дар озмун метавонанд телевизионҳои мустақил, расонаҳои интернетӣ, студияҳои истеҳсолӣ ва продюсерҳои мустақили Тоҷикистон иштирок намоянд. Мавзуи озмун озод аст. Тамоми лоиҳаҳо бояд дар фосилаи байни моҳҳои апрел – октябри соли 2019 сурат бигиранд. Ҷадвали нашри мақолаҳо ё намоиши мавод ба таври алоҳида дар шартномаи бурсия дарҷ меёбад
Озмун дар се марҳила мегузарад:
Марҳилаи I – Озмуни идеяҳо
Дар ин марҳила мо аз Шумо пур кардани дархости онлайнӣ бо тавсифи мухтасари идеяҳоятонро тақозо дорем. Дар интихоби мавзуъ озод ҳастед. Фазои тахайюл, андеша ва эҷод пешкаши шумо! Мо интизори пешниҳодоти шаклан ва мазмунан ҷолиби шумоем.
Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо – то поёни рузи 15 феврали соли 2019
Идеяҳои беҳтарин ба даври дуюми озмун мегузаранд.
Марҳилаи II – муаррифии идеяҳо
Муаллифони идеяҳои беҳтарин ба сессияи махсус – питчинг ё худ муаррифии кӯтоҳ даъват мешаванд, то дар шакли дилхоҳ дар муддати панҷ дақиқа тавонанд ҷавҳари мавзӯи худро муаррифӣ намоянд, аҳамият ва воқеъӣ будани иҷрои онро собит созанд.
Дар ин муаррифӣ шумо бояд дидгоҳатонро дар бораи масъалаҳои зерин баён намед:
- ҷузъиёти раванди истеҳсоли мавод;
- буҷети лоиҳа;
- маҳсулоти ниҳоӣ.
Пас аз муаррифӣ, ба хотири равшанӣ андохтан ба ҷузъиёт ва такмил додани идеяи лоиҳаҳо, аъзои коммисия метавонанд саволҳо ва тавсияҳо диҳанд.
Марҳилаи II – Озмун барои дарёфти бурсияҳо барои истеҳсоли мавод
Ба муаллифони идеяҳои беҳтарин барои таҳияи лоиҳаи мукаммал, сохтани буҷет ва омода намудани санадҳои зарурӣ барои гирифтани бурсия 3 ҳафта муҳлат дода мешавад. Идеяи лоиҳа ва ҳамчунин пешниҳоди мукаммали матни лоиҳаро метавон чӣ ба зобони русӣ ва чӣ ба забони тоҷикӣ пешниҳод намуд.
Тасмими ниҳоӣ дар мавриди маблағгузории бурсияи маводҳо аз ҷониби коммисияи озмун дар асоси критерияҳои зерин гирифта мешавад: асолати идея, истифодаи абзорҳои чандрасонаӣ, дарки аудиторияи ҳадафманд ва ҷалби он, таҷрибаи собиқа ва буҷети одилона.
Тамоми лоиҳаҳо таҳти муҷаввизи кушода бояд истеҳсол шаванд ва дар сурати зарурат барои табодул дастрас бошанд.
Барномаи MediaCAMP ба рушди дастрасӣ ба иттилооти босифат, муътамад ва ботавозун барои шаҳрвандони Тоҷикистон равона шудааст.
Дар ҳолати зарурӣ мо аз шумо иттилооти иловагӣ дархост хоҳем кард. Агар саволе доред, лутфан ба суроғаи электронии TJ-info@internews.org. муроҷиат намоед.
Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи расонаии Осиёи Миёна – MediaCAMP бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад. Маълумоти муфассал оид ба MediaCAMP-ро метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews: дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.