Озмун барои дастаҳои байнидавлатӣ барои ба даст овардани лоиҳаи истеҳсоли муҳтаво

Internews дастаҳои байнидавлатиро барои иштирок дар озмуни лоиҳавӣ барои истеҳсоли муҳтаво дар мавзуъҳои мубрам барои Осиёи Марказӣ, ки ба ҳамкориҳои минтақа мусоидат мекунад, даъват менамояд. Озмун дар доираи лоиҳаи минтақавии «Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод (CARAVAN)» , аз ҷониби Internews бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо гузаронида мешавад. Лоиҳа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 1 апрели соли 2024 амалӣ мешавад.

Ҳайати доварони мустақил нуҳ дархости беҳтаринро (аз ҳар кишвари Осиёи Марказӣ тақрибан ду-cетоӣ) ҳар кадоме бо буҷаи то 10 ҳазор евро интихоб мекунанд.

Internews ба ғолибон имкон фароҳам меорад, то дар тренингҳо, вебинарҳо, барномаҳои менторӣ ширкат варзида, инчунин аз коршиносони расонаӣ барои беҳтар кардани муҳтаво машварат гиранд.

Муҳлати амалигардонии лоиҳаҳо — то 11 моҳ, санаи пешбинишудаи оғози лоиҳа — 1 августи соли 2024 мебошад.

Кӣ метавонад иштирок намояд?

Дар озмун расонаҳои мустақили маҳаллӣ, студияҳои истеҳсолӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, Созмонҳои ҷомеи шаҳрвандӣ (СҶШ) ва дигар эҷодкорони муҳтаво (болгерон, фрилансерҳо, рӯзноманигорон ва ғайра) иштирок карда метавонанд.

Шартҳои муҳим:1) довталаб бояд тибқи қонунгузории маҳаллӣ (ба истиснои довталабони Ӯзбекистон, ки маблағгузорӣ дар шакли бурсия ҷудо мешавад); довталаб бояд ариза пешниҳод кунад ва лоиҳаро якҷоя бо як ё якчанд шарикон аз дигар кишварҳои ОМ амалӣ созад.

Мо кадом лоиҳаҳоро интихоб мекунем?

Мо интизор дорем, ки муҳтавои дар доираи лоиҳа тавлидшуда дастрасии сокинони Осиёи Марказиро ба иттилооти иҷтимоии муҳим беҳбуд мебахшад, таҳлили иттилооти масрафшударо осон мекунад ва ба шаҳрвандон дар қабули қарорҳои оқилона барои беҳтар кардани сифати зиндагии худ кӯмак мерасонад, инчунин;

  • Рӯйдодҳо ва равандҳои ҷорӣ дар умум ба минтақа ва хусусан ҳар як кишвар таъсир мерасонанд;
  • Бар зидди маълумоти бардурӯғ ва қалбакӣ мубориза мебарад, моҳият ва ҳадафҳои онҳоро мефаҳмонад.
  • Бар зидди сухани танаффуромез ва барангехтани адоват  байни гуруҳҳои мухталафи иҷтимоӣ муқобилият мекунад.
  • Имкониятҳои ҳамгироии  минтақавии иқтисодӣ-тиҷоратӣ барои ворид шудан ба бозори ҷаҳониро инъикос мекунад;
  • Мавзуъи муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба аҳолии ОМ, махсусан ба занону духтаронро ошкор мекунад;
  • Мавзуъҳои муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва истифодаи манбаъҳои об дар минтақаро фаро мегирад.
  • Равандҳои муҳими геополитикӣ, аз ҷумла ҷанг ва низоъҳо, ки ба минтақа ва кишвар таъсир мерасонад, инъикос менамояд.  
  • Ғояҳои ташаккул ва истиқрори сулҳ ва рушди таҳаммулпазириро дар ОМ тақвият мебахшад.
  • Гуфтугӯи байни мухотабони мухталифро ривоҷ медиҳад ва дар пайдо кардани заминаҳои муштарак ва роҳҳи ҳалли мушкилот дар ин ҷомеъаро кумак мекунад.
  • Мубоҳисаҳо дар хусуси арзишҳои муштараки минтақа, ҳуқуқ ва имконоти ҷалби фаъолияти шаҳрвандӣ миёни аҳолиро густариш медиҳад. 
  • Мушкилоти умумии занон ва дигар табақаҳои осебпазир, аз ҷумла, қолабҳои амиқи ҷомеа ва мубориза ба ин қолабҳоро инъикос мекунад.

