Интернюс дар Тоҷикистон, дар доираи барномаи MediaCAMP, ҷустуҷӯи шариконро барои таъсиси акселератор барои расонаҳо эълон мекунад. Мӯҳлати охири қабули дархостҳо то 20 январи соли 2020 аст.
MEDIA ACCELERATOR – ин майдони онлайнии таълим барои форматҳои нави расонаҳо ва расонаҳо барои ҷавонон мебошад. Иштирокчиёни он 6 нашрия хоҳанд буд, 3 нашрия аз Қазоқистон ва 3 нашрия аз Тоҷикистон. Дастаҳо дар асоси озмуни кушода, ки Интернюс баргузор мекунад, интихоб мешаванд.
Барномаи акселератор бояд дар муддати 8 моҳ иҷро шуда (аз феврал то сентябри соли 2020) , марҳилаҳои зеринро дар бар гирад:
- омӯзонидани банақшагирии контент барои иштирокчиён, устувории молиявӣ ва рушди стратегӣ дар тӯли 4 моҳ. Машғулиятҳо бояд ҳар ҳафта гузаронида шуда вазифаҳои хонагӣ ва тафтиши онҳоро дар бар гиранд.
- гузаронидани озмуни дохилӣ ва аз миёни иштирокчиён интихоб намудани яктои ғолиб дар Қазоқистон ва Тоҷикистон.
- дастгирии ментории нашрияи ғолиб дар давоми 4 моҳ.
Дар ин марҳила Интернюс ба ғолибон грантҳоро барои рушд пешкаш мекунад.
Барои шарикӣ ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва тиҷоратии расонаӣ, ки дар соҳаи таълими мутахассисони ВАО таҷриба доранд, даъват мешаванд.
Довталаб бояд:
- барномаи омӯзишии пешакӣ;
- миқдори машғулиятҳои омӯзишӣ ва формати онҳо;
- рӯйхати тренерон бо тавсифи салоҳият ва таҷрибаашон;
- методологияи таълим ва менторинг;
- формати мушоияти менторӣ пас аз омӯзиш ва;
- буҷети пешакии акселератори расонаиро дошта бошад
Интихоби ғолибон дар ду марҳила баргузор мешавад:
- баҳодиҳии зарфияти довталабон ва муайян намудани рӯйхати мухтасари довталабон.
- гуфтушунид бо довталабон дар бораи мундариҷа ва буҷаи дархост.
Мӯҳлати охирини қабули дархост 20 январи соли 2020 аст.
Интернюс қарори ниҳоиро то 1 феврали соли 2020 қабул хоҳад кард.
Барои дархост додан, лутфан, формаи онлайниро пур кунед.
Дар ҳолати зарурӣ, мо маълумоти иловагиро дархост хоҳем кард.
Барои дарёфти ҳама саволҳо, лутфан, ба почтаи электронии tj-info@internews.org муроҷиат кунед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.