Мо барои амалӣ кардани фаъолият оид ба таҳкими суботи молиявии расонаҳо озмуни кушоди интихоби шариконро тавассути рушди ҳамкорӣ ва истифодаи муштараки манобеъ бо хушҳолӣ эълон мекунем.
Дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосие, ки ҳангоми арзёбии пешакии эҳтиёҷоти расонаҳои маҳаллӣ муайян карда шудаанд, пойдории молиявӣ мебошад. Мо нақша дорем, ки дар ин самт бо ҷалби ассотсиатсияҳои касбии маҳаллӣ ва гурӯҳҳои ташаббускор кӯшишҳоро муттаҳид сохта кор кунем.
Дар озмун кӣ ва аз рӯйи кадом талаботҳо ширкат карда метавонад:
- Ассотсиатсияҳои расонаӣ ё гурӯҳҳои ташаббускоре, ки на камтар аз панҷ кас иборатанд;
- Дар сурате, ки ин як гурӯҳи ташаббускори расонаӣ аст, бояд байни аъзоёни он Ёддошти тафоҳум,ки ҳадафу мақсадҳои умумӣ дорад имзо шуда бошад;
- Бояд стратегияи мушаххас барои тавсеаи ташкилотҳои вобаста вуҷуд дошта бошад;
Мо ба шарикон пешниҳод мекунем, ки ба мавзуъҳои зерин диққат диҳанд:
- Рушди тиҷорат ва давомнокии он;
- Бозорёбӣ (маркетинг) ва таблиғ;
- Равишҳои ҷадиди ҷалби маблағ барои нашрияҳо;
- Лоиҳаҳои махсус ва ҷамъоварии маблағ;
- Абзорҳо ва усулҳои ҷамъоварии маблағ;
- Ташвиқи масъулияти иҷтимоии корпоративӣ;
- Шаклҳои ҷадиди таблиғ дар Тоҷикистон;
- Рушди робитаҳои касбӣ дар байни расонаҳо, ташкили ҷомеаҳои устувори ВАО барои ҳимояи манфиатҳояшон ва баланд бардоштани рақобатпазирии ВАО.
Ҳакамон пешниҳодҳоро аз рӯйи чунин меъёрҳо арзёбӣ мекунанд:
- Мутобиқати ғояи лоиҳа ба ниёзҳои муайяншуда;
- Мавҷудияти тарҳе барои паҳн кардани маълумот дар бораи фаъолиятҳои барномарезӣ шуда, дар шабакаи Интернет ва бо равишҳои дигар барои огаҳии теъдоди бештарини ширкаткунандагони эҳтимолӣ;
- Пӯшиши густурда, асолат ва тозагии иҷро;
- Хароҷоти воқеӣ ва замони иҷрои лоиҳа;
- Андозагирии натиҷаҳо, нишондиҳандаҳои мулоҳизашудаи натоиҷи эълоншуда;
- Самараи ҳадди аксар, устувории натиҷаҳои бадастомада.
Ғолибон тавассути суроғаи электронӣ огоҳ карда мешаванд.
Барои ширкат дар озмун то охири рӯзи 31 уми марти соли 2021, дархостро пур ва буҷетро омода карда ба суроғаи электронии TJ-info@internews.org фиристед. ТАМДИД ГАРДИД: муҳлати қабули дархостҳо то 12 апрел соли 2021 тамдид карда шуд.
Барои ҳамаи саволҳо лутфан бо суроғаи TJ-info@internews.org тамос бигиред.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.