Лоиҳаҳо метавонанд дар жанр\формат пешниҳод шавад:

Мо аз лоиҳаҳои пешниҳодшудаи байнидавлатӣ, ки эҷоди муҳтаво дар жанрҳо ва қолабҳои мухталиф аст, истиқбол мекунем: таҳлил, таҳқиқоти журналистӣ, интишорот ва истифодаи додаҳои бузург, гузоришҳои тӯлонӣ, гузоришҳои вижа, мустанад, муҳтавои ҳунарӣ (филмҳои кӯтоҳмуддати бадеӣ, видеоҳои иҷтимоӣ),  достонҳо, далелсанҷӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ, мусоҳиба, барномаҳои гуфтугӯӣ ва ғайраҳо.

Марҳилаи пешниҳод ва дархост:

  1. Дарёфти шарик(он)и эҳтимолӣ аз дигар кишвар\кишварҳои ОМ барои иштирок дар озмун, ғояҳоро баррасӣ ва тартиб додани пешниҳоди лоиҳа.
  2. Иштирок дар ҷаласаи иттилоотӣ дар мавриди озмун ва тарзи пур кардани дархост ва буҷа (ҷузъиёт дар поён).
  3. Пур кардани шакли дархост ва буҷа ва бо ҳуҷҷатҳои лозима ба нишонии электронии  Central-Asia-Applications@internews.org дар мавзӯи “Озмуни лоиҳаҳои байнидавлатӣ” то 30 июни соли 2024 то соати 23:59 ба вақти Алмаато фиристед.
  4. Дархост бо забонҳои русӣ ва англесӣ қабул карда мешаванд.

Маълумоти иловагӣ:

Маблағи лоиҳаро метавон барои музди меҳнат, сафарҳои корӣ, хароҷоти  амалиётии марбут ба  эҷоди муҳтаво ва татбиқи нақшаҳои пешбурди муҳтавои офаридашуда, нармафзор ва таҳияи веб ва такмилдиҳии қисман таҷҳизот истифода кард.

Барои баррасӣ дархостҳо бо бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо қабул карда мешаванд (ба номгӯи бастаи ҳуҷҷатҳо дар шакли дархост нигаред). Internews ҳуқуқ дорад дархости лоиҳаеро, ки як ё якчанд ҳуҷҷат надорад, баррасӣ накунад.

Марҳилаҳои озмун:

Марҳилаи аввал: Интихоби техникии дархости лоиҳавӣ (мавҷуд будани бастаи пурраи ҳуҷҷатҳои ба талаботи озмун ҷавобгӯ).

Марҳилаи дуюм: Интихоби дархости лоиҳавӣ, ки бештар ба ҳадафи озмун ҷавобгӯ мебошад (листинги кӯтоҳ).

Марҳилаи сеюм: Даври ниҳоии дастаҳои лоиҳавӣ (ғолибон), ки аз марҳилаи дуюми интихобӣ бо муаррифии ғояи лоиҳа гузаштаанд. 

Марҳилаи чорум: Эълони дастаҳои ғолиб аз рӯи натиҷаҳои ниҳоӣ. Доварони озмун ғолибон ва захираҳоро мушаххас хоҳад кард.

Натоиҷи озмун:

Рӯйхати ғолибони озмун моҳи июни соли 2024 нашр мешавад. Ба дастаҳои ғолиб як ҳафта муҳлат дода мешавад, то лоиҳаро анҷом диҳанд, буҷаи ниҳоиро тибқи назароти ҳайати доварон тартиб дода, ҳуҷҷатҳои лозимаро барои бастани шартнома ҷамъоварӣ кунанд. Амалисозии лоиҳаи дастаҳо пас аз бастани шартнома оғоз хоҳад шуд.

