Озмун : беҳтар намудани муҳити ҳуқуқии расонаҳо дар Тоҷикистон

Internews дар Тоҷикистон дар чаҳорчубаи барномаи  MediaCAMP  озмуни бурсияҳоро эълон менамояд.

Мо мехоҳем, ки расонаҳо дар Тоҷикистон дар муҳити ҳуқуқии амн фаъолият намоянд, маводу мақолаҳои муфиду муҳим таҳия намоянд, то ки бинанда ва хонанда бо камоли майл саҳифаҳои интернетиро бикушояд ва ё телевизионро тамошо кунад.

Аз ин хотир Internews барои созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки дар самти дифоъ аз озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоот на каматар аз се сол таҷрибаи корӣ доранд, озмуни бурсияҳоро эълон менамояд

Пешниҳод ва таҷриба доред? Пас озмуни мо барои шумост!

  Ба коршарикон амалӣ кардани корҳои зер пешниҳод мешавад:

  • Гузаронидани  пурсиш дар байни  иттиҳодияҳои ҳирфавии Тоҷикистон ва ошкор намудани мушкилот ва ҷараёнҳои асосии танзими фаъолияти расонаҳо  ва меъёрҳои ҳуқуқӣ барои такмили қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ;
  • Омода  намудани таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба расонаҳо ва фаъолияти рақамӣ дар муқоиса бо меъёрҳои байналхалқии озодии сухан ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқи расонаӣ;
  • Таҳияи тавсияҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ барои такмили санадҳои ҳуқуқӣ ва зерҳуқуқӣ ва пешниҳоди онҳо ба муҳити ҳуқуқии Тоҷикистон  ;
  • Ташкил намудани семинар барои ҳуқуқшиносоне, ки дар самти мониторинг ва таҳлили муҳити ҳуқуқии расонаҳо фаъолият доранд.
  • Ироаи доимии кумакҳои машваратӣ ба рӯзноманигорон ва идораи расонаҳо роҷеъ ба ҳимояи ҳуқуқ барои дастрасӣ ба иттилоот ва паҳн намудани он..

 Дархостро чӣ гуна бояд дод?

 Қолабҳои дархости лоиҳавӣ ва буҷети лоиҳаро метавонед аз ин пайванд пайдо кунед. Пас аз пур намудани он бо суроғаи: TJ-info@internews.com то 06 феврали соли 2019 , то 18 00. бифиристед

Ба шурои коршиносон оид ба интихоби ғолибон мутахассисони маҳалӣ ва байналхалқиии мустақил дар соҳаи ҳуқуқҳои расонаӣ шомиланд. Мо барои дастгирии лоиҳаҳо то 11 феврали соли 2019 тасмим хоҳем гирифт. Ғолибон  тавассути  почтаи электронӣ на дертар аз 12 феврали соли 2019 хабардор мешаванд.

Дар ҳолати зарурӣ мо бо ҳар як дархостдиҳанда пеш аз гирифтани тасмим мулоқот мекунем ва ё аз онҳо маълумоти иловагӣ талаб менамоем. Дархостҳо тафсир ва баргардонда намешаванд. Агар саволе доред, лутфан, бо телефони : (+992) 935445678 ё почтаи электронии akadirov@internews.org. муроҷиат намоед

Лоиҳа дар чаҳорчубаи Барномаи расонаии Осиёи Миёна –MediaCAMP бо кумаки Агентии ИМА оид ба рушдаи байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад. Маълумоти муфассалро оид ба барномаи MediaCAMP метавонед аз ин ҷо пайдо кунед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *