Интернюс дар доираи барномаи MediaCAMP, ташкилотҳои расонаии Қазоқистон ва Тоҷикистонро барои рушди шабакаи мухбирони ғайриштатӣ даъват менамояд.
Мо шаш созмони расонаиро дар ҳар ду кишвар дар эҷоди шабакаи минтақавии мухбиронашон дастгирӣ хоҳем кард
Шумо чӣ ба даст меоваред?
• Дастгирии молиявии ҳамоҳангсози шабакаи журналистони шаҳрвандӣ.
• Грант барои пардохти маблағи ҳаққулқалами иштирокчиёни шабака дар марҳилаи аввал.
• Машваратҳои фосилавӣ барои ҳамоҳангсозони шабакаҳои сохташуда.
Дар озмун расонаҳои ғайридавлатӣ аз Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.
Ибрози фикру андешаҳои иштирокчиёни лоиҳа дар соли 2019:
Дмитрий Ким, newtimes.kz:
– Мо як редаксия хурд дорем ва барои мо одамон даркоранд, одамон дар минтақаҳо, мухбирони ғайриштатӣ-стрингерҳо. Мо боварӣ дорем, ки муаллифон ҳарчи бештар бошанд, ҳамон қадар шаклу мавзӯъҳо ва маводи мо гуногунтар мешаванд;
Салимҷон Саидов, Радиои Пайванд:
«Бачаҳо аз мо дида хубтар медонанд, ки дар минтақаи онҳо кадом ҳодисаҳо рух медиҳанд, зеро онҳо дар он ҷо зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ метавонанд ба мо воқеан маълумоти муфид ва арзишмандро расонанд.
Шумо метавонед маълумоти бештарро дар бораи лоиҳа тариқи пайванд дар ҳамин ҷо бихонед.
Чӣ гуна бояд дархост пешниҳод кард?
1. Мактуби асоснок бинависед ва посух диҳед, ки чаро расонаи шумо бояд иштирокчии лоиҳаи «Журналистони шаҳрвандӣ» шавад.
2. Формаи онлайниро то 8 декабри соли 2019 ,то соати 24 ба вақти Душанбе пур кунед.
Internews на дертар аз 12 декабри соли 2019 қарор қабул мекунад ва довталабон дар бораи натиҷаҳо на дертар аз 15 декабри соли 2019 тавассути почтаи электронӣ огоҳ карда мешаванд.
Барои ҷавоб баҳама саволҳо, лутфан, бо нишониҳои зер тамос гиред:
Қазоқистон: kz-info@internews.org
Тоҷикистон: tj-info@internews.org
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.