Меъёрҳои интихоб:

  • Мавҷудияти бақайдгирии расмии шахси ҳуқуқӣ (соҳибкори инфиродӣ, ширкати дорои масъулияти маҳдуд, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ғайра) тибқи қонунгузории маҳаллӣ дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (бо истиснои довталабони Ӯзбекистон);
  • Таҷрибаи қаблии дар соҳаи истеҳсоли муҳтаво на камтар аз як сол;
  • Мавҷудияти рӯйхати корҳои анҷомдода, аз ҷумла, таҷрибаи аъзоёни алоҳидаи даста;
  • Мавҷудияти бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо (рӯйхатро дар шакли ариза пайдо кардан мумкин аст)
  • Беҳамтоӣ, асолат, халоқият ва навоварии ғоя.
  • Мутобиқати дархости лоиҳавӣ бо мавзуъоти эъломшудаи озмун;
  • Дастрасӣ ба доираи васеъи мухотабон (нашри муҳтаво);
  • Мавҷудияти пойгоҳҳои техникии лозима барои амалигардонии лоиҳа;
  • Ризоияти аъзоёни даста барои иштироки фаъолона дар ҳама ҷамъомадҳои омӯзишӣ дар ҷаҳорчӯбаи лоиҳаи CARAVAN;
  • Уҳдадорӣ ба меъёрҳои ҳирфаӣ ва ахлоқии рӯзноманигории бокайфият.

Афзалият ба он дастаҳое дода мешавад, ки:

  • дар форматҳои мухталиф  муҳтаво эҷод кунанд;
  • аз шабакаҳои гуногуни иттилоърасонӣ истифода баранд;
  • таҳия ва\ё мутобиқ кардани муҳтаво ба забонҳои маҳаллӣ
  • дорои таҷрибаи собитшудаи дар татбиқ\ё иштирок дар лоиҳаҳои байнидавлатӣ

Ҷаласаи иттилоотӣ:

5 июни соли 2024 соати 15.00 ба вақти Алмаато Internews ҷаласаи иттиоотӣ баргузор мекунад, ки дар он шумо метавонед дар мавриди шартҳои озмун маълумоти бештар гиред ва саволҳои худро пешниҳод кунед. Довталабон метавонанд ба ҷаласаи иттилоотӣ дар платформаи Zoom онлайн ҳамроҳ шаванд. Лутфан, барои иштирок дар ҷаласаи иттилоотӣ худро дар ин пайванд  онлайн сабти ном кунед.

Дастгирии Internews барои дастаҳои лоиҳавӣ ҳангоми татбиқи лоиҳа:

Ғолибони озмун имкон доранд дар вебинарҳо, тренингҳо иштирок намоянд, инчунин дастгирии мураббигӣ  дарёфт мекунанд.  Омӯзиш ба баланд бардоштани малака ва дониш дар соҳаҳои калидӣ, аз қабили сиёсати таҳрриркунӣ, далелсанҷӣ, таҳлили додаҳо, достонҳои рақамии мултимедиявӣ, меъёрҳои ахлоқӣ, ҳамчунин саводнокии рақами ва ҳуқуқӣ ва амнияти фардӣ равона хоҳад шуд. Вобаста ба талаботи шарикон омӯзиш инчунин таҳияи стратегияҳои нашри муҳтаво ва нақша-тиҷоратро дар бар мегирад, ки ба диверсификатсияи манбаҳои даромад нигаронида шудаанд.

Саволҳои иловагӣ доред?

Бо мо тамос гиред! Мо ба саволҳои шумо тариқи почтаи электронии Central-Asia-Applications@internews.org посух медиҳем. Лутфан, мавзуи мактубро “Ба озмуни лоиҳаи байнидавлатҳо” ишора кунед.

Озмуни грантӣ дар доираи лоиҳаи минтақавии «Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод (CARAVAN)» бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо гузаронида мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *