Озмун барои таъсис ва дастгирии платформаҳои додаҳои боз барои рузноманигорон дар Қазоқистон ва Тоҷикистон

Додаҳои боз (маълумоти кушода) зерасоси ташаккули ҷомеаи муосири иттилоотӣ, иқтисоди дониш, ҳукумати шаффоф ва ҳисоботпазиранд. Қазоқистон ва Тоҷикистон ислоҳоти зиддикоррупсионӣ ва ислоҳот дар соҳаи идоракунии давлатиро фаъолона татбиқ мекунанд, ки ба рушди самараноки иртибот байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеа, расонаҳо ва фаъолони шаҳрвандӣ  равона шудаанд;  принсипҳои ҳукумати кушодаро амалӣ мегардонанд. Дастрасӣ ба додаҳои боз  барои  татбиқи ҳуқуқи озодона гирифтан ва паҳн кардани иттилоот кӯмакамон мерасонад.

Намояндагии Интернюс дар Қазоқистон дар доираи барномаи MediaCAMP барои таъсис ва дастгирии платформаҳои додаҳои боз барои рӯзноманигорони Қазоқистон ва Тоҷикистон озмун эълон мекунад

Барои иштирок дар озмун ташкилотҳои тиҷоратию ғайритиҷоратие даъват мешаванд, ки дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, кишварҳои Балтика, Тоҷикистон ё Қазоқистон фаъолият доранд. Иштирокчиёни эҳтимолӣ бояд:

– таҷрибаи муваффақ дар ташкили платформаҳои шабеҳ ва дастгирии техникии онҳо, таҳия ва тарғиби онҳо дар муҳити расонаӣ;  

– тавсияҳо ва мактубҳои тасдиқкунанда оид ба таҷрибаи кор бо расонаҳо ва ассотсиатсияҳои касбӣ дар Аврупои Шарқӣ ва кишварҳои Балтикаро дошта бошанд.

Талабот барои иҷрокунандагони эҳтимолӣ:

– Омӯхтани    додаҳои боз дар Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки дар манбаъҳои кушода ҷой дода шудаанд ва аҳамияти онҳо дар кори журналистон;

– Сохтан ва фаъол намубани веб-платформа бо низоми ҷустуҷӯйӣ  ва таъмини  дастгирии техникии он;

– Омода намудани шарҳи видеоӣ оид ба истифодаи  имкониятҳои платформа.

Ин корҳо бояд дар тӯли 6 моҳ аз рӯзи бастани шартнома ба анҷом расанд.

Чи тавр дар озмун бояд иштирок кард?

 Иҷрокунандагони эҳтимолӣ бояд пешниҳоди тиҷоратӣ,марҳилаҳои кор, параметрҳои техникии система, маълумот дар бораи дастгирии минбаъда ва пешбурди платформа дар байни рӯзноманигорони Қазоқистон ва Тоҷикистон ; буҷет ва тафсилоти он, ҷадвали кор, хулосаҳои коршиносони асосӣ, нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба он марбутро пешниҳод намоянд.

Бастаи ҳуҷҷатҳо бояд ба суроғаи kz-info@internews.org то 24 ноябри соли 2019, то  соати 24   ба вақти шаҳри Душанбе фиристода шавад.

Дар ҳолатҳои  зарурӣ, Интернюс метавонад маълумоти иловагӣ талаб кунад.

Дар мавриди  тамоми масоил, лутфан  бо сураоғаи: kz-info@internews.org тамос бигиред.